ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИАБЕТИ ҚАНД. ОН ТАБОБАТШАВАНДА АСТ, АГАР...

ДИАБЕТИ ҚАНД. ОН ТАБОБАТШАВАНДА АСТ, АГАР...

29 феврал 2024, Панҷшанбе
37
0

 
24-уми январ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз зиёд шудани шумораи гирифторони диабети қанд ва афзоиши фавт аз ин беморӣ изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи беморони диабети қанд рӯ ба афзоиш буда, дар соли 2023-юм 10 ҳазору 674 нафар бори аввал ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 6950 нафар ё 65 фоиз зиёд мебошад. Имрӯз дар кишвар шумораи беморони диабети қанд қариб ба 65 ҳазор нафар расида, фавт аз ин беморӣ дар соли 2023 ба 787 нафар баробар гардидааст. Бинобар ин, муовини Сарвазири кишвар ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти дарёфт намудани маблағҳои мақсаднок барои бо инсулин пурра таъмин намудани беморони гирифтори диабети қанд ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим барои пешгирии пайдоиши ин намуди беморӣ чораҳои фаврӣ андешанд». 
Вобаста ба изҳори нигаронии Сарвари давлат мавзуъро пайгирӣ карда, доир ба ин масъала бо номзади илмҳои тиб, мудири кафедраи эндокринологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Наргис Ниязова суҳбат оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
– Воқеан, бемории диабети қанд солҳои охир тамоми оламро ба ташвиш овардааст ва онро вабои аср эълон кардаанд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, феълан дар сайёра зиёда аз 520 миллион нафар беморони диабети қанд ба қайд гирифта шуда, шумори фавт аз ин ҳисоб зиёд гаштааст. Диабети қанд бемории музмин буда, бар асари вайроншавии таъсири инсулин ба бофтаҳо, ки аломати клиникӣ ва баланд шудани сатҳи глюкоза дар хун аст, ба вуҷуд меояд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани бемории қанд, мубодилаи моддаҳо халал меёбад, ки сабаби тағйирёбиву вайроншавӣ дар рагҳои хунгард ва торҳои асаб мегардад. Сабаби афзоиши фавт аз ҳисоби ин маризӣ сари вақт муроҷиат накардани беморон ба духтур мебошад ва дар аксари вақт пас аз ташхис маълум мегардад, ки барои табобат, аллакай, дер шудааст. 
Бояд таъкид сохт, ки диабети қанд дар бисёр ҳолат бе аломат мегузарад. Яъне, он аз оғози мубтало худро нишон намедиҳад, аз ин лиҳоз, бештари одамон гумон мекунанд, ки ба дигар беморӣ гирифторанд ва ба духтурони чашму гурда, дасту пой ва ғайра муроҷиат менамоянд. Аммо, вақте ки аз ташхиси эндокринологӣ мегузаранд, дар онҳо оризаҳои бемории диабети қанд ба назар мерасад.   
Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола гирифторони ин беморӣ ба ҳадди 8-10 дарсад меафзоянд ва сабабҳои зиёдшавии касалӣ тарзи нодурусти истеъмоли хӯрок, бахусус хӯрокҳои тезтайёр, камҳаракатӣ ва фарбеҳии барзиёд мебошад. Ба ҳамин хотир, баҳри пешгирии ин беморӣ ҳар шахс бояд ҳар се моҳ аз ташхиси тиббӣ гузарад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ». 
Айни замон, дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати пешгирии бемории диабети қанд гурӯҳҳои корӣ ташкил шуда, дар якҷоягӣ бо табибони оилавӣ, барои сари вақт гузаштан аз ташхис байни мардум суҳбату вохӯриҳо гузаронда истодаем.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 29.02.2024 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив