ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҳамоиш  бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ 

Ҳамоиш  бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ 

04 март 2024, Душанбе
73
0


Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олӣ дар мавзуи «Оилаи солими бе хушунат ва пошхӯрӣ» ҳамоиш баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар ҷаласа аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони масъули Суди Олӣ ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок доштанд. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади дастгирии занону духтарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои зиёди судмандро амалӣ карданд. Шумораи вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси намояндагон 16 нафар ё 25,3 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба солҳои 2015-2020-ум  6,5 дарсад зиёд мебошад.


Мулоқоти гурӯҳҳои топографӣ  ва кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон 
ва Қирғизистон 
Аз 25-уми феврал то 3-юми марти соли ҷорӣ дар вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор гардид. 
АМИТ «Ховар» дар ин бора хабар медиҳад, ки ҷонибҳо оид ба таъини гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Дар мавриди идома додани кор тавофуқ ба даст омад. 


Густариши муносибатҳои  дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия 
1-уми март дар  ҳошияи Форуми дипломатии Анталия мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан баргузор гашт. 
Дар Вазорат ба «Ҷумҳурият» тавзеҳ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо раванди густариши муносибатҳои дуҷониба, алалхусус самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, маориф ва иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.


Ҷаласаи комиссияи муштарак доир  ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии 
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 
Самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ аз мавзуъҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти раиси Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид Абдурраҳмон ар-Решайдан қарор доштанд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот вазъи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла маблағгузории Неругоҳи барқи обии «Роғун», гардиши савдои дуҷониба, ҳамлу нақли боркашонӣ, фаъолияти ширкатҳои саудӣ дар Тоҷикистон, ташрифи соҳибкорон, муаррифии имконияти сармоягузорӣ ва таъсиси ширкатҳои саудӣ дар Тоҷикистон, матраҳ гардиданд.


Дар ВКД доир ба қонунгузории соҳа машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ барои сардорону кормандони котиботи сохторҳои Вазорат ва шахсони дорои рухсат ба сирри давлатӣ дар самти омӯзиши талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла роҳҳои беҳтар ва самарабахши таҳкими назорати соҳавӣ, роҳҳои илмиву амалии рушди техникии иттилоот, инчунин, талаботи дастурамали тадбирҳои дохилиидоравии ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар мақомоти давлатӣ ва ташкилот ва дигар чорабиниҳои гуногуни марбут ба фаъолияти корӣ баррасӣ шуданд.



ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН
Иштироки фаъолонаи ҳайатҳои ду давлат дар чорабиниҳо 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар шаҳри Теҳрон бо раиси Палатаи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон Самад Ҳасанзода мулоқот намуд. 
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, ҷалби ширкатҳову сармоягузорони эронӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Инчунин, ҷонибҳо иштироки фаъолонаи иқтисодии ду давлатро дар чорабиниҳои тиҷоративу иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Санаи нашр: 04.03.2024 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив