ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ШУРУЪ КУНЕМ?

ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ШУРУЪ КУНЕМ?

15 март 2024, Ҷумъа
40
0


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастури роҳнамоест, ки дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳамаи самтҳоро муайян месозад. Дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ кафолати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Бояд гуфт, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ - ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Маърифати баланди ҳуқуқӣ-асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти системаи ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсири мусбат дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон нақши бориз гузошта, дар он тартиботро нигоҳ медорад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Бе эҳтироми ҳуқуқи инсон таҷассуми воқеии он дар ҳаёти ҳуқуқӣ дар бораи мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд сухан гуфтан ғайриимкон буда, фаъолияти инсон, эҳтироми ҳуқуқҳои ӯ оид ба риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста аст. Муносибати дуруст ба ҳуқуқи инсон ба устуворӣ ва эътимоднокии низоми ҳуқуқӣ, таъмини бетарафӣ ва адолати судӣ мусоидат менамояд. 
Соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд, ки аз пайи омӯзиши маҳфум ва моҳияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шуда, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорем, зеро дар сурати надоштани маърифати ҳуқуқӣ инсон эҳтимол дорад, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ занад. Барои бунёди воқеии ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари андешидани дигар тадбирҳо, шаҳрвандон  бояд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои худро дар назди қонун дар сатҳи зарурӣ донанд. 
Умуман, яке аз вазифаҳои муҳим, ки дар назди мо – донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва, умуман, тамоми донишҷӯёни  ҷумҳурӣ меистад, ин хониши хубу аъло, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, рақамикунонӣ ва технологияҳои нави иттилотӣ-инниоватсионӣ, интизоми намунавӣ,  содиқ будан ба Ватани азиз ва арзишҳои он, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ватанпарастӣ ва ба ин васила сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

М. ҚОДИРИЁН, донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Санаи нашр: 15.03.2024 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив