ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАРАФШОН. СОХТМОНИ ИНШООТИ НАВ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАД

ЗАРАФШОН. СОХТМОНИ ИНШООТИ НАВ ДӮСТИИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАРРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАД

20 март 2024, Чоршанбе
8
0
Хушбахтона, солҳои охир ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвари ҳамсоя ва дӯст – Тоҷикистону Ӯзбекистон    муносибатҳои дӯстонаву ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуданд.  Сарварони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев борҳо ба кишварҳои якдигар сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом доданд. Онҳо самти нави рушди муносибатҳои дуҷонибаро муайян намуда, робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитариро ба манфиати ҳар ду кишвар таъмин намуданд. Хурсандиовар ва муҳим аст, ки зимни гуфтушунидҳо ба соҳаи рушди энергетика ҳам таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. 
Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории муваффақ доранд ва ин мавқеъро мунтазам хушранг месозанд. Натиҷаи ин буд, ки дар қатори дигар созишнома ва шартномаҳо (оид ба шарикии стратегӣ 17-уми августи соли 2018 баимзорасида) дар минтақаи Ёвони ноҳияи Айнӣ, дар дарёи Зарафшон сохтмони неругоҳи барқи обӣ  ба нақша гирифта шуда буд. Боиси ифтихор аст, ки лоиҳаи ин неругоҳ аз ҷониби мутахассисони КВДҶ Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» анҷом дода шудааст. Хушбахтона, бо фарорасии вақту соат моҳи июни соли 2023 корҳои ҷустуҷӯӣ ва пармагарӣ аз ҷониби мутахассисони ӯзбекистонӣ оғоз ёфт. Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки аз оғози корҳо мутахассисони мо аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давоми корҳои ҷустуҷӯӣ ва пармагарӣ ҳамкорӣ намуданд. Аз ин рӯ, ин иншоотро сохтмон ё НБО “Дӯстӣ” гӯем ҳам хато намешавад.   
Аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» банда ва собиқ директори НБО “Бойғозӣ” Нурмуҳаммади Холназар низ дар оғози кор иштирок доштем ва ҳангоми ҳамкорӣ бо чанде аз мутахассисони ӯзбекистонӣ дӯстии зич пайдо кардем. Дар вақти истироҳат ва хӯроки шом, ба ғайр аз масъалаҳои корӣ, дар бораи рӯзгор ва ҳаёти маданиву фарҳангӣ, дӯстии деринаи ду миллати бародар бо мисолу далелҳои таърихӣ сухан гуфта мешуд. Мо, ҳамчун ворисони Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомию Алишер Навоӣ ва Мирзо Турсунзода, бо оҳанги Борбади Марвазӣ дӯстиро ҷустуҷӯ намуда, дар мавзуи манфиати сулҳу осоиштагии кишварҳоямон суҳбат мекардем. Барои мо аз ҳама муҳим ва завқовар ин мавзуи ташвиқу тараннуми дӯстӣ буд. Бинобар ин, ба таъриху муносибатҳои дӯстона, урфу одат ва санъати қариб якхелаи ин ду халқи бародар таваҷҷуҳ намуда, доир ба муносибатҳои алломаҳои бузурги асри XIV – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ  гуфтугӯ мекардем. Дар рафти суҳбат ғазали машҳури Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро, ки дар қолаби ширу шакар ва дар вазни «Шашмақом» эҷод гардидааст, барои аҳли ин нишаст қироат намудам.
Эй лабат пурхандаву чашми сиёҳат масти хоб,
Икки зулфинг орасида ой юзинг дурр офтоб.
Мастии май мекунад рӯи туро ғарқи арақ,
Бода ичсанг тукилур икки қизил юздин гулоб.
Ҳар, ки бинад рӯи хубат, пок гардад, аз гуноҳ,
Сенга боқган бандага машҳар кунӣ йуқдур азоб.
Банда шуд Ҷомӣ ғуломат гарчи Афлотун бувад,
Асрагил, ё сақлагил, ё сот, ё бергил ҷавоб.
Бубинед, ки бузургон бо ин ғазал дар кадом сатҳ қарор доштани муносибат ва меҳру муҳаббати самимӣ ва ҷудонопазири ин ду миллати бародарро ба мо – ворисон, ҳамчун дурри қиматбаҳо боқӣ гузоштаанд.  
 
Қиёмиддини САИДХОҶА,
муҳандиси шуъбаи иншооти зеризаминӣ ва бехатарии 
техникии КВДҶ Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии “Нурофар”
Санаи нашр: 19.03.2024 №: 53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив