ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БА ВОСИТАИ НАВРӮЗ САЙЁҲОНИ БЕШТАРРО ҶАЛБ НАМУД?

БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БА ВОСИТАИ НАВРӮЗ САЙЁҲОНИ БЕШТАРРО ҶАЛБ НАМУД?

20 март 2024, Чоршанбе
11
0
Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва хоссаи мардуми тоҷик буда, метавонад бренди сайёҳии дурахшони Тоҷикистон гардад ва сайёҳони зиёдро ҷалб намояд. Имрӯзҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва фазои сулҳу субот дар кишвар Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил мегардад. Мардуми тоҷик бо эътирофи Наврӯз ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва байналмилалӣ расму оинҳои зиёдеро, ки ба он марбут аст, эҳё кард. Дар баробари таҷрибаву анъанаҳои зиёди аҷдодӣ, чорабиниҳои нав, аз қабили фестивалу карнавал, намоиши таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, баргузор мешаванд. 
Имсол, азбаски рӯзҳои 21 ва 22-юми март дар пойтахт боридани борони шадид дар назар дошта шудааст, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаҳои фарҳангии наврӯзии ноҳияҳои пойтахтро дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба рӯзи 23-юми март мавқуф гузоштааст. Инчунин, «Карнавали наврӯзӣ» 24-уми март  дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе, нимаи дуюми рӯз баргузор мешавад.
Мавриди зикр аст, ки маҳз бо ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни қадимаи Наврӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбари он аст, аз нав эҳёву ҷаҳонӣ гардид. Боиси хушнудист, ки имрӯз ин Ҷашни бостонии анъанавии халқи моро намояндагони зиёди ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ ва бо истиқболи хосса ҷашн мегиранд. Тавре маълум аст, моҳи марти соли 2010 бо қабули қатънома аз ҷониби СММ Наврӯз Ҷашни байналмилалӣ эълон  шуд. Аз ҷониби СММ эътироф шудани Наврӯз ба унвони Ҷашни байналмилалӣ гувоҳи он аст, ки  сокинони сайёра ин Ҷашни фарҳангию башардӯстонаро ҳамчун рамзи зебоӣ ва бедории табиат гиромӣ медоранд. Наврӯз, ҳамчунин, чанде пеш ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардид.  
Бояд гуфт, ки аксари кишварҳои ҷаҳон анъанаҳои миллӣ ва ҷашнҳояшонро барои ташаккули бренди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон истифода мебаранд. Мисоли равшани он карнавал дар Рио-де-Жанейро, ҷашнвораи бостонии ҳиндуҳо – Холи, фестивали гулҳо дар Багио ва дигар иду ҷашнвораҳо мебошанд, ки ҳамасола миллионҳо сайёҳонро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб менамоянд. Агар жарфтар назар афканем, сайёҳии карнавалӣ ба падидаи асри XXI табдил ёфтааст. Агар қаблан ин чорабинӣ ба гурӯҳи муайяни одамон дахл дошт, пас имрӯз иштирокдорони ҷашнвора миллионҳо бошандагони сайёра мебошанд. Ба ин омил, аз як тараф, дастрас гардидани навъҳои гуногуни хизматрасонӣ дар макони баргузории ҷашнвора ва, аз сӯи дигар, беҳтар гаштани ҳолати молиявии ҷаҳониён низ боис шудааст.
Чун Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад, барои сайёҳон имкониятҳои хуби истироҳату фароғати озодонаву оромона фароҳам аст. Ҳар як сайёҳ метавонад ба Тоҷикистон сафар намояд ва фазои фараҳбахшу пурфайзи Наврӯзро эҳсос кунад. 
Ба андешаи коршиносон, ҳангоми ҷашн гирифтани Наврӯз бояд хусусиятҳои минтақаҳои мамлакат ба инобат гирифта шуда, анъанаҳои хоси ин минтақаҳо нишон дода шаванд.  Яке аз рӯйдодҳои муттаҳидкунандаи чорабинии фарҳангӣ ва созанда дар ин Ҷашн метавонад карнавал бошад, ки бо мурури замон аҳамияти бештари минтақавӣ ва байналмилалӣ пайдо хоҳад кард. 
Қобили зикр аст, ки дар сатҳи баланди ташкилию мазмунӣ баргузор намудани чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва фарҳанги халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва устувор намудани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, боиси ташрифи бештари ҷаҳонгардон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 19.03.2024 №: 53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив