ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚОНУНИ МИЛЛӢ. АГАР ХОҲЕМ САТҲИ ЗИНДАГИАМОН БЕҲБУД ЁБАД...

ҚОНУНИ МИЛЛӢ. АГАР ХОҲЕМ САТҲИ ЗИНДАГИАМОН БЕҲБУД ЁБАД...

20 март 2024, Чоршанбе
11
0
Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ба хотири фаҳмондадиҳии ҳадафи асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ҳамчунин, эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ гурӯҳҳои алоҳида ташкил шуда, дар дурдасттарин ҷамоатҳо вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир менамоянд. 
Баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, пешгирӣ аз қонуншиканиву исрофкорӣ, тарғиби либосҳои бегона, шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва саҳм гузоштан дар ободии диёр, ки яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонист, ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро мебояд аз худ нақше гузорад. Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар якҷоягӣ бо муассисаҳои дахлдор, эмомхатибони масҷидҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳо доир намуда истодаанд. Бояд тазаккур дод, ки зимни баргузории мулоқот мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Қурбоналӣ Сафиев, мудири шуъбаи  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ибодулло Ғиёсов, раиси Ҳизби Халқии Демократӣ дар ноҳия Саломатшо Саъдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қайд кард, ки мо бояд суханони Роҳбари кишварро, ки ба хотири беҳгардонии сатҳи зиндагии мардум аст, нодида нагирем. Ҳар як ҳарфи зикршуда дар мулоқоти навбатӣ аз Қуръони карим буда, ҳадаф танҳо ҳидоят ба роҳи рост ва зиндагии осуда мебошад. Бояд ҳарчи зудтар пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирем. Танҳо худи мо метавонем иқтисоди зиндагиамонро боло бардорем. Тавре ки Сарвари давлат зикр карданд: «Мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд. Қонуни танзим чӣ қадар сабукӣ овард, одатҳои барои мардум мушкилро аз байн бурд, зиндагии чӣ қадар одамон беҳтар шуд».
Дар ин радиф, ситоди ноҳиявӣ кӯшиш менамояд, ки дар асоси супоришҳои раиси ноҳия аз ҳар ҷамоат фаъолону собиқадорон ва ходимони динро ба хотири возеҳ фаҳмондани масъалаҳои рӯз ҳамроҳ намуда, бештар ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, тақлид ба либосҳои бегона, фарҳанги дурусти истифодабарии телефонҳои мобилӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, сади роҳ нашудан дар идомаи таҳсили фарзандон, бахусус духтарон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, даст назадан ба исрофкорӣ ва сарфи барзиёд дар ҳоҷизиёрату ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон ва савоби ҳаҷи умра, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз роҳнамоӣ кунанд.  
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив