ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АДОЛАТ. НАҚШИ СУДҲО ДАР ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

АДОЛАТ. НАҚШИ СУДҲО ДАР ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

29 март 2024, Ҷумъа
15
0
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр бо қабули Конститутсия давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани худро эълон дошта, бо ин амал ғояи тақсими ҳокимияти давлатиро ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба ҳақиқат табдил дод. Ҳамин санади олии ҳуқуқӣ принсипи волоияти қонунро ҳамчун дастоварди арзишманди башарият эътироф намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд таъкид намуд.
Амалишавии принсипи волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар фаъолияти ҳокимияти судӣ, ҳамчун мақоми ба амалбарорандаи адолати судӣ таҷассум меёбад. Тибқи Конститутсия, аз тарафи давлат ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидааст, ки ин ба фаъолияти  ҳокимияти судӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад. Дар ҳамин ҳол, тибқи талаботи моддаи 84 Конститутсия, ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳанӯз 14 апрели соли 1997 фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонданд, ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, таъмини мустақилии ҳокимияти судӣ ва судяҳо ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ ба шумор меравад. Гузашта аз ин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, таҳти № 271, «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардида, баъд аз татбиқи муваффақонаи он боз се барномаи дигари ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардид, ки ҳар яки онҳо дар таҳкими ҳокимияти судӣ, мустақилияти судяҳо, таъмини волоияти қонун нақши муайяни худро иҷро намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз дар раванди амалисозии барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар, дар назди судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияҳои судии марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ ташкил шуда, ваколатҳои марҳалаҳои кассатсионӣ ва назоратиро бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва маданӣ мукаммал гардонда, ин марҳалаҳои судӣ қонуниву асоснок будани ҳар як санади судии судҳои марҳилаи якумро аз рӯи шикоятҳои шаҳрвандон мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Дастрасӣ ба адолати судӣ масъалаи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда буда, тибқи муқаррароти Конститутсия, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. 
Қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, маданӣ ва иқтисодӣ бошад, тартиби муроҷиат ба судҳоро ба танзим даровардааст. Мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои зикршуда ба забони давлатӣ ё забони аксари аҳолии маҳал сурат мегирад. Шахсони иштирокчии парванда, ки забони давлатиро намедонанд, ҳуқуқ доранд бо забони модариашон дар мурофиаи судӣ баёнот  ва хулоса диҳанд, баромад ва пешниҳодҳо кунанд, инчунин, аз хизмати тарҷумон истифода баранд. Хизмати тарҷумон аз ҳисоби давлат таъмин карда мешавад. Омили дигаре, ки ба дастрасӣ ба адолати судӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад ин зиёд набудани андозаи пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми муроҷиат ба судҳо мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” андозаи ниҳоят пасти боҷи давлатӣ ҳангоми муроҷиат ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, дар моддаи 5 он 21 ҳолати имтиёз оид ба озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Илова ба ин, тибқи моддаи 91 қисми 3 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд бо назардошти вазъи молу мулкии шаҳрванд метавонад ӯро аз пардохти боҷи давлатӣ озод кунад ё андозаи боҷи давлатиро кам кунад ё муҳлати пардохти боҷи давлатиро ба таъхир андозад ё ин ки ин муҳлатро ба давраҳо ҷудо намояд.
Дар охир ин нукта қобили таъкид аст, ки маҳз муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мусоидат менамояд.
 
З. Т. АМИНЗОДА, 
муовини раиси Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 29.03.2024 №: 58
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив