ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон 

Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон 

01 апрел 2024, Душанбе
6
0
Аз 24 то 29-уми март дар шаҳри Бодканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. 
Вобаста ба ин Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар додааст, ки гурӯҳҳои кории топографӣ 28,37 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.
 
 
 
Намояндаи Тоҷикистон дар иҷлосияи  Ассамблеяи парлумонии ИДМ  
29-уми март дар шаҳри Женева Ассамблеяи 148-уми парлумонии ИДМ баргузор гашт, ки дар он раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи доимии Ассамблея оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода ҳузур дошт.
Тавре ба мо дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, вакилони парлумонҳои ИДМ ва намояндагони дигар давлатҳо дар баррасӣ ва қабули ҳуҷҷати хотимавии иҷлосия, қарорҳо, маҷлисҳои комиссияҳои доимӣ ва гурӯҳҳои кории парлумони ИДМ иштирок карданд.
 
 
 
ИДМ
Ҳамоиши навбатии Шурои иқтисодӣ 
29-уми март ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ ширкат варзид. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуданд. 
 
 
 
ДУШАНБЕ 
Комиссия масъалаи даъвати баҳориро баррасӣ кард
30-юми март дар Вазорати мудофиа бо иштироки муовини Сарвазир – раиси Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Комиссия баргузор шуд.
Тавре дар Вазорати мудофиа ба «Ҷумҳурият» тавзеҳ доданд, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба даъвати баҳории соли 2024 ва тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватӣ баррасӣ гардиданд.
 
 
 
«Нақши дипломатияи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон»
Таҳти ҳамин унвон 30-юми март дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки ҳамоиш дар ҳошияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Академияи идоракунии давлатӣ доир гардид.  Дар кори он намояндагон аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва коршиносони дохиливу хориҷӣ ба таври ҳузуриву маҷозӣ иштирок намуданд.
 
 
 
Мулоқоти вакилони гурҷӣ бо кормандони ҷавони низоми хизмати дипломатӣ 
29-уми март мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ бо ҳайати Парлумони Гурҷистон таҳти роҳбарии раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Николоз Самхарадзе баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзро бо тамаркуз ба заминаи парлумонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҳошияи вохӯрӣ маърузаи вакилони гурҷӣ ба кормандони ҷавони низоми хизмати дипломатии Тоҷикистон пешниҳод гашт. 
Санаи нашр: 01.04.2024 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив