ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

03 апрел 2024, Чоршанбе
4
0


Коррупсия боз як мансабдорро ба толори суд бурд
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба А. Ҳукуматзода, мудири бахши омори ноҳияи Синои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба содир кардани ҷинояти қаллобӣ айбдор мешавад, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол шудааст.
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вобаста ба ин ҳолат чунин иттилоъ  дод: “А. Ҳукуматзода қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дидаву дониста аз он ки ваколати додани иҷозатнома барои сохтмони манзили истиқоматиро надорад, моҳи ноябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба бовари сокини шаҳри Душанбе Ҷ. Давлатов даромада, аз ӯ барои аз мақомоти дахлдори давлатӣ гирифта додани иҷозатномаи сохтмони манзили истиқоматӣ 47000 сомонӣ гирифтааст”. Вале ба манфиати Ҷ. Давлатов ягон амали муайянро анҷом надода,  бо тасарруфи ин миқдор маблағ ба ӯ зарари калони моддӣ расондааст. 
Оид ба ин ҳолат нисбат ба А. Ҳукуматзода бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ  оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз як  ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё  маҳрум  сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад. 


Симтӯре, ки дасти рафоқати ҳамсояҳоро аз ҳам бурид
Бархӯрд ё моҷарои ду ҳамсоя дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маҷруҳу бистарии беморхона гаштани яке ва оғози парвандаи ҷиноятӣ анҷом ёфт.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода, меафзояд, ки ҷанҷоли ҳамсояҳо бар сари замину боғ ва девори симтӯрӣ ба миён омадааст. Дар натиҷа, марди 53-солаи сокини ҳамин ноҳия ба  ҳамсояи 35-солааш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонд, ки бар асари он ҷабрдида дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Дар робита ба ин ҳодиса, марди 53-сола бо гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуда, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив