ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАХУСТИН РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ТАНТАНА ДОШТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАХУСТИН РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ТАНТАНА ДОШТ

03 апрел 2024, Чоршанбе
27
0

 

1-уми апрел дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантанаи хос ва руҳияи ватандӯстӣ оғоз шуд. Дар рӯзи аввали даъват теъдоди зиёди ихтиёриён – ҷавонони синну соли даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, довталабона ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд. Чун анъана дар рӯзи нахуст, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт, шаҳри Исфара ва ноҳияи Фархор аз иҷрои нақша паём доданд. Бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳамаи манотиқи кишвар чорабиниҳо таҳти унвони Рӯзи даъватшаванда баргузор гашт.

Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бо ширкати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, даъватшавандагон, волидони онҳо ва ҷавонони синни тодаъватӣ чорабинии бошукӯҳ доир шуд. Дар ҳамоиш зикр гашт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯза аз ҳар фарди бедордил ва ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу бум аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос намояд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат баҳри фароҳам намудани шароити созгор барои сарбозону афсарон пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сол ба сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.
Дар ҳамоиш ба даъватшудагон, ки даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардид. Сипас, аз ҷониби афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ ба намоиш гузошта шуд.
Хабарнигори “Ҷумҳурият” дар ВМКБ Раҳмони Гулзор иттилоъ дод, ки чун анъана, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати баҳории ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона иҷро намуд. 
Ба гуфтаи Худод Зайниддин, намояндаи рӯзнома дар минтақаи Рашт, субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Ватан ҳарчи гӯяд, адо мекунем» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд.
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои неки модарон  ва баргузор намудани маросими кулчагазон наваскаронро гусел намуданд.
Зарина Идизода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт, иброз дошт, ки хизмат ба Ватан ва миллат барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби мамлакат барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад. Мо, аз падарону модарони азиз сипозгузорем, ки фарзандонашонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия менамоянд. Ин аст, ки ҳамасола ҷавонписарони минтақаи Рашт масъулият ҳис намуда,  ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мегарданд.
Дар ҳамоиш ба 140 наваскаре, ки даври ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуда, озими хизмат шуданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супурданд. 
Фотима Кабирова, модари даъватшаванда аз ноҳияи Тоҷикобод, иброз намуд, ки ман фарзандамро бо хушнудию хурсандӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел менамоям. Бояд падару модарон фарзандонро тавре тарбия намоянд, ки ба ҳифзи миллату Ватан ҳамеша омода бошанд. Чунки ҳимояи Ватан-Модар ва шарафу номуси мо – модарон барои фарзандон қарз аст.
– Ман пас аз хатми Донишгоҳ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ меравам. Ба фикри ман, ҳимояи давлату миллат бояд номуси ҷавонмардии ҳар ватандор  бошад. Аз ин рӯ, аз ҷавонони кишвар хоҳиш менамоям, ки бо дарки масъулияти шарҳвандиву фарзандӣ ба хизмати Модар – Ватан оянд, – гуфт Абдукарим Соимов, даъватшаванда аз ноҳияи Лахш.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин намуданд.
Ноҳияи Фархор низ дар  рӯзи  якуми  даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нақшаро дар қатори аввалинҳо шуда пурра иҷро намуд. Гусели наваскарон дар варзишгоҳи марказии ноҳия ба таври тантанавӣ баргузор шуд. Дар ҷамъомад сокинону меҳмонон, ҷавонону занон, собиқадорони меҳнат ва волидайни даъватшавандагон бо шиору овезаҳои тарғибкунандаи муқаддасоти миллӣ ва гиромидошти арзишҳои волои инсонӣ иштирок намуданд.
Воқеан ҳам, солҳои охир ҷавонони мамлакат хизмат кардан дар сафҳои Артиши миллии кишварро ифтихори баланди ватандорӣ ва эҳсоси бузурги худшиносӣ медонанд ва маъракаи даъват ба як чорабинии завқбахш, хотирмон ва ифтихорӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омадани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкиму сулҳу осоиштагӣ ҳаматарафа омодаанд. 
То замони омода намудани гузориши мазкур хабарнигорони мо иттилоъ доданд, ки нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи аввал ноҳияҳои Вахш, Муъминобод, Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов низ иҷро намуданд. Ҳамчунин, 200 ҷавони шаҳри Турсунзода ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст, ки ба ин муносибат чорабинии бошукӯҳ баргузор гашт.
Мавриди зикр аст,  ки имсол дар даъвати баҳорӣ шумораи ҷавонони далеру шуҷоъ, ки бо амри дилу виҷдон барои адои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳ мешаванд, зиёд гардидаанд. 
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола якуми апрел дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди  1997 – 2006 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд.

Комрон САФАР,  Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив