ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. АЗ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲӢ ТО ТАҚВИЯТИ ҲИССИ ВАТАНПАРАСТӢ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. АЗ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲӢ ТО ТАҚВИЯТИ ҲИССИ ВАТАНПАРАСТӢ

03 апрел 2024, Чоршанбе
32
0


Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст. Ин дар ҳолест, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи мамлакатҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз қабили чунин кишварҳо буда, вобаста ба ин, дар мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд.
Дар моддаи 1 Конститутсия хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардида, арзишҳои номбурда собит менамоянд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ба сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Ҳоло тарбияи ҳуқуқӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат дар шароити амалишавии ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ ба шумор рафта, он ҳамчун қисми таркибии тарбияи ахлоқию маънавии шахс, воситаи наздик гардондани ҳар як узви ҷомеа бо арзишҳои ҳуқуқии аз ҷониби умум эътирофшуда мебошад.
Ин нукта қобили зикр аст, ки дар ҷаҳони муосир дониши ҳуқуқӣ на танҳо барои ҳуқуқшиносон балки барои ҳар шаҳрванд зарур аст, зеро донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ ба шахс имкон медиҳанд, то дар ҳар ҳолате манфиатҳои худро ҳифз кунад, аз низоъҳо канорагирӣ намояд ва дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ бештар мустақил бошад. Аз ин нуқтаи назар, донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо барои ҳар як фард муҳиму зарурӣ буда, боиси баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ва паст гаштани сатҳи қонуншиканию ҷинояткорӣ мегардад. Чун дар ҷомеа сатҳи ҷинояткорию қонуншиканӣ паст гардид, зиндагии шоистаю арзанда пойдор мегардад, ки ҳадафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз эълон кардани Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамин аст. Пас, барои иҷрои ин ҳадафу мақсади олӣ бояд ҳамагон аз хурд то бузурги мамлакат саҳмгузор бошем.

Назира АСЛАМЗОДА, 
сармутахассиси бахши ташкили ёрии ҳуқуқии 
якумдараҷаи МД “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и 
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив