ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

15 апрел 2024, Душанбе
3
0


«ЗАМИНФУРӮШӢ»
Раиси кумитаи идораи  замини шаҳри Кӯлоб ба  курсии айбдорӣ нишаст
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки нисбат ба раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб О. Муратов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) оғоз шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, номбурда моҳи октябри соли 2021 (он замон ба ҳайси мутахассиси пешбари кумитаи идораи замини шаҳр кор мекард) бо роҳи фиреб ба бовари шаҳрванд Р. Қурбонов даромада, бо баҳонаи аз маҳаллаи Зарринкӯҳи  шаҳр ҷудо карда додани 0,7  гектар  қитъаи  замини  кишоварзӣ  дар  чанд  ҳолат аз ӯ 81400  сомонӣ  гирифтааст. Номбурда ин  миқдор маблағро ба  эҳтиёҷоти  шахсиаш сарф намуда, бо  ин  кирдори  қасдона  ба  шаҳрванд  Р. Қурбонов зарари махсусан калони моддӣ расондааст.


ҚАЛЛОБӢ
Замин бар ивази мошин ё як орзуи нофарҷом
Кормандони мақомоти милитсия мардони 52 ва 59-солаи сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, ин ду нафар моҳи  октябри соли 2023, бо роҳи фиреб ба бовари ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Хонда-пилот”-ро ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки бар ивази маблағ аз заминҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён 0,10 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифта медиҳанд. 
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба гумонбарон бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.04.2024 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив