ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АСРОРИ ЯК ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС

АСРОРИ ЯК ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС

16 апрел 2024, Сешанбе
4
0


Бархе аз инсонҳои бузург, самимӣ, ки барои зиндагӣ ва иҷрои рисолату вазифаҳои бузург фурсати кам, балки бисёр кам доранд, дар андак муддат корҳои бузургро ба фарҷом мерасонанд ва зуд шуҳрат меёбанд. Агар ҳам марги ҷисмонияшон фаро мерасад, он ин неру, ин қудратро надорад, ки ному кори некашонро аз сафҳаи ҳастӣ барои умре маҳв созад. Баръакс, дар ин ҳол марг зиндагии дигару зебояшон мебахшад.
Мӯсо Мавлавӣ, собиқ муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз ҳамин зумраи шахсон маҳсуб мешавад.
Марги муфоҷо ӯро дар 47-солагӣ аз миёни мо рабуд. Зодаи кӯҳ буд ва дар миёни кӯҳсорон ҷони гиромӣ супурд. Дар баҳор омад ва дар хазон рафт. Дарахтон барг мерехт, барги зард мерехт, ки хабари маргаш расид ва зуд паҳн гардид. 17-уми октябри соли 1993 буд. Замини гарму нарми ноҳияи Ҳисор фарзанди дӯстдору нозпарвардашро дар синаи худ ҷой дод.
Ҳанӯз аз ин марг соле нагузашта буд, ки мактаби деҳаро ба номаш гузоштанд. Гӯиё ин ҳама чанд рӯз пештар буд. Мо андуҳгин будем, аз он ки як дӯст, як бародар, як ҳамкори азизу гиромиро аз даст додем. Аммо ӯ аз суратҳо рӯ ба рӯйи мо механдид ва мехост боварамон намояд, ки намурдааст, зинда аст. Чаро мо ин ҳақиқатро на он рӯз, балки имрӯз, ки ӯ аз синни ҳафтод мегузарад, дарк мекунем? Мисли ин аст, ки сари сухани худ ҳам намеандешидем. Охир на худ мегуфтем, ки ӯ дар роҳ, дар фаҳмиш, дар кору истеъдод аз мо пештар аст? Мегуфтем. Ҳолиё ба хотир мерасад, пеши назар меояд, ки дар он рӯзҳои барои ҳамаи мо вазнин таъзия ва гузориши даргузашти яксолагии ӯ ва расми номгузории мактабу кушодани лавҳаи ёдгориро ман барои рӯзномаи «Ҷумҳурият» навишта будам. Осон набуд, барои ҳеҷ кадоме аз мо иҷрои ин амали дар назар содаву дар асл мураккаб.
Аз ин як сафар, як сафаре бо ҷӯшу хурӯш мисли он ки хабар дошт. Донишҷӯйи соли аввали факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки аз он башорат дод. Чун дар сурати башорат ва хушҳолӣ ба чашму гӯш расид ва дар пай барои худ шуҳрат дошт, онро нафаҳмиданд, балки дарк накарданд. Беҳтар он аст, ки ба навиштаҳои устоди шодравон, шинохтатарин шахсияти давр дар он рӯзгор Мирзо Турсунзода, ки дар маҷаллаи овозадори «Садои Шарқ» ба табъ расонда буд, рӯй биёрем: «Дар яке аз рӯзҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Дорулфунуни давлатӣ шабнишинии шоирони навқалам барпо гардид ва ба он шабнишинӣ маро ҳам лутфан даъват карда буданд. Диққати маро рӯзномаи девории маҳфили адибони ҷавон «Овози ҷавонӣ» ба худ ҷалб намуд, ки дар он як қатор шеърҳои ҷавонон дарҷ ёфтаанд. Ман як рубоиро, ки бо обу ранги шоирона навишта шуда ва муаллифи он шоири ҷавон Мӯсо Мавлавӣ мебошад, ба дафтари худ иқтибос намудам. Лекин агар ба ҷойи «кӯдаки сангам» «зодаи сангам» мегуфт, илло беҳтар буд. Инак, он рубоӣ:
Ман кӯдаки сангам, зи сари кӯҳи баландам,
Дар синаи ман шаршараи сели  баҳор аст.
Сел аст хурӯшандаву гирдоб надорад,
Чун навсафаре ҳамсафари  рӯди Ҳисор аст.

Албатта, ин баҳо, ин амали пурифтихори устоди забардасту шуҳратёр ба як донишҷӯ барои умре ва ҳам баъд аз он кофист.
Воқеан, ин зодаи сангу аз сари кӯҳи баланд дар синаи худ шаршараи сели баҳорро дошт. Хурӯшанда буду гирдоб надоштанашро мо шоҳидем, бо чашми худ дидем. Бо ин ҳама чун ҳавои баъди борон дили софу беғубор дошт. Дар замири дилҳо донаи меҳр, донаи ишқ кошт. Дар пайи ободии оламу одам мекӯшид. Суҳбаташ ҷонпарвару ҳидояташ дурусту маслиҳаташ судбахш буд.
Пас аз хатми Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба номи П. Бӯйдоқов (соли 1966) ва факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1971) фаъолиятро дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» оғоз бахшид ва то ба вазифаи муовини аввали сармуҳаррири он расид. Бисту ду сол софдилона, содиқона, бе ҳеҷ хастагию дилмондагӣ хидмат кард, заҳмат кашид. Аз накуиҳо, диловариҳо, ростӣ, садоқату муҳаббату амнияту ободию созандагӣ менавишт. Мушкилоти ҷомеаро хуб медонист ва барои рафъи он саъю кӯшиш ба харҷ медод.
Нашри матолибаш дар матбуоти даврӣ аз солҳои 60-уми асри рафта оғоз ёфт. Ӯ муаллифи маҷмуаҳои «Даъват», «Лочин», «Интизом мебояд» (бо ҳаммуаллифии Н. Қосимов) ва «Сурхсавор» мебошад. Намунаҳои эҷоди ӯ дар маҷмуаҳои дастаҷамъии «Давлати безавол», «Ситораҳои пурҷило», «Достони меҳнат», «Баҳори Ҳисор» нашр гардидаанд. Ҳамин тавр, беш аз 500 мақола, очерк, қисса, ҳикояҳояш дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд. Барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (соли 1991) гардидааст. Қаҳрамонҳои навиштаҳояш чун худи ӯ инсонҳои фидоӣ барои халқу Ватан ва созанда, мушфиқ, меҳрубон, дилсӯз, пешоҳанг, шуҳратёранд.
Зиндагии ӯ, кори ӯ ва марги ӯ ин ҳақиқати зеборо барои мо бори дигар таъкид менамояду ҳидоятамон месозад, ки аз ҳар лаҳзаи умр барои нафъи ҷомеа пурсамар истифода бикунем. Дигар чӣ асроре дорад ин ҳақиқати бебаҳс ва аз худ чӣ гуна номи неку гузоштану ҷовидон мондану зистан?

Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив