ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

12 апрел 2024, Ҷумъа
32
0

 
Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Нур-пак” дар шаҳри Истаравшан
10-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нур-пак”-ро ба кор дароварданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо саҳми бародарони соҳибкор Мусоевҳо бунёд гардид. Дар корхона 2 хати муосири технологӣ, ки аз кишварҳои пешрафта ворид гардидааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуда, 10 намуд халтаи полипропилении гуногунҳаҷм бо ғунҷоиши аз 5 то 70 килограмм истеҳсол мешавад.
Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар дохили кишвар ба роҳ мондани он нисбат ба воридот аз хориҷа 20 маротиба бартарӣ дорад. Ҳоло шумораи кормандон 30 нафарро дар бар гирифта, соҳибкор уҳдадор шуд, ки ин шумораро ба 100 нафар мерасонад ва 80 дарсади онҳоро занону духтарон ташкил менамоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз 4 то 6 миллион дона халтаҳои полипропилении гуногунҳаҷм мебошад. Тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар баробари пешниҳод ба бозорҳои дохилӣ ба хориҷи мамлакат низ содирот мешавад. Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2 ҳазору 500 метри мураббаъ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Халтаҳои полипропилении истеҳсоли ин корхона сифати баланд дошта, барои захираи ғалладона, картошка, пиёз ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳадаф аз таъсиси корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ тақвияти иқтидори саноатии вилояти Суғд ва таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мегардад. Корхонаи мазкур дорои ошхона барои 30 нафар, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва дигар шароити мусоид муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолии ин ва дигар корхонаҳои саноатии шаҳри Истаравшан муаррифӣ шуданд.
Тибқи иттилои масъулон, айни замон дар шаҳри Истаравшан 95 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо солона беш аз як миллиард сомонӣ маҳсулоти гуногуни рақобатпазири бозори ҷаҳонӣ истеҳсол мешавад.  Шумораи сокинони бо кор таъмингардида дар корхонаҳои саноатии шаҳр бошад,  беш аз 1 ҳазору 800 нафарро ташкил менамоянд. Қисми зиёди маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳр ба хориҷ аз кишвар содирот мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти истеҳсолии корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нур-пак” баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, ба соҳибкорону кормандон ҷиҳати афзун гардондани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар маслиҳатҳои муфид дода шуданд.

Ҷамоати деҳоти “Гули сурх”соҳиби бинои нави маъмурӣ шуд
10-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан дар маҳаллаи Равғангарон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо тарҳу сохти меъмории муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст ва масоҳати умумии замини он 0,21 гектарро дар бар мегирад. Бинои нави маъмурӣ дорои 15 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои маҷлисиву ақди никоҳ, ошхона, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Иншоот дар идомаи татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар бо маблағгузории соҳибкорони ватандӯст ва ҷалби сокинони маҳаллӣ ба тариқи ҳашар дар асоси тавсияву маслиҳати мутахассисон сохта шудааст.
Тамоми ҳуҷраҳои кории кормандон бо таҷҳизоту технологияи муосир, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таъмин карда шуда, дорои шароити хуби фаъолияту хизматрасонӣ мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида барои кормандони мақомоти худидоракунии маҳал дар бинои нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд. Бинои нави маъмурӣ аз зумраи татбиқи бандҳои нақша-чорабинии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти “Гули сурх” мебошад.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Гули сурх”-и шаҳри Истаравшан ба истиқболи ин Ҷашни бузургу фархундаи миллӣ бунёду таъмир ва навсозии беш аз 100 иншоот дар самту соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки, аллакай, 54 адади онро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд. Атрофи иншоот дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда ободу зебо карда шуда, шабона чароғҳои гуногун дар 13 сутунпоя равшании мавзеъро таъмин менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Ҷамоати деҳоти “Гули сурх”-и шаҳри Истаравшан ифтитоҳи бинои нави маъмуриро туҳфаи арзишманд барояшон номида, онҳоро барои беҳтар намудани сифати кору хизматрасонӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва иҷрои босамари барномаҳои гуногуни давлатӣ ҳидоят карданд.  
Ёдовар мешавем, ки “Гули сурх” аз калонтарин ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Истаравшан буда, дорои 17 деҳа ва зиёда аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад.

Ифтитоҳи бинои гурӯҳи “Гули сурх”-и шуъбаи раёсати КДАМ 
дар шаҳри Истаравшан
10-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Равғангарони шаҳри Истаравшан бинои гурӯҳи “Гули сурх”-и шуъбаи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби фаъолият барои кормандони ин соҳа дар шаҳри Истаравшан сохта шудааст. Фармоишгари бунёди иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, он дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни бузурги умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Бинои хизматӣ дар асоси талаботи имрӯза бо таҷҳизоти муосири назоратӣ таъмин мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро ба хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Ширхоргоҳ-кӯдакистони “Табассум” дар шаҳри Истаравшан
10-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Равғангарон бинои Муассисаи томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамшуда дар он шинос шуданд.
Муассисаи томактабии “Табассум” ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа ба тариқи ҳашар сохта шуда, барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани 140 кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар кӯдакистон 5 гурӯҳ амал намуда, ба кӯдакон 22 нафар мураббияҳои  ботаҷриба бо ташкили машғулиятҳои ҷолибу шавқовар тарбия медиҳанд. Дар боғчаи бачагон машғулиятҳо бо забони давлатӣ ва   русиву англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятгузаронӣ ва истироҳатии тарбиятгирандагон бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз буда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ба дунёи рангини кӯдакон мувофиқ оро дода шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Муассисаи томактабӣ туҳфаҳо тақдим намуда, таъсиси кӯдакистонро дар тарбияи насли солиму худшинос ва ватандӯст муассир арзёбӣ карданд.
Иқдоми дастаҷамъонаи сокинони ташаббускори деҳа ҷиҳати бунёди боғчаи бачагон, ки барои фардои босаодати насли ояндасоз муҳим мебошад, намунаи ибрат номида шуд. Зеро, қаблан дар деҳаи Равғангарон муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд набуд ва сокинон фарзандони худро ба шаҳр ва деҳоти дигари Истаравшан мебурданд. Бо қомат афрохтани бинои кӯдакистон ин мушкили чандсолаи сокинони деҳа бартараф гардид. Дар ҳудуди Муассисаи навбунёди таҳсилоти томактабӣ суҳбаткадаҳо, майдончаҳои бозӣ ва ҳавзи шиноварӣ сохта шуда, барои фароғату истироҳати хуши тарбиятгирандагон шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.
Тибқи иттилои масъулон, ҳоло дар ҳудуди шаҳри бостонии Истаравшан 15 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии беш аз як ҳазору 900 нафар тарбиятгиранда мавҷуд аст, ки аз ин шумора 6 адад кӯдакистони хусусӣ мебошад. Инчунин, барои омодагӣ ба мактаб 1 ҳазору 280 нафар кӯдак ба марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб мегардад.

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии 
ба номи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Истаравшан
10-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд.
Ин макони истироҳату фароғат дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои сайру гашт ва  истироҳати сокинон, машғулиятҳо ба кӯдакону наврасон дар масоҳати 2,4 гектар замин ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шуда, ба маркази шаҳри Истаравшан зебоии дигар бахшид. Корҳои сохтмонӣ соли 2023 бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оғоз ёфта, аз ҷониби бинокорони Ташкилоти ҷамъиятии клуби “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар давоми 2 сол сохта шуда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Тибқи нақшаи генералӣ, дар ҳудуди Боғ муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст, ки баландии он 12  метр мебошад. Барои истироҳату фароғати хушу хотирмони сокинон ва меҳмонону сайёҳон роҳравҳои васеъ, гулгаштҳои зебо, нишастгоҳҳо, суҳбаткадаҳо ва барои дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва машғулияти кӯдакон ҷойҳои махсус ташкил ва таҷҳизоти варзишӣ насб шудаанд, ки макони истироҳату бозии кӯдакон, машқу тамрини наврасону ҷавонон ва солимгардонию тарбияи бадан барои сокинон мебошад. Дар шомгоҳон намои Боғи фарҳангию фароғатӣ хеле зебою дилрабо гардида, 70 адад сутунпояҳо бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ба ҳудуди иншоот ҳусни дигар зам мекунанд.
Гирду атрофи Боғи фарҳангӣ панҷарабандӣ гардида, дарвозаи даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.
Дар мавзеъҳои гуногуни Боғи фарҳангӣ 1000 бех дарахти сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои бешумори мавсимӣ шинондаанд, масоҳати пурраи замин майсазор аст. Дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври қатрагӣ обёрӣ шуда, роҳравҳои Боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гардидаанд. Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Истаравшанро ҷойи истироҳату фароғат ва нишонаи арҷу эҳтиром ба давлатдории тоҷикон маънидод кардан мумкин аст.
Сокинони шаҳри Истаравшан бунёди чунин макони зебои фарҳангию фароғатиро боз як иқдоми созанда ва шаҳодати вусъати бунёдкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, шарофати сулҳу суботи ҷомеа ва ҳадафҳои созанда арзёбӣ намуданд.

Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан боздид намуданд.
Намоишгоҳи сокинон, ҳунармандон дар ду растаи алоҳида ва 20 хайма ташкил ёфта, дар он тарзи омода сохтани нону таомҳои миллӣ, тайёр кардани шириниҳо ва, ҳамзамон, ҳунарҳои қадимӣ, ашёи рӯзгор, гулдӯзию зардӯзӣ ва дигар номгӯи ҳунарҳо нишон дода шуданд. Дар шаҳри Истаравшан 160 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ мавҷуданд, ки алҳол аз рӯи 105 касбу ҳунари мардумӣ маҳсулот омода мегардад.
Ба намоишгоҳ санъат ва ҳунарҳои бостонии наққошӣ, кундалкашӣ, кандакорӣ, сохтани армуғонҳои чӯбӣ, созтарошӣ, сандуқсозӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ, чармгарӣ, кулолӣ, заргарӣ, шонагар, аҷубасозӣ, рассомӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, читгарӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, либосҳои миллии тоҷикӣ, ки маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст мебошанд, зебу зинат бахшидаанд. Ҳамзамон, дар гӯшаҳои алоҳидаи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби ҳунармандон дар дегҳои алоҳида тарзҳои тайёр кардани набот, парварда, нишолло, ҳалво, шириниҳои гуногун, нон, фатиру қалама, санбӯса, усули хушксозии мавиз ва дигар ҳунарҳои мардумӣ нишон дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунармандони шаҳри Истаравшан суҳбати самимӣ доир карда, таваҷҷуҳи аҳли ҳунарро ба ҳарчи бештар кор фармудани тахайюли эҷодӣ дар омодасозии ашё, равнақи ҳунар, тарбияи шогирдон ҷалб намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳунарҳои қадимаи ба талаботи замони имрӯза мувофиқ дар замони рушди илму техника ва истеҳсолот ҳамоно моҳияти хешро нигоҳ дошта, талабот ба он зиёд аст. Гузаштагони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл дошта, дар тули асрҳои зиёд ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушоданд. Дар замони имрӯз низ ҳунари дастӣ, ки бо завқу салиқаи баланд омода мешавад, таваҷҷуҳи сайёҳон ба армуғонҳо бештар буда, маҳсули кори ҳунармандон, дар баробари муаррифии ҳунару фарҳанги миллӣ, воситаи даромад ба ҳар шахси соҳибҳунар мегардад.
Шаҳри Истаравшан аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар минтақаи шоҳроҳи Абрешим ҷойгир буда, ҳамчун шаҳри ҳунармандон аз қаъри асрҳо маъруф аст ва 160 номгӯй ҳунару ҳунармандӣ ин ҷо мавҷуд аст. Бояд ёдовар шуд, ки як давра таваҷҷуҳ ба касбу ҳунарҳои қадимӣ кам гардид ва баъди соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул ва татбиқи “Барномаи давлатии рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таъсиси грантҳои давлатӣ, бунёди бинои таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳёву рушд ёфтанд ва имрӯза намоиши ҳунармандӣ ва пешниҳоди садҳо намунаи маҳсули ҳунару маҳорат  бозгӯи ҳунари асили тоҷикон аст.

Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан
10-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бинои навбунёди Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.
Қасри фарҳанг дар масоҳати 5 садяк замин бунёд шуда, майдони сохтмони зери бино 1 ҳазору 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд “КСМ-2020” бунёд шудааст. Дар бинои Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 150 бинокори маҳаллӣ ҷалб гардид. Бинои мазкур аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он барои ансамблҳои рақсӣ, шашмақомсароён ва гурӯҳҳои эстрадиву фолклорӣ имкониятҳои беҳтарин фароҳам мебошанд.
Дар ошёнаи якум толори кушоду барҳавои консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст, нуқтаи назорати бехатарӣ ҷой дода шуда, ошёнаи дуюм аз ҳуҷраҳои корӣ ва китобхона иборат аст. Қасри фарҳанг бо услуби хоси меъмории миллӣ сохта шуда, дохили он бо ҷалби сохтмончиён моҳирона гачкорӣ шудааст, ки диққатҷалбкунанда ба назар мерасад. Намои берунии он бошад, ба зебоии шаҳр ҳусни тоза зам намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса равона намуда, барои ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои муҳимро пайваста амалӣ менамояд.
Бинои мазкур маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав сохта шуд. Дар саҳни иншооти соҳаи фарҳанг ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонда шудаанд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунар 30 номгӯи сози мусиқӣ тақдим намуданд, ки онҳо барои рушди соҳа нақши муҳим мебозанд. Чунин бинои зебову муҳташам бо ҳуҷраҳои кории муосир, орзуи деринаи аҳли фарҳанги шаҳри Истаравшан буд. Ҳамчун рамзи эҳтиром ва миннатдории самимӣ ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба соҳаи фарҳанг, аҳли ҳунари шаҳри Истаравшан дар толори бошукӯҳи тозабунёди Қасри фарҳанг барномаи ҷолибу рангин пешниҳод карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи фарҳангии аҳли ҳунар, ки таҷассумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату якдилӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, баҳои баланд доданд.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
10-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Дар машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар се моҳи соли 2024, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори Ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ карда, оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва вазъи зудтағйирёбандаву мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор менамояд, ки аз ҳарвақта дида, бештар кору фаъолият намоем ва барои пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми захираву имкониятҳоро истифода барем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишвари мо, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ идома дошта, илова бар ин, шиддат гирифтани низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни дунё низоми муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла иқтисоди миллии моро таҳти таъсир қарор дода истодааст. Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки мардум бо истифода аз табиати мусоиди кишвар тамоми захираву имкониятҳоро барои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат сафарбар созанд ва истифодаи самараноки онҳо, хусусан, обу заминро таъмин намоянд.
Вилояти Суғд дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат нақши муҳим дошта, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти рустанипарварии кишвар қариб 30 фоиз ва маҳсулоти чорводорӣ 28,7 фоизро ташкил медиҳад. Баъди таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла коҳишёбии ҳосилнокии як қатор зироатҳои кишоварзӣ ва боғҳо, Сарвари давлат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва масъулони соҳа дастуру супоришҳо доданд.
Президенти мамлакат хотирнишон намуданд, ки солҳои охир, бинобар омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он - камобиву хушксолӣ, инчунин, болоравии нархи маҳсулоти озуқа таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ торафт мушкил гардида истодааст.
«Чунин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем», – таъкид карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо, соли 2024 ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маводи ғизоӣ нисбат ба солҳои гузашта бо вазъияти боз ҳам мушкилу вазнинтар рӯ ба рӯ мегардад. Имрӯз сокинони беш аз 90 кишвари дунё аз мушкилоти қаҳтиву гуруснагӣ азият мекашанд.
Бо дарназардошти ин омилҳо, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, тамоми хизматчиёни давлатӣ, фаъолон ва, умуман, аҳли ҷомеаро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, истифодаи самараноки об ва ҳар як ваҷаб замин чораҷӯӣ намоянд.
Президенти мамлакат зиёд намудани майдони кишт, гузарондани кишти такрорӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди бемайлони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро барои таъмини бозори истеъмолии кишвар, соҳаи саноат бо ашёи хом ва афзоиши содироти маҳсулот аз масъалаҳои муҳимтарин дар самти ҳалли ин мушкилот номиданд.
Ба Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати тезондани суръати кишти баҳории зироатҳо, сари вақт ба анҷом расондани он ва иҷрои нақшаи кишти такрорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, масъалаи таъмин намудани хоҷагиҳоро бо тухмии аълосифати картошкаю сабзавот ва дигар намуди зироатҳо зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Соли 2023, аз сабаби мушкилоти пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии обёрии заминҳо дар бахши хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилояти Суғд кишти пахта нисбат ба соли 2022-юм 9 ҳазор гектар ва кишти картошка 2,3 ҳазор гектар таъмин нагардид. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки барои ислоҳи камбудиҳои соли сипаригардида чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати оқилонаву самаранок истифода гардидани заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ, гузарондани кишти такрорӣ, захира намудани маводи ғизоӣ ва омодагии ҳамаҷониба барои давраи тирамоҳу зимистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ васеъ ба роҳ монанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тайи ду-се соли охир дар вилоят сохтори кишти зироатҳо риоя нагардида, дар заминҳои обӣ тамоюли зиёд кишт гардидани гандум ва юнучқа ба назар мерасад. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки бо мақсади таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ғизоӣ кишти зироатҳои баҳориро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода, риояи таркиби сохтори кишт ва иҷрои нишондиҳандаҳои дурнаморо таъмин намоянд. Ҳамчунин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят барои солҳои 2021-2025-ум 237 лоиҳа ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз дар доираи 57 лоиҳа корҳо ба маблағи 6,6 миллиард сомонӣ ба анҷом расонда шудаанд. Иҷрои барнома дар самти аз худ намудани маблағҳо, бо дарназардошти имкониятҳои вилоят ва кам мондани муҳлати татбиқи барнома, қонеъкунанда нест. Бо дарназардошти ин вазъ, Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки ҷиҳати самаранок ва босифат татбиқ намудани барномаҳои қабулгардида ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва соҳибкорону сармоягузорон таҳким бахшида, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, ҳамчунин, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, иҷрои босифати нақшаи онҳо, кам кардани бақияпулии андозҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 6,1 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023-юм ҳамагӣ 6 фоиз зиёд шудааст, ки ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар мутобиқ нест. Суръати рушди нишондиҳандаи мазкур дар ин давра 4,1 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Боиси нигаронист, ки дар ин давра дар ҳудуди вилоят 29 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Ҳамчунин, дар ин давра дар вилоят 20 корхонаи саноатӣ барҳам хӯрдааст. Таъкид гардид, ки имкониятҳои истифоданашудаи вилоят дар самти рушди саноат, махсусан саноати истихроҷ ва коркард, ниҳоят зиёданд. Ҷиҳати пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои пешқадам зарур шумурда шуд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва таъмин нагардидани рушди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои азими саноатиро ҳамаҷониба омӯхта бароянд. Пешвои миллат зарур шумурданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус дар соҳаҳои коркард, чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки барои бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои истихроҷ, истифодаи самараноки конҳои маъдан ва то маҳсулоти тайёр коркард намудани маъдан чораҳои қатъӣ андешанд.
«Тавассути афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, хусусан молҳои ивазкунандаи воридот, мо метавонем бозори дохилиро бо маҳсулоти хушсифат ва безарар таъмин намуда, пеши роҳи воридоти ҳар гуна маҳсулоти пастсифат ва зараровари хориҷиро гирем», – изҳор доштанд Сарвари давлат. Бо дарназардошти чунин вазъ, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки барои вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва кам кардани воридоти он чораҷӯӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки дар ин раванд, ба масъалаи ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, воридоти технологияҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатнок бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад. Дар соли 2023 ба вилояти Суғд беш аз 6 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 32,8 фоиз кам мебошад. Воридоти сармояи мустақим дар ин давра 71,3 фоиз коҳиш ёфтааст. Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ҷалби сармояи мустақими хориҷиро боз ҳам тақвият бахшида, имкониятҳои сармоягузории вилоятро ҳарчи бештар муаррифӣ намоянд ва барои фаъолияти сармоягузорон шароити мусоид фароҳам оваранд. Ҳамчунин, ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳалли як қатор мушкилоти дар муассисаҳои таълимӣ ва, умуман, соҳаи маориф ҷойдошта чораҳои иловагӣ андешанд. Зарур шумурда шуд, ки дар ин самт ҳамкориро бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ вусъат бахшида, ҷиҳати ҷалби сармоя барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла ташкили муассисаҳои хусусӣ, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Соли 2024 дар вилоят бунёду азнавсозии 132 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 27 маркази саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатии деҳот, бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор карданд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустӣ, фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои кормандон ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Президенти мамлакат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг ва Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш доданд, ки ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва муаррифии он дар чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар самти сайёҳӣ ва назорати корҳои ободониву бунёдкорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ба масъалаи ободу сабзкории шаҳру ноҳияҳо, тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як хонаву кӯча ва маҳали зисти аҳолӣ, ташкили иншооти сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳунармандӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ эътибори боз ҳам бештар дода шавад. Илова бар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ҷиҳати кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ниҳолшинонӣ ва васеъ намудани майдони дарахтони сояафкану мевадиҳанда чораҳои амалиро ба роҳ монанд. Бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 12 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз аввали амалишавии нақшаи чорабиниҳо то ба имрӯз зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки беш аз 46 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинигардида, инчунин, риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмон ва санъати баланди меъморӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Таъкид гардид, ки вазъи риояи меъёрҳои диниву мазҳабӣ, мафкуравию эътиқодӣ ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонун дар бораи танзими расму оинҳо дар вилояти Суғд ташвишовар мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар рӯзи 9-уми март дар назди роҳбарияти вилоят ва фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Роҳбарону фаъолон, дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барои пешгирӣ кардани қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани вазъи ҷомеа масъулу ҷавобгар шумурда шуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар ин масъалаҳо ба муросокорӣ, дурӯягӣ ва фориғболӣ набояд роҳ дода шавад. Инчунин, ба ободкориву созандагӣ, бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, ҳарчи бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои ҳамдиёрон ва бо ҳамин роҳ паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар кардани мардум, аз ҷумла соҳибкорон низ, масъулин вазифадор шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд, ки соли ҷорӣ барои кишвари мо соли таърихӣ 30-солагии қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад ва мо бояд ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоем. Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум ва ба онҳо фаҳмондани зарурати зиндагиву кор кардан танҳо дар доираи қонун вазифаи муҳими роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар роҳбарону фаъолон ва аҳли зиё дониста шуд. Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат зарур шумурданд, ки ҳар рӯз ба хотири вусъат бахшидани раванди ободонии Ватан ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода шавад.
Баъдан, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва як қатор масъулини сохторҳои ҷумҳуриявӣ ҳисобот доданд.

Бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи хавозавӣ дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
11-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи хавозавӣ иштирок карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинондани ниҳоли ток дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”, ба ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров комёбиҳо таманно карданд. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон техникаву мошинолоти наву замонавӣ, ки барои коркарди байни қаторҳои боғу токзор пешбинӣ гардидааст, муаррифӣ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат қаблан ба хоҷагиҳои эҳтиёҷманди деҳқонии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 920 техникаи кишоварзӣ бо қисмҳои эҳтиётии он тақдим гардида буд. Дар миёни тракторҳои хурд, инчунин, воситаҳои муосири техникӣ барои кӯчат кардани шолӣ низ мавҷуд буда, имконоти техникии дигар мошинолоти соҳавӣ ҳам ба талаботи хоҷагидорон мувофиқ мебошад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соли 1959 дар деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта, масоҳати умумии он  25,96 гектар мебошад. Айни ҳол дар Минтақа зиёда аз 10000 бех ниҳолу буттаҳои мевадиҳандаву ороишӣ нашъунамо меёбанд. Дар ин ҷо дарахтони зардолу, биҳӣ, анор, шафтолу, бодом, анҷир, гелос, олу, олуча, хуч, ток ва ғайра дар майдонҳои алоҳида парвариш карда мешаванд. Ҳамчунин, дар қитъаҳои нисбатан хурд барои таҷриба сабзавот, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам, лаблабу, каду ва маҳсулоти лӯбиёгӣ, кишт карда мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо зарфиятҳои аграрии ин мавзеъ, ташаббуси масъулони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро оид ба барқарорсозии боғҳои куҳна муҳиму саривақтӣ маънидод карданд. Зеро бо гузашти солҳои зиёд дарахтони ин боғ камҳосил гардида, қариб ба коркарди агротехникӣ низ фаро гирифта намешуданд.
Раёсати Донишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи нишондодҳои Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва амалисозии сиёсати кишоварзии роҳбарияти Ҳукумати кишвар, соли 2023-юм 2500 бех токи навъҳои “Президентӣ”, “Шоҳона”, “Аватар”, “Ғалаба” ва “Тагобӣ”-и сафеду сиёҳро аз хоҷагиҳои токпарварии “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода оварда, дар масоҳати 5,5 гектар шинонданд. Оғози моҳи марти соли 2024 дар ҳамин мавзеъ дар масоҳати 1,4 гектар 1700 бех ниҳоли зардолуи навъҳои “Мирсанҷилӣ”, “Нишонӣ” ва “Силвер-голд” шинонда шуд. Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ боғу токзори нав бунёд ёфта, боғу токзори куҳна барқарор мегарданд ва бо иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд карда мешавад. Зиёд шудани майдони боғу токзори нав дар вилоят, асосан, давоми 5-6 соли охир ба назар мерасад.
Тибқи муълумоти раёсати кишоварзии вилоят, то 1-уми апрели соли 2024 дар қаламрави вилояти Суғд дар масоҳати 113 гектар боғи нав, аз ҷумла 23 гектар боғи интенсивӣ, бунёд карда шудааст. Дар ҳамин давра дар масоҳати 4 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Соли 2024 барқароркунии боғҳои куҳна дар майдони 788 ва токзорҳои куҳна бошад, дар масоҳати 111 гектар анҷом дода шудааст.  Зардолузори вилоят ба 51 ҳазор гектар расида, аз ин 35 ҳазору 500 гектар ҳосилдиҳанда мебошад. Истеҳсоли мева дар соли гузашта ба 222 ҳазору 521 тонна расонда шуд. Истеҳсоли зардолу 157 ҳазору 186 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 101 ҳазору 339 тонна зиёд мебошад. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 13 ҳазору 661 гектар ангурбоғ мавҷуд мебошад, ки 12 ҳазору 531 гектар ҳосилдиҳанда аст. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии боғҳо дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 76 ҳазору 860 гектарро ташкил медиҳад ва аз ин 57 ҳазору 240 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Майдони боғҳои меваҳои тухмдор 13 ҳазору 770 гектар ва меваҳои донакдор 58 ҳазору 920 гектарро ташкил медиҳад.
Зимнан, иттилоъ дода шуд, ки мақсади асосии фаъолияти Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баланд бардоштани дониши амалии донишҷӯёну аспирантон, унвонҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ва татбиқи назария дар амалия, таҳкими ҳамкории илм бо истеҳсолот ба шумор рафта, барои донишҷӯёни факултетҳои биология-химия, геоэкология ва туризм, санъати тасвирӣ ва дизайн ва машғулиятҳои фанҳои ботаника, зоология, биология, асосҳои кишоварзӣ шароити хуби таҷрибаомӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳосили аз боғу замини кишт бадастомада барои баровардани ниёзҳои иҷтимоии собиқадорони меҳнат, донишҷӯёни ятиму бепарастор, муҳассилини имконияташон маҳдуд ва омӯзгорону кормандон истифода карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо роҳбарият ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ба онҳо дастур доданд, ки дар баробари таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба баланд бардоштани сифати илмомӯзӣ, инчунин, бобати арҷгузорӣ ба анъанаҳои боғдории миллати тоҷик ва ба меҳнатдӯстӣ ҷалб кардани ҷавонон чораҳо андешида шаванд.
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи 
ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё” бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нав ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, дар як сол иқтидор дорад то 18 ҳазор тонна равғани рустанӣ истеҳсол намояд. Дар навбати аввал маҳсулоти ниҳоии корхона барои қонеъсозии эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардида, дар оянда содироти он низ дар назар дошта шудааст. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав имконият дорад дар як шабонарӯз беш аз 50 тонна чигит, донаи офтобпараст, рапсро коркард намуда, аз он маҳсулоти ниҳоии аълосифат истеҳсолу пешниҳоди харидорон намояд.
Корхонаи нави равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё” бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва воридотӣ фаъолият менамояд. Хоса, барои истеҳсоли равғани пахта, чигит, асосан, аз дохили кишвар дастрас мегардад, ки ин тасмим барои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он бо тамғаи “Истеҳсоли Тоҷикистон” мусоидат менамояд. Маҳсулоти ниҳоии корхона дар зарфҳои гуногуни пластикӣ бастубанд гардида, бо шаклу намуди зебои бозоргир пешниҳоди харидорон карда мешавад. Бояд гуфт, ки зарфҳои пластикӣ низ дар шакли маҳсулоти нимтайёр вориди корхона гардида, бо истифода аз дастгоҳҳои муосир барои бастубанд дар сехи алоҳида омода карда мешаванд. Дар маҷмуъ, корхонаи нав аз коргоҳҳои хушбӯйкунӣ, бастубанд, ширинкунӣ, пресскунӣ ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр иборат мебошад.
Бояд зикр кард, ки сикли пурраи истеҳсоли равғани рустанӣ – аз коркарди чигит ва донаи офтобпараст сар карда, то омодакунии равғани аълосифати рустанӣ дар дохили корхона роҳандозӣ гардида, ҷараёни истеҳсолот ба таври автоматӣ амаливу назорат карда мешавад. Хатҳои истеҳсолии корхона аз ширкатҳои маъруфи Олмон, Туркия ва Чин харидориву насб гардида, малакаи кор бо ин дастгоҳҳоро кормандон дар корхонаҳои истеҳсолӣ аз бар намудаанд. Дар маҷмуъ, дар ин корхона 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуд. 
Партове, ки дар ҷараёни истеҳсолот ба миён меояд, ба пуррагӣ коркард гардида, дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан дар бахши чорводорӣ, истифода бурда мешавад. Ҳамчунин, дар ҳудуд ва гирду атрофи иншооти нав корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии роҳҳо сомон дода шудаанд.
Корхона ба хатти алоҳидаи таъмини об, барқ ва системаи марказондашудаи гармидиҳӣ, ки бо назардошти меъёрҳои экологӣ бунёд ёфтааст, таъмин мебошад.
Корхонаи нави равғанбарорӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва имконоти мусоиди фароҳамовардашуда барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров бунёд гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба технологияи корхонаи нав баҳои баланд дода, кормандонро вазифадор намуданд, ки назорати сифати маҳсулотро дар доираи талаботи ҷорӣ ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд.
Бояд таъкид кард, ки давоми чанд соли охир ба хотири таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифати истеҳсоли ватанӣ дар доираи барномаҳои мушаххаси давлатӣ бахши саноати хӯрокворӣ рушд намуд. Аз ҷумла, шумораи корхонаҳои истеҳсоли равған танҳо дар вилояти Суғд ба 37 адад расонда шуд ва дар соли 2023 дар вилоят 21,6 фоизи равғани рустании ҷумҳурӣ истеҳсол гардидааст. Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли равғани рустанӣ, ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш дода, таъминоти аҳолиро бо равғани худӣ боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
  Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаи навтаъсис ва дигар коргоҳҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Барс” боздид ба амал оварданд. Иттилоъ дода шуд, ки ширкат ғайр аз корхонаи ифтитоҳгардида, ҳамчунин, дорои коргоҳҳои “ММК”, гармхонаи инноватсионии “ММК-агро” ва корхонаи истеҳсолии “Сайҳун” буда, нақши он дар таъмини бозорҳо бо маҳсулоти макаронӣ, ширӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ назаррас мебошад. Ҳамчунин, дар назар дошта шудааст, ки дар оянда Ҷамъият маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла равған ва маҳсулоти кишоварзиро ба дигар кишварҳо содирот намояд. Дар маҷмуъ, дар корхона ва гармхонаи инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Барс” феълан то 600 нафар соҳиби кори доимӣ ва мавсимӣ буда, ин нишондод дар оянда афзоиш дода мешавад. 
Зимни муаррифии лоиҳаҳо иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ҳадаф дорад фаъолияти худро дар оянда боз ҳам густариш диҳад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми чанд соли оянда Ҷамъият бунёду ба истифодадиҳии маркази савдои “Суғдиён мол” бо 340 ҷойи корӣ, гармхонаи инноватсионии ҳоландӣ дар масоҳати аз 3 то 5 гектар ва корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаро ба нақша гирифтааст. Дар маҷмуъ, дар иншооти банақшагирифташуда дар солҳои баъдӣ аз 500 то 700 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор ва маоши хуб хоҳад гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дурнамои фаъолияти Ҷамъият, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, мувофиқи талаботи бозор зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда ва рушди бахши агросаноат ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Маркази тиббии “Микролаб” дар шаҳри Хуҷанд
11-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази тиббии “Микролаб”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази тиббии “Микролаб” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Акмалхон Камолов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкориву созандагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити хуби ташхису табобат мебошад. Дар маркази мазкур табобати бемориҳои урологӣ-андрологӣ ва гинекологӣ гузаронда мешавад. Маркази тиббӣ 5-ошёна буда, аз ошхона, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ултрасадо, қабули беморони амрози занона, уролог-андролог, таҳлилгоҳ ва қайди беморон, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ ва ёрирасон, ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ ва баъдиҷарроҳии беморон ва қисми болоии бино аз ҳуҷраҳои маъмуриву маҷлисгоҳ иборат мебошад. Марказ бо шабакаи муосири гармӣ ва сарднамоии дохили бино таъмин буда, аз 96 ҳуҷра, аз ҷумла 11 ҳуҷраи табибон, 31 ҳуҷраи беморон ва 54 ҳуҷраи ёрирасон, иборат мебошад. Маркази тиббӣ дорои 54 кат барои беморон аст. Барои бунёду муҷаҳҳазсозии иншоот қариб 6 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Дар ин ҷо 30 нафар мутахассис соҳиби кори доимӣ гардид. 6 табиб ба фаъолият машғул аст, ки баъзе аз онҳо хатмкардаи муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар мебошанд. Дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар маркази тиббии “Микролаб” аз давлатҳои Русияву Чин ворид шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва табибони Марказ дастур доданд, ки ташхису табобати беморон аз ҷониби мутахассисон дақиқ роҳандозӣ шуда, омӯзиши густурдаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз тарафи духтурон ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Таҷҳизоти соҳавии баландсифат ташхису табобати дақиқу ҳаматарафаи беморонро таъмин месозад. Баъзе воситаҳои муоинаву муолиҷаи ин марказ дар мамлакат камназир буда, тавассути онҳо метавон табобати бемориҳои гуногуни мардонаву занонаро сифатан хуб ба роҳ монд. Маркази мазкур бо дастгоҳи муосири эндоскопӣ, таҷҳизоти литориптории пневматикӣ барои майда кардани санги роҳҳои пешобгузар бо усули ҷарроҳии эндоскопӣ ҷиҳозонда шудааст. Дар шуъбаи таҳлилгоҳ таҷҳизоти муосир, ба монанди анализаторҳои насли нав, дастгоҳи иммуноферментӣ ва анализаторҳои хун, пешоб ва микроскопҳои тринокулярӣ насб шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, аҳамияти рушду тавсеаи бештари тибби хусусӣ дар ҷумҳуриро махсус таъкид карданд.

Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати 
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд
11-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар масоҳати 3 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Шароити муҳайёгардида имкон медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 200 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 2400 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта мешавад. Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 25 компютер, толори таҷрибаомӯзӣ, толори бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, ҳуҷраи санитарию гигиенӣ, ҳуҷраҳои барҳавои корӣ барои маъмурият, 3 устохонаи таълимӣ, китобхона барои шахсони имконияташон маҳдуд, толори маҷлисгоҳ барои 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави кор, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ бунёд гардид. Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, он бо мақсади ҷалби сармоя ба истеҳсолот оид ба беҳтарсозии малакаҳои касбӣ дар доираи ҳамкории дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ шуд. Сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2022 оғоз ёфта, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расид. Баъди ба истифода додани он 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо баробари омӯзиши 5 намуди касб – устои барқ, кафшергар, андовагар ва усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои куриёӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад. Ҳамчунин, дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, пардозгарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шудаанд.
Дар заминаи Маркази мазкур барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занон бунёди 3 маркази нави рушди малакаҳо дар назар аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда мешаванд. Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудаанд. Шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки қатъи назар аз синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд дар ин ҷо ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд. Иншооти навбунёд бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он 36 камераи назоратӣ насб гардидааст. Инчунин, дар саҳни бинои муосир майдончаи хурд барои бозии футбол бунёд шудааст ва гирду атрофи он бо гулҳои рангоранги мавсимӣ оро ёфтааст.  Дар иншоот панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки биноро ҳама вақт бо неруи барқ таъмин менамоянд. Ҳамчунин, синфхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони он бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон дохили бино бо гармӣ таъмин мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулин ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии № 9 
дар шаҳри Хуҷанд
11-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол”-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази вилояти Суғд дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии коммуналии “Идораи сохтмони асосӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шуд.  Кӯдакистон аз як бинои сеошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2023 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд анҷом ёфтанд. Дар давраи сохтмон беш аз 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буд. Дар бинои иловагии навбунёди кӯдакистони “Наврӯзи Истиқлол” дар 16 гурӯҳ 480 кӯдак ва дар бинои асосии Муассиса 360 кӯдак, дар маҷмуъ, 840 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Айни замон 32 нафар омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд ва дар оянда шумораи онҳо зиёд карда мешавад. Дар кӯдакистон дар назди ҳар як синфи машғулият ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудаанд. Ошхонаи Муассиса бо бинои асосӣ пайваст буда, он барои беш аз 480 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидаст. Дар бинои асосии Муассиса осорхона ҳам мавҷуд аст, ки барои нигаҳдории аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аксу нигораҳои таърихӣ пешбинӣ мегардад.
Дар кӯдакистон як толор барои тамошои филмҳои тасвирӣ бо 210 ҷойи нишаст сохта шуда, бо тарҳи наву замонавӣ ва бо талаботи замони муосир муҷаҳҳаз гаштааст. Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Мавҷудияти ҳуҷраҳои корӣ, ҷомашӯӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулот ва ҳуҷраи тиббӣ аз шароити дигари кӯдакистон маҳсуб мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои машғулиятҳо ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулини боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Масоҳати умумии кӯдакистон 5 ҳазору 800 метри мураббаъро дар бар гирифта, аз он 1476 метри мураббаъро замини зери бино ташкил менамояд. Ҳуҷраҳои машғулиятгузаронӣ бо шиору овезаҳои ифодагари муҳаббату самимият нисбат ба Ватан ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудаанд, ки хоси дунёи кӯдакон мебошанд.
Дар ин рӯз шодиву нишоти дӯстрӯяконро ҳадду канор набуд, зеро ба онҳо Пешвои маҳбуби миллат туҳфаҳои идона тақдим карданд, ки аз ширинӣ ва бозичаҳои гуногун иборат буд. Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон боис гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистони нав мавриди истифода қарор дода шаванд. Дар ин Муассисаи томактабӣ 46 нафар соҳиби кори доимӣ шуд.
Фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон фароҳам овард, ки насли наврас дар руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расад. Дар саҳни Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” 16 айвонча, фаввора ва ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошанд, ки барои солимии кӯдакон ва гузрондани машғулиятҳо мусоиданд. Инчунин, барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидаанд, ки самаранок истифода бурда мешаванд.
Ҳангоми шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон барои машғулияти онҳо ҳамаи синфхонаҳо бо муосиртарин асбобу аёният муҷаҳҳаз шудаанд. Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 47 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазору 700 кӯдак тарбия мегирад.
Омӯзгорону мураббиён кӯдакистони мазкурро беҳтарин туҳфа ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароит фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии мамлакат тарбия менамоянд.    

Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” 
баъд аз таъмиру навсозӣ
11-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар даромадгоҳи қалъа Пешвои созандаю бунёдкор ва ободгару ваҳдатовари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд ва аҳли илму фарҳанги вилоят бо самимияту эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд. Тадбирҳои марбут ба барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд дар ҷойи таърихии ин мероси гаронбаҳои бостонии халқи тоҷик бо ибтикору ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 6 сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.   
Маврид ба таъкид аст, ки пеш аз оғози корҳои лоиҳакашӣ дар самти барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бо ҷалби мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, бостоншиносону таърихнигорон ва этнографҳо дар ҷойи иншоот корҳои археологӣ, муҳандисӣ, топографӣ, геологӣ ва ҳафриёту таҳқиқоти илмию амалӣ гузаронда, хулосаҳои амиқ ва дақиқ пешниҳод гардиданд. Бо ҳамин тартиб, дар асоси пешниҳоди олимону мутахассисон корҳои эҳё ва барқарорсозии Қалъа сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ин ёдгории қадимӣ пурра ҳифз карда шуданд.
Тибқи маълумот, масоҳати иншооти бунёдёфтаю барқароргаштаи Қалъаи Хуҷанд 6 гектарро ташкил медиҳад. Натиҷаи ковишҳои археологии чанд соли охир ва ба даст омадани бозёфтҳои нодир нишон медиҳанд, ки воқеан ҳам Қалъаи Хуҷанд дорои таърихи куҳан буда, ҳифзу нигаҳдории он барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурию муҳим мебошад. Қалъаи Хуҷанд ба ҳайси истеҳкоми боэътимод, ки таърихи сеҳазорсола дорад, аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд ва барқарор шуд.
Дар асоси лоиҳа, деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд. Аз ҷумла, дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Таъкид гардид, ки дар Суғди бостон аз қадим ҳунар ва маҳсули дасти ҳунарманд арзиши воло дошт ва меросбарони асили ин фарҳангу тамаддун, ки соҳиби маҳбубияти хосанд, дар ҳамаи давру замон барои рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ талошу кӯшиши бештарро ба харҷ додаанд. Бо вуҷуди талош ва кӯшишҳои зиёд, дар шебу фарози таърих қисми бештари ҳунарҳои мардумӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, қариб буд, ки аз байн раванд. Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва барои фаъолияти ҳунармандон шароити мусоид фароҳам оварда шуд, ки яке аз намунаҳои барҷастаи он бунёд ва ташкили растаҳои ҳунармандӣ дар Қалъаи Хуҷанд аст.  
Иқдоми беназири Роҳбари давлат боис ба он гашт, ки ҳунармандон дар ин растаҳо ба кори худ машғул бошанд ва ҳам маҳсули ҳунари худро ба меҳмонону сайёҳони зиёде, ки ба шаҳри Хуҷанд ва тамошои Қалъаи муҳташами он меоянд, барои намоиш гузошта тавонанд. Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯи бештар аз 200 касбу ҳунарҳои мардумӣ маҳсулот истеҳсол мешавад ва дар минтақаҳо марказҳои ҳунаромӯзӣ ташкил гардида, пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо имконияти фарохро барои рушди соҳа ба вуҷуд овард. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд имрӯзҳо бештар аз 15 ҳазор ҳунарманд фаъолияти назаррас дорад. Истеҳсоли маҳсулот ва маснуоте, ки аз ҷониби ҳунармандон омода мешавад, дар маҷмуъ, яке аз бахшҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ба вазъи иқтисодии ҳунармандон ва некуаҳволии аҳолӣ таъсири амиқ мегузорад.
Дар ин мавзеъ таъсиси ошхонаи миллӣ барои ҳифзу эҳё ва муаррифии таомҳои миллӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ мешавад.  Бинои муҳташаму мунаққаши толорҳои намоишии таъриху фарҳанги халқи тоҷик, ки дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 365 метри мураббаъ қомат афрохтааст, аз як гунбази асосӣ, ду гунбази миёна ва 4 гунбази хурд иборат мебошад. Дар ороиши бино, ки 5 толори намоишӣ дорад, санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди бадеии чӯб, санг, гачкорӣ, кошинкорӣ, буриш ва ғайра ба таври васеъ истифода шудааст.
Дар толори “Ҳавзаи илмӣ - адабии Хуҷанд”, ки бо санъати миллии меъморӣ наққошӣ шудааст, вобаста ба ҳаёту фаъолияти олимони Хуҷандшаҳр, шоирони номвари тоҷик ва ҳунармандони машҳур маълумот гирдоварӣ шуда, дар васфи Хуҷанд ва Қалъаи он гуфторҳои олимону зиёиёни замони гузашта ва имрӯз, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи Қалъа ва дигар маводи зарурӣ мавҷуд мебошанд. Дар ҳамин толор муҷассамаи 4 шахси номвари Хуҷанд: Зиёуддини Порсӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Садруддини Хуҷандӣ ва Султон Умаров, инчунин, нигораҳо вобаста ба илму адаб, аз қабили дастхатҳо, қаламдон, лавҳ, даводдон, кӯзачаву обдастаҳои навиштаҷотдор ба намоиш гузошта шудаанд.
 Толори “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ” харитаи маҳаллаҳои ҳунармандони шаҳри Хуҷанд ва акси ҳунармандони чирадасти вилоят ва қисме аз намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди рассомӣ, кашидадӯзӣ, мисгарӣ, кундалсозӣ ва созҳои мусиқиро дар бар мегирад. 
Толори “Истиқлоли Тоҷикистон” аз барелеф, ки аз тарафи ҳунармандон Даврон Раҳматзод ва Мунира Турсунова омода гардидааст, шуруъ мегардад. Ин барелеф аз эълон гардидани Эъломияи Истиқлолият оғоз гардида, дар он давраҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, раванди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат инъикос ёфтаанд.  Дар қисмати таҳхона толори намоиши бозёфтҳои бостонии минтақаи миёнаоби Сирдарё, сиккаҳои гуногуни давраҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ҷойгир шуда, ҳамзамон, ҷой барои баргузории конфронсу ҷаласаҳо, мулоқоту вохӯриҳо, ҳуҷраҳои хизматию техникӣ ва устохонаҳои рассомӣ мавҷуд мебошанд. Бо назардошти арзиши гарони таърихӣ доштани нигораҳои гирдовардашуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки ба хотири ошно намудани шаҳрвандони кишвар, насли наврасу ҷавон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо таъриху тамаддуни бой, фаъолияти Маҷмааро бештар тарғиб намуда, мутахассисони беҳтаринро барои муаррифии гӯшаҳои он ҷалб намоянд.
 Ибтикороти дигаре, ки дар қисми шимолу шарқии Қалъа амалӣ шуд, бунёди маҳаллаи Хуҷанди қадима мебошад. Хонаву ҳавлиҳо, асосан, мансуби табақаи коргар, тоҷиру ҳунарманд ва дигар қишри ҷомеаи мадании шаҳр буда, эҳё ва бунёди он имкон фароҳам меорад, ки анъанаҳои қадимаи шаҳрнишинӣ дар Хуҷанд ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад. Бунёди намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, асосан, бо маслиҳату тавсияи этнографҳо амалӣ шуд. Ин хонаҳо пурра бо маводи табиӣ, аз ҷумла лою гил ва чӯб сохта шуда, дарвоза, сутун ва сақфи манзилҳои қадима пурра кандакорӣ шудаанд ва амалҳои нақшу нигорро, асосан, рассомони соҳибтаҷриба иҷро намудаанд. Дар ин маҳаллаи қадима истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ низ намунаи ибрат ва қобили ситоиш аст.  
Этнографҳо ба он назаранд, ки ин ҳавлию хонаҳо тарзи ҳаёт, рӯзгордорӣ ва фаротар аз он суннату анъанаҳои сукунати мардуми шаҳрро дар давраҳои таърихӣ инъикос менамояд ва амалӣ намудани ин иқдоми мазкур дар ташаккули санъати миллии меъмории халқи тоҷик, ки ҷаҳониён эътироф кардаанд, нақши бориз дорад. Аз ин пас дар ин 8 ҳавлии қадима, ки масоҳати ҳар кадоми он 6 садяк заминро дар бар мегирад, ҳунармандон ба хаттотӣ, кундалнигорӣ, рассомӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, сангтарошӣ, оҳангарӣ ва кулолӣ машғул мешаванд.  
 Дар ин ҷо ҳаммом, меҳмонхона ва чойхонаи миллӣ ҳамчун рукни маҳалладории таърихӣ сохта шудаанд. Дар чойхонаи миллӣ, ки дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд барои 60 нафар пешбинӣ гардидааст, иҷрои ҳунари волои кандакорӣ, гачкорӣ, кундалнигорӣ ва наққошии  бемисл  ба зебоии намои берун ва дохили бино шукӯҳи бештар бахшида, Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон баҳои баланд доданд. 
Дар шафати чойхонаи миллӣ растаи омода кардани нону санбӯсаҳои гуногун ва номгӯи зиёди таомҳои миллӣ бо фарогирии чор оташдон ва танӯр сохта шудааст. Майдони Қалъа ва роҳравҳои дохили он бо истифода аз сангҳои хорои Хуҷанд дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ оро дода шуда, масоҳати кабудизоркунӣ бошад, 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди Қалъа бунёди ду фаввораи калон ва чор суҳбаткадаи чӯбӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чирадасти шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо роҳнамоӣ ва маслиҳату машварати усто Бурҳон ба таври барҷаста кандакорӣ шудааст, ба зебоии ин мавзеи таърихию фарҳангӣ шукӯҳу шаҳомати бештар мебахшад.   
Дар раванди эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд зиёда аз 20 ширкати сохтмонӣ, шумораи зиёди ҳунармандони чирадасти тоҷик иштирок намуда, сифати корҳои марбут ба барқарорсозӣ дар ин иншооти таърихӣ зери назорати доимии фармоишгар - идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дошт. Корҳои созандагиву ободкорӣ ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, ки бо иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом меёбанд, таваҷҷуҳи сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро бештар кардааст.
Маврид ба ёдоварист, ки аз таърихи Қалъаи Хуҷанд на танҳо мардуми кишвар, балки ҷаҳониён воқифанд. Дар ҳудуди Қалъа дар рафти корҳои ҳафриётӣ якчанд қабатҳои мадании таърихӣ, аз ҷумла боқимондаҳои девори архаикии шаҳри Хуҷанд, боқимондаи ҳуҷраи нигоҳдории зироати ғалладонагӣ ва зарфҳои бузургҳаҷми гилӣ, ки мутааллиқ ба асрҳои VII-IV пеш аз мелод мебошанд,  пайдо гардидаанд. Кашфи қабатҳои мадании таърихӣ дар қисмати поёнии кӯшки ҳокимнишин бозгӯи он аст, ки Қалъаи Хуҷанд таърихи сеҳазорсола дорад. Ёдовар мешавем, ки Қалъаи Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир воқеъ мебошад. 
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки Қалъаи Хуҷанд аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст.  

Чорабинии идона дар Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо ширкати Пешвои миллат
11-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори Ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯз, Иди саиди Фитр ва баъди навсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик гуфтанд.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, миллати тамаддунсози тоҷик дар масъалаҳои меъмориву ободкорӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдорӣ собиқаи беш аз шашҳазорсола дошта, дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башарӣ нақши мондагор гузоштааст. Таъкид гардид, ки истиқлолу озодӣ барои мо имконият фароҳам оварданд, ки барои эҳё намудану муаррифӣ кардани таърихи бою рангини миллати бостонии худ иқдомоти шоистаро амалӣ намоем, анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва имрӯз низ ҳастем.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ба масъалаи эҳё кардану ҳифз намудан, нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир шуданд. Навсозии Қалъаи Муғ, шаҳраки Саразм, осорхонаи Панҷакенти бостонӣ, осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров, баргузории ҷашни шоири маъруфи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо иқдому чорабиниҳои дигар дар вилояти Суғд аз ҷумлаи онҳо мебошанд. «Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 ба узвияти ЮНЕСКО – яке аз сохторҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг, пазируфта шуд. Минбаъд мо барои муаррифии иншооти таърихиву фарҳангии миллати тоҷик талошҳои зиёд ба харҷ додем», - таъкид карданд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки навсозии Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки имрӯз ифтитоҳ гардид, идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад. Имрӯз дар кишвари мо зиёда аз се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд. Дар ин раванд, ба истифода додани Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангии кишварамон дар оғози соли нави аҷдодӣ мебошад.
Дар робита ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем. Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем.
Дар фароварди суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматқарини вилояти Суғд чун ҳарвақта аз уҳдаи ин корҳо ба хубӣ ва бо сарбаландӣ мебароянд. Баъди суханронии пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии фарҳангӣ оғоз гардид.
Чорабинии фарҳангӣ дар саҳни барҳавои Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор шуд, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  олимон, адибон, таърихшиносон, фаъолон, собиқадорон ва сокинони касбу кори гуногун, ки зиёда аз 6 ҳазор нафарро ташкил доданд, ширкат намуданд.
Барномаи фарҳангии театрикунонидашуда доир ба нақшу корнамоии поягузори давлати Сомониён - Исмоили Сомонӣ, қироати шеърҳо, панду андарзҳо, гуфторҳои бузургони илму адаб доир ба таърихи халқу миллат, шукӯҳу шуҳрати воло, саодату хушбахтӣ, инсондӯстӣ ва васфи корнамоиҳои ибратомӯзи фарзандони миллат аз эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди аҳли чорабинӣ гардид.
Барномаи фарҳангӣ аз 18 қисм иборат буда, дар он бо истифода аз созҳои мусиқӣ, навои дилнишин “Савти муноҷот” бо рақси гулдухтарони ансамблҳои “Чаманоро”, “Маҳастӣ”, “Фалак”, гурӯҳи рақсии Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, сурудҳои “Шаҳнавози Рӯдакӣ”, “Ватан”, “Тоҷикистон – сарзамини обҳост”, “Ман барои васл кардан омадам”, “Наврӯзатон муборак”, “Қалъаи нанг”, “Ватан дорем”, “Хуш омадед”, “Ҳавасҳои дилам”, “Сомониям”, “Бақои миллат”, “Эҳёгари миллат” ва ғайра, ки ҳар кадом мафҳуму маънии хоси миллӣ, васфу тараннуми Ватан, таърихи бою пурғановати халқи тоҷикро инъикос менамуданд, пешниҳоди тамошобинон гардид. Рафти иҷрои суруду таронаҳо, ҳамзамон, гулдухтарони ансамблҳои “Зебо” ва “Парниён”, “Маҳастӣ”, Ансамбли ба номи Ғаффор Валаматзода, “Гулноз”, “Садбарг” рақсу ҳунарнамоӣ намуданд. Дар чорабинии фарҳангӣ беш аз 2000 нафар ҳунарманди бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои рақсӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ карда, ба он шукӯҳу маънии бештар зам намуданд.
Барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бо шаклу услуби хосаи меъморию миллии асли қадима, суханронии пурмуҳтаво ва ҳидояту роҳнамоии ҳамагон ба ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тарғиби он ба ҷаҳониён, пос доштани хотираи неки ниёгон, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи нек ва баргузории чорабинии фарҳангӣ идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.
Баргузории чорабинии фарҳангӣ, ифтихори сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кулли мардуми Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи рӯзафзун ба арзишҳои миллию таърихӣ шаҳодати сулҳу суботи комил ва фазои ваҳдату осоиштагӣ дар диёр мебошад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарон, ҳунармандон барои дар сатҳи баланду пурмуҳтаво барпо намудани чорабинии фарҳангӣ  арзи сипос карданд.
Барномаи бошукӯҳи чорабинии фарҳангӣ дар Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо оташфаввораҳои рангин ҳусни анҷом ёфт.

Санаи нашр: 12.04.2024 №: 68
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив