ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 

Тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 

18 апрел 2024, Панҷшанбе
19
0


17-уми апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум, баргузор гашт. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосия як қатор созишномаҳои қарзӣ, грантӣ ва қолабӣ,  лоиҳаи қонунҳо «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор 
Дар доираи вохӯриҳои ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри  Вашингтон ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода  бо директори Хазина Кристалина Георгиева мулоқот намуд. 
Бонки миллӣ хабар додааст, ки роҳбари ҳайати расмии ҷумҳурӣ дар баробари иттилоъ оид ба нишондиҳандаҳои соли 2023 ва тамоюли мусбати рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, аз ҳамкории судманди Хазина ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.


Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои Саммити оянда 
17-уми апрел намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити оянда иштирок намуд. 
Тибқи иттилои Намояндагӣ, Ҷонибек Ҳикмат таъкид дошт, ки Саммити оянда бояд танҳо аз ҷузъиёти техникӣ иборат набошад, балки роҳнамоии сиёсиро бо ғояҳои дигаргунсози таъсири глобалӣ дар бар гирад. 


Ҳамкории Тоҷикистон бо UNCTAD 
Дар ҳошияи ҷаласаи 27-уми Комиссияи СММ оид ба илм ва технология барои рушд мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо бо котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд Ребека Гринспан баргузор гардид. 
Аз Агентӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро вобаста ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо UNCTAD дар самтҳои инноватсия ва рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар доираи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон то соли 2040 ва дигар самтҳои рушд мавриди баррасӣ қарор доданд.


Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн 
Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Бонн таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) мулоқот намуд.
Тавре дар Вазорат ба мо тавзеҳ доданд, роҳбари ҳайати Тоҷикистон оид ба маблағгузорӣ намудани «Барномаи маблағгузории занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Олмон изҳори сипос намуд.


Ҳузури занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 
Имрӯз дар доираи баррасии масъалаи «Мусоидат ба баробарии гендерӣ ҳамчун ҳадафи рушди устувор» дар шаҳри Душанбе мулоқоти занон – роҳбарони воҳидҳои сохтории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. 
Кумитаи кор бо занон ва оила иттилоъ додааст, ки таҳти роҳбарии раиси Кумита оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерии Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Гулнора Маруфова барои иштирок дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва анҷом додани мулоқот бо занони тоҷик ба Тоҷикистон омаданд.


Ҳамкории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмии Чин 
17-уми апрел дар мулоқоти президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони Институти Россия, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин густариши ҳамкории илмию гуманитарӣ баррасӣ гардид. 
Аз Академия ба мо хабар доданд, ки Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии АМИТ маълумоти муфассал дод. Иброз шуд, ки мулоқот барои ба низом даровардани муносибатҳо дар соҳаи илму техника замина мегардад.

Санаи нашр: 18.04.2024 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив