ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. БАРОИ ҶАЛБИ ЗИЁДИ САЙЁҲОН ЧӢ БОЯД КАРД?

ТОҶИКИСТОН. БАРОИ ҶАЛБИ ЗИЁДИ САЙЁҲОН ЧӢ БОЯД КАРД?

25 апрел 2024, Панҷшанбе
10
0
Ба шарофати раванди созандагӣ, солҳои охир ташрифи сайёҳон ба кишвар афзоиш ёфтааст. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти воридшавии бештари сайёҳон аз кишварҳои хориҷи наздик, тасмим гирифтааст, ки минбаъд барои ҷалби боз ҳам зиёди сайёҳон аз ин кишварҳо ҳамкориҳоро бо ҳамсоякишварҳо тақвият бахшад. 
 
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, танҳо соли 2023 шумораи воридшавии сайёҳон ба 1 миллиону 201 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба соли 2022-юм 201 ҳазор нафар ё 20,2 фоиз зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда  соли гузашта ба 96 фоизи нишондиҳандаи пешазпандемиявӣ баробар буда, ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ММД ба 3 фоиз расид. Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ба 90 фоиз баробар мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташрифи сайёҳон ба давлати мо аз 121 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шуда, шумораи аз ҳама бештари сайёҳон аз Ӯзбекистон бо 805,9 ҳазор сайёҳ ё 15 фоиз зиёд, Россия бо 262,4 ҳазор нафар сайёҳ ё 92,8 фоиз зиёд, Қазоқистон 31,5  ҳазор нафар ё 31,8 фоиз зиёд, Чин 13 ҳазор нафар, ё 490 фоиз зиёд ба назар расид. Инчунин, афзоиши сайёҳон аз Туркманистон, Олмон, ИМА, Эрон ва Афғонистон мушоҳида мешавад, ки ҳамчун тамоюли мусбат арзёбӣ мегардад. 
Тавре Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошта буд, ин нишондиҳандаҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии соҳа, аз ҷумла рушди босуръати сайёҳии кишвар,  нокифоя буда, масъалаи таъмини иҷрои талаботи стратегии соҳа дар самти густариши ҳамкориҳо, асосан бо кишварҳои ҳамсоя, ки манбаи боэътимоди сайёҳон ба кишвар мебошад, асоси фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳиро дар ояндаи наздик муайян мекунад.  
Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонда, чор лоиҳаи созишнома дар ҳолати омодагӣ қарор дорад. Дар маҷмуъ, 18 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Беларус, Қатар ва Созмони ҳамкории Шанхай, ба тасвиб расидааст. Созишномаҳои ҳамкорӣ барои ҷорӣ намудани муносибатҳои дутарафаи ҳамкорӣ бо ин ё он кишвар як платформаи ҳуқуқиро фароҳам меоранд. Бо Федератсияи Россия, аллакай, дар асоси созишномаи баимзорасида, харитаи роҳ ба имзо расидааст. Ҳамин гуна харитаи роҳ бо Ҷумҳурии Қазоқистон низ ба имзо расидааст ва бо дигар ҳамсоякишварҳо низ дар арафаи ба имзорасӣ аст, ки барои тақвияти ҳамкориҳо бо ҳамсоякишварҳо дар ояндаи наздик мусоидат менамояд. 
Моҳира Қодирова, дотсенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, иброз медорад, ки дар самти ҷалби сайёҳон аз кишварҳои дуру наздик айни замон ду ширкати сайёҳӣ «ДайДушки» ва «Амир тур» фаъолияти хуб бурда истодаанд, вале онҳо аз норасоии мутахассисон танқисӣ мекашанд. Ин ҷо боз сари ҳамон масъалаи норасоии кадрҳо меоем. Ҳафтод фоизи хатмкардагони мо ба хориҷи кишвар барои кору фаъолият мераванд. Аксарият ба Дубай ва Арабистони Саудӣ ҳамчун корманди ҳамин соҳа мераванд ё даъват мешаванд. 
Мушкилоти асосии афзоиш наёфтани гардишгаронро дар Тоҷикистон, ки иштирокчиёни бозор ҳанӯз пеш аз пандемия муайян карда буданд, ин  кам будани маълумот дар бораи Тоҷикистон дар дигар кишварҳо, нархи баланди парвозҳои ҳавопаймоӣ, бастаҳои хизматрасонӣ, инчунин, ҷараёни сайёҳии пурра ташаккулнаёфта ва санҷиданашуда, ки ба сайёҳон фаҳмо бошад. Мутаассифона, коршиносони бозор муқаррар менамоянд, ки қариб ҳамаи мушкилоти номбаршуда имрӯз ҳам ҷой доранд. Шояд ягона чизе, ки камтар беҳтар шудааст, ин васеъ шудани ҷуғрофияи парвозҳо ва мунтазамӣ бошад. 
Дар робита ба мавзуи матраҳ, Моҳира Қодирова мегӯяд, ки барои ҷалби сайёҳон аз кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама пешниҳоди хизматрасониҳои босифат лозим аст, вале барои ин дар кишвар мутахассис намерасад. Сифати хизматрасонии нуқтаҳои хизматрасонии хӯроки умум ба талабот ҷавобгӯ набуда, дилхоҳ нуқтаи хӯроктаъминкунӣ, албатта, ягон камбудӣ дорад. Сабаби ин, дониши кофӣ надоштани кормандони аксари нуқтаҳои хӯроктаъминкунӣ шуруъ аз тарабхона то нуқтаҳои тезтайёр мебошад. 
Харитаи минтақаҳои сайёҳӣ пурра омода нест, барои ин ҳам боз мутахассис надорем. Агар, дар умум гирем, 10 фоиз хизматрасонӣ хуб таъмин бошад, боқимонда 90 фоиз мутахассис нест. Агар як нафар дағалӣ кард, дигар хизматрасони хушмуомила ҳам ҳеҷ мешавад, зеро таассуроти манфӣ бардошта шуд. Бинобар ин, хуб мебуд, нафарони дар бахши хизматрасонӣ фаъолиятдоштаро аз курсҳои омӯзишӣ гузаронда, қоидаҳои одитарини муомилаву хизматрасониро омӯзонем. Ин ҳамааш аз набудани мутахассис аст. 
– Агар ба ошхона равед, агар даҳ хизматрасон дошта бошад, ҳамаашон ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд, – мегӯяд М. Қодирова. 
– Ин хел бояд набошад. Кормандонро онҳо бояд расман ба кор гирифта, фаъолияти онҳоро аз соати муайян то вақти ҷудошуда зери назорат гиранд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ин ҷо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи рушди сайёҳӣ  назорат баранд.  
Бо вуҷуди камбуду мушкилоти ҷойдошта, Тоҷикистон ҳанӯз аз ҷониби ҷаҳонгардон ҳамчун ҷавҳари кашфношуда эътироф шудааст ва зарфияту иқтидори сайёҳии мамлакат барои ҷалби сайёҳони зиёд аз кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳанӯз истифоданашуда боқӣ мемонад. Воридшавии шумораи муайяни сайёҳон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳоло Тоҷикистон имкониятҳои худро барои ҷалби бештари сайёҳон пурра истифода накардааст. Вобаста ба ин, коршиносон таъкид медоранд, ки танҳо маъракаи фаъоли тарғибу ташвиқи кишвар метавонад таваҷҷуҳи Тоҷикистонро дар кишварҳои ҳамсоя афзоиш диҳад. Оё ин гуна талошҳо амалӣ мешаванд ва Кумитаи рушди сайёҳӣ, воқеан, афзоиши гардиши сайёҳонро аз кишварҳои хориҷи наздик интизор аст, инро вақт нишон хоҳад дод. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 76-77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив