ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Одил Рено-Бассо 

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Одил Рено-Бассо 

02 май 2024, Панҷшанбе
5
0
1-уми май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо вохӯрд.
Таъкид шуд, ки давоми 30 соли ҳамкорӣ ҳаҷми маблағгузориҳои Бонк ба Тоҷикистон қариб ба як миллиард евро расидааст. Ҳоло бо маблағгузориҳои Бонк дар Тоҷикистон 17 лоиҳа дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтори хоҷагии манзилию коммуналӣ ба маблағи умумии 600 миллион доллар амалӣ мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
 
 
Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия 
30-юми апрели соли ҷорӣ бо дархости ҷониби Россия вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои худ аз Федератсияи Россия Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом дод. 
АМИТ “Ховар” хабар додааст, ки роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ вазъияти душвори шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россияро, ки дар натиҷаи чораҳои шадиди мақомоти ин кишвар ба миён омадааст, баррасӣ карданд. Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки чунин бархӯрди манфӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои муносибатҳои дуҷониба мувофиқат намекунад. Мусоҳибон дар мавриди зарурати нигоҳ доштани пойбандии тарафҳо ба принсипҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ якдилона ибрози назар намуданд.
 
 
 
Ба тасвиб расидани созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Разес Фарма» 
1-уми май таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор гашт. 
Тавре ба мо аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар он  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» ва созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҶДММ «Разес Фарма» оид ба сохтмон ва истифодаи маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
 
 
 
ТОҶИКИСТОН ВА МАҶОРИСТОН 
Имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ  дар соҳаи амният 
30-юми апрел вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Петер Сийярто мулоқот намуд. 
Аз Вазорат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо зимни суҳбат  мавзуъҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар фарҷом Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат бо ҷинояткорӣ ба имзо расид. 
 
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив