ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

ХАТЛОН.  ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

02 май 2024, Панҷшанбе
11
0


27-уми апрел дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид. Раиси вилоят зикр кард, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати   Пешвои   миллат буда, масъулин бояд сари вақт ба мушкили мардум расидагӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба насби пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмини об ба заминҳои кишоварзӣ, расондани ёрӣ барои тоза кардани селроҳа, ҷонноккунии амалишавии лоиҳаи таҷдиду азнавсозии пойгоҳу иншоотҳои мелиоративӣ ва дар навбати аввал анҷом додани корҳо дар мавзеъҳои хавфноку осебпазир, ҷиҳати гирифтани маблағи гранти раиси вилоят барои соҳибкорзанон, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, барқарор сохтани қитъаи садамавии Лойқасой, расондани ёрии молиявӣ барои табобат, ёрии моддӣ ҷиҳати таъмири манзили истиқоматӣ, андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати пешгирию бартарафкунии ҳолати садаманокии қитъаи шоҳроҳ, барқароркунии канализатсияи беморхонаи марказӣ дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон, раиси вилоят  бо роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон мулоқот кард.
Раиси вилоят оид ба таъмини иҷрои нақшаи андоз, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур ба масъулон дастуру супоришҳо дод.
Ӯ афзуд, ки мо бояд кӯшиш кунем, то мушкилоти мардумро дар сатҳи маҳал ҳал намоем ва ба оилаҳои ниёзманд ёрии ҳамешагии худро расонем. 
Ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, саҳми худро дар амнияти озуқаворӣ гузорем. Корҳои сабзу хуррамгардониро низ бояд хона ба хона амалӣ созем.
Таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳодисаҳои атроф, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба варзишу мусобиқаҳо, расидан ба арзи мардум вазифаи меҳварии ҳар як хизматчии давлатӣ ба шумор меравад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив