ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОҲИЛБАНДИИ ДАРЁИ ВАНҶОБ ДАР МАВЗЕИ ФУРУДГОҲ

СОҲИЛБАНДИИ ДАРЁИ ВАНҶОБ ДАР МАВЗЕИ ФУРУДГОҲ

02 май 2024, Панҷшанбе
9
0


Тибқи нақшаи  масъулини  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, то давраи обхезиҳои фасли тобистон дарёи Ванҷоб дар мавзеи фурудгоҳи  ноҳия  пурра соҳилбандӣ мегардад.  
Ин рӯдхонаи тезоб, ки аз оғӯши пиряхҳои Хирсон ва Кашолаях  ибтидо мегирад, аз охирҳои моҳи май то сентябр сероб буда, аз соҳилҳояш мебарояд. Ванҷоб ба мисли дарёҳои Хингову Хумбов, Язгуломиобу Ғунду Бартанг ва Шоҳдара яке аз калонтарин шохобҳои дарёи Панҷ ба шумор меравад. 
Солҳои охир дарёи Ванҷоб аз соҳили рости худ баромада, қариб чил фоизи майдони фурудгоҳро вайрон намудааст. Дар натиҷаи харобкориҳои рӯдхонаи пурталотум  хавфи аз байн рафтани фурудгоҳ ба амал омада буд. 
Ба гуфти сардори фурудгоҳи ноҳияи Ванҷ Ғайратшо Шоев, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳия ба масъулини Ҳукумати кишвар, Агентии авиатсияи граждании мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ  супориш доданд, ки соҳили Ванҷоб дар мавзеи фурудгоҳ соҳилбандӣ шавад. Тайи қариб шаш моҳ ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди “Зафар” ва “Аҳмадия” бо истифода аз чор техника ва 3 мошини худфарор ба соҳилбандии  дарёи Ванҷоб  машғул буданд. Онҳо тавонистанд, ки то оғози обхезиҳо канори шусташудаи рӯдхонаи Ванҷобро соҳилбандӣ карда, майдони фурудгоҳро бехавфу хатар гардонанд.                           

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,                                                            
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор

Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив