ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

04 май 2024, Шанбе
22
0


Мансабдори “заминфурӯш” дар толори суд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара И. Шафеиёнро баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристодааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, И. Шафеиён моҳи майи соли 2021 бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо истифода аз мақоми хизматӣ ба бовари шаҳрванд А.Б. ва чанд сокинони дигари шаҳри Исфара даромада, бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди маҳаллаҳои Сомониён ва Моҳпарии шаҳр барои сохтмони манзили истиқоматӣ  255 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар якчанд маврид 180 000 сомонияшро гирифтааст. Номбурда баъд аз гирифтани ин миқдор маблағ ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайян иҷро накарда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расондааст. 
Вобаста ба ин ҳолат, нисбати И. Шафеиён бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз якҳазору чорсаду шаст то дуҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулкро пешбинӣ менамояд.


Аспдуздон ба дасти милитсия афтоданд
Кормандони милитсия ду сокини ноҳияи Данғараро, ки аз онҳо мардони 42 ва 29-сола ном бурда мешавад, ба гумони дуздии 6 сар асп дастгир карданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумон меравад, ки онҳо шаби 5 ба 6-уми апрели соли ҷорӣ аспҳоро аз заминҳои ҳудуди деҳоти Лоҳури ноҳия дуздидаанд. Зарари расондашуда 40 ҳазор сомониро ташкил дода, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба қазияи хонахару хонафурӯш
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба марди 29-солае парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар мешавад.
Тавре сомонаи ВКД дар ин бора хабар дод, ин мард моҳи октябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба бовари зани 56-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 19 ҳазору 65-доллари ИМА (бо асъори миллӣ 194 ҳазору 81 сомонӣ)-ро гирифта, ваъда додааст, ки аз ширкати сохтмонӣ дар масоҳати 46-50 метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, вале то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст. 

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.05.2024 №: 83
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив