ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

17 май 2024, Ҷумъа
26
0
Нафси бад корманди комиссариати  ҳарбиро ба суд кашид  
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба А. Асомуддинов, сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии комиссариати ҳарбии ноҳияи Темурмаликро баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристодааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, номбурда моҳи августи соли 2023 барои мусоидат дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ (хизмати алтернативӣ) гузаштани хизмати ҳарбӣ аз як сокини ноҳия 12 000 сомонӣ талаб намуда, ин маблағро дар ду ҳолат гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба А. Асомуддинов бо моддаи 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳоло барои моҳиятан баррасӣ намудан дар дасти суд қарор дорад.
 
 
 
Боздошти марде, ки ба андозаи 40 000 сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ дуздид
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Бохтар марди 38-солаеро боздошт намуданд, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ, шахси гумонбар моҳи марти соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Хатлони шаҳри Бохтар шуда, аз он ҷо масолеҳи сохтмониро дуздидааст.
Зарари расондашуда 40 ҳазор сомониро ташкил дода, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.05.2024 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив