ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАДАФ ИНТИҚОЛИ ХУШУНАТУ ЗӮРОВАРӢ БА ДИГАР МИНТАҚАҲОСТ

ҲАДАФ ИНТИҚОЛИ ХУШУНАТУ ЗӮРОВАРӢ БА ДИГАР МИНТАҚАҲОСТ

19 июн 2024, Чоршанбе
39
0
Мутаассифона, дар ин чанд рӯзи пасин шуморе аз афроди ғофил, ба монанди Абдулқадир, ки ҳамеша аз дину мазҳаб суистифода мекунанд, ин бор низ ба ин амали худ даст зада, зидди арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти мардумони минтақа, аз ҷумла кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги мо – Тоҷикистон, суханони нодуруст гуфтанд. Дар моварои ин суханон ба ҳуқуқи занони Тоҷикистон ва пӯшиши онҳо, ки бар асоси арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва таърихии кишвари Тоҷикистон сурат мегирад, низ тохтаанд. Мо касоне ҳастем, ки ба арзишҳои миллӣ ва ҳувияти намояндагони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, эҳтиром мегузорем ва гуфтаҳои беасос ва муғризонаи Абдулқадир ва монанди инҳоро рад мекунем.
Ҳоло чанд мавридро ҳамчун мисол барои радди афкори Абдулқадир ва ҳаммаслакони ӯ меоварам. Воқеан, агар ин афрод ба омӯзаҳои динӣ, ҳуқуқи башар, арзиши инсонҳо эҳтиром доранд, чаро чанде пеш шуморе аз духтарон дар Кобул рабуда шуданд? Аз сарнавишти бархе аз онҳо ҳанӯз хабаре нест. Дидем, ки дар зиндонҳои ҳаракати “Толибон” таҷовузи ҷинсӣ сурат гирифт ва ҷасадҳои шуморе аз занҳо ба берун, ба дашту биёбонҳо партоб шуданд. Чаро Абдулқадир ва монанди ӯ аз ин вазъият интиқод накарданд? Се сол мешавад, ки омӯзиш ва шуғли занон мамнуъ аст. Дар кадом кишвари исломӣ ба ин тарз ҳуқуқҳои занон поймол шудааст?
Чаро аз ин масъалаи дардовар интиқод намекунанд? Ҳама шоҳид будему ҳастем, ки афроде аз Покистон дар шимоли Афғонистон ҷо ба ҷо мешавад. Хонаву замини афроди бумии шимоли Афғонистон, ки бештар тоҷикону ӯзбеконанд, ба ин касон ба зӯру иҷбор дода мешаванд. Чаро Абдулқадир аз ин ситами қавмӣ гап намезанад? Абдулқадир аз қавми ӯзбеки мо аст, мебинад, ки пеши чашмаш ин ситамҳо мераванд ва ҳаққу ҳуқуқи онҳо аз тарафи бегонаҳо поймол мешавад. Чаро барои ҳақталабии қавми худ барнамехезад?
Ба даъвати чунин афрод диққат бояд дод. Онҳо мехоҳанд хушунат, терроризм ва радикализмро фаротар аз Афғонистон ривоҷ диҳанд. Онҳо вобаста ба гурӯҳҳои террористӣ, истихборотӣ ҳастанд ва тибқи диктаи (барнома) онҳо сухан мегӯянд. Вагарна Абдулқадир ва мисли ӯ дар Афғонистон ҳуқуқи сухан гуфтан надоранд. 
Ҳамин Абдулқадир ба наздикӣ тавассути “Толибон” дар яке аз масҷидҳо боздошт шуда буд ва он замон, ҳатто, барои дифои худаш чизе гуфта натавонист ва муддатҳо сокит буд. Чун “Толибон”  гӯши ӯро тоб додааст, ки ба мавзуъҳои дохилӣ ва сиёсати онҳо кор нагирад. Инҳо ҷуръатеву ҷасорат надоранд, ки ба “Толибон” чизе гӯянд. 
Аз ин маълум мешавад, ки Абдулқадир суханони носазои худро бар асоси диктаи дигарон ва қасде гуфтааст. Ҳамин касон, аз ҷумла  Абдулқадир, дар давраи ҷумҳурият – аз ҳукумати қаблӣ ҳам, аз хориҷиён ҳам пул мегирифтанд, мувофиқи фармудаҳои он замон сухан мегуфтанд. Гоҳе таблиғи ҳукумати қаблӣ  ва замони дигар таблиғи хориҷиёнро ба ҷо меоварданд ва агар ҳам аз ягон тараф пул нарасид, бо суистифода аз эҳсоси мазҳабии ҷавонон хушунатро ба роҳ меандохтанд, то мавриди таваҷҷуҳи тарафҳои сармоягузор бошанду пулу пайсае ба даст оваранд.
Ба шумо мегӯям, ки зиндагии мардуми Афғонистон, бахусус ҷавонону занонро ҳамин гуна афрод хароб карданд. Онҳо аз дину мазҳаб мувофиқи салиқа ва манфиатҳои шахсии худ истифода намуданд. Имрӯз мардуми он сӯи Ому нон надорад, пӯшок надорад, осоиш надорад; чанд миллион мардум овораву фирорӣ ҳастанд. Пас, худатон бияндешед, ки ин касон чӣ мехоҳанд, чаро ба масъалаҳои ҳувиятии кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, дахолат мекунанд. Ин афрод нақша доранд, ки ҳамон бадбахтии хушунату зӯровариро, ки дар Афғонистон соя андохтааст, тавассути парокандани афкори ғаразнок ба қаламравҳои дигар интиқол диҳанд.
Яъқуби ЯСНО,
пажӯҳишгар, шоҳномашинос,
устоди вақти Донишгоҳи 
Берунии Афғонистон 
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив