ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ДОШТ

БМТ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ДОШТ

02 июл 2024, Сешанбе
9
0
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарият ва аҳли кормандон чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. 
 
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни суханронии худ аҳли нишастро бо ҷашни миллӣ табрик намуда, зикр кард, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад. 
– Имрӯзҳо аз имзои санади муҳими таърихи давлатдории нави миллии мо, яъне Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 баъди музокироти тулонӣ бо ташаббус ва саъю кӯшиши Пешвои муаззами миллат, бо мақсади ҳифзи як порчагии кишвар ва таъмини сулҳу суботи он сурат гирифт, бисту ҳафт сол сипарӣ мегардад. Воқеан, мо аз он шукргузорем, ки бо имзо шудани созишномаи сулҳ дар кишвари азизамон сулҳи комил фароҳам омад ва мардум баъди азобу кулфати даҳшатбори ҷанги таҳмилӣ дубора ба бунёдкорию созандагӣ шуруъ намуданд. 
Бо фаро расидани сулҳу оромӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшида, дастовардҳо ва иқтидори иқтисодию иҷтимоии худро рӯз ба рӯз афзун мегардонад. 
Ваҳдати миллӣ ва фазои ороми сулҳу субот дар кишвар аз ҳар кадоми мо талаб мекунад, ки ҳамқадами ҷомеаи муосир бошем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба омӯхтани илми муосир, яъне дастовардҳои илму техника ва технологияи нав, аз ҷумла татбиқи онҳо дар низоми бонкии мамлакат, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ташвиқу раҳнамоӣ созем. Нагузорем, ки ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҳамроҳ шаванд, ба фарҳангу одоби бегона кӯр-кӯрона тақлид намоянд, балки онҳоро дар руҳияи нигаҳдории расму анъанаҳои аҷдодии худ тарбия намоем, – иброз дошт Фирдавс Толибзода. 
Ӯ аҳли ҷамъомадро, инчунин, ба муносибати 33-солагии таъсиси Бонки миллии Тоҷикистон (бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-уми июни соли 1991 дар заминаи Идораи Бонки давлатии Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфтааст), табрику таҳният намуда, зикр кард, ки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат низ пас аз хотима ёфтани ҷанги дохилӣ ва ба даст омадани ваҳдати миллӣ, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва дар таҳкиму тақвияти ин низом раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд. 
Сипас, сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти БМТ Султон Ҳасан Баротзода аз нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлату давлатдорӣ сухан карда, иброз дошт, ки ба шарофати барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навини кишвар марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардид. Барқарор шудани сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки барномаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва дигар маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ, шуруъ ва роҳандозӣ гарданд. 
Фирдавс Толибзода аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳем ва, ба ин васила, дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
“СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОРО БА ИСЛОМОБОД БАРҚАРОР МЕНАМОЯД
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иҷрои парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Покистон шаҳри Исломобод оғоз менамояд. Интизор меравад, хатсайри мазкур барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар такони нав бахшида, дар таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди бахшҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Парвози нахустин 27-уми июни соли 2024 оғоз гардида, он ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе иҷро мегардад.
 
Вақти парвоз аз Душанбе 10:30, аз Исломобод - 13:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Он 2 соатро ташкил дода, мустақим тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иҷро мегардад.
Фурудгоҳи байналмилалии Беназир Бҳутто аз рӯи бузургиву имконот сеюмин фурудгоҳи Покистон маҳсуб меёбад ва аз фурудгоҳи Исломобод парвозҳои мустақим ба Амстердам, Бангкок, Барселона, Бирмингем, Копенгаген, Лондон, Манчестер, Милан, Осло, Париж, Пекин, Рум, Истанбул, Токио, Торонто, Абу-Дабӣ, Баҳрайн, Ҷидда, Доҳа, Дубай, Кобул, Кувайт, Маскат, Трабзон, Урумчи, Шарҷа, Риёз ва дигар шаҳрҳо амалӣ мешаванд.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 бо муваффақият фаъолият намуда, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст. Тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ аз афзалиятҳои асосии ширкат мебошанд ва дар айни замон «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 
 
ХАТЛОН.  МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САРМОЯГУЗОРОНИ ТУРКИЯ
26-уми июн  раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Экмен Ирфан, роҳбари ширкати “Ekmen Tarim” ва  Янур Озкан, роҳбари ширкати “KARTAL” мулоқот анҷом дод.
 
Зимни мулоқот ба муштаракоти фарҳангию равобити дерини дӯстонаи Тоҷикистону Туркия таъкид шуда, зикр гардид, ки ҳамкориҳо сол ба сол вусъат меёбанд. Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб ёфта, дар он наздики 70 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият дорад. Ҳиссаи вилоят дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 56 фоизро ташкил мекунад.  
Ширкати тухмипарварии Экмен Тарим, ки дар Текирдаг фаъолият мекунад, тухмиҳои гандум, ҷав, нахӯд, лӯбиё ва ғайра содирот менамояд. Экмен Тарим зикр кард, ки тухмиҳое, ки аз ҷониби ширкат истеҳсол мешаванд, пас аз таҳлил ва равандҳои зарурӣ бастабандӣ шуда, содирот мегарданд. 
– Ширкати мо яке аз ширкатҳои пешбари тухмипарварӣ дар Туркия буда, мо метавонем пас аз омӯзиши ҳамаҷониба тухмии мувофиқро барои минтақаи шумо тавлид намоем. Мо 1000 тонна тухмӣ ба Озарбойҷон содирот кардем, ба Ӯзбекистон ҳам дар ин самт ҳамкорӣ дорем, – афзуд Экмен Тарим.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди муосири иқтисодӣ дарёфти шарикони ҳамкор ва бозорҳои нав, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ хеле муҳим мебошад.
Инчунин, тарафҳо масоили рушди соҳаи кишоварзӣ, коркарди пахта, воридот ва содироти тухмиҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандӣ ва омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои дарозмуддат ва пурсамар дар тамоми самтҳои фаъолият, табодули таҷрибаи ҳамдигар нишон доданд.
 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
 
 
НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН. ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар маркази ноҳия бинои маркази хизматрасониро мавриди истифода қарор дод. Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шудааст.
 
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ошхона ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона барои 12 ҷой мавҷуд аст. Маблағи сохтмон 308 ҳазор сомониро ташкил дода, аз тарафи соҳибкор Гулмад Гулмадов, сокини  деҳоти Шӯроободи ноҳия, бунёд гардидааст. Бо ба истифода додани бинои мазкур 4 сокини  ноҳия ба ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад.
Раиси вилоят, инчунин, дар маркази ноҳия бинои ҳаммоми ҷамъиятиро, ки  аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт 20 нафарро қабул менамояд, мавриди истифода қарор дод.  Маблағи сохтмон, тибқи лоиҳа, 511 ҳазор сомониро ташкил дода, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷомиев Ҷаҳонгир маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳаммоми ҷамъиятӣ 3   сокини маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин   мешавад. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба корҳои сохтмонӣ дар иншооти хизматрасонӣ баҳои баланд дода, барои саҳм гузоштан дар ободии Ватан ба ҳамаи соҳибкорон изҳори миннатдорӣ намуд.
Зимнан, Давлаталӣ Саид дар ин ноҳия бо нашъунамои боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Бобои Шамс” шинос шуд. Масоҳати умумии  хоҷагӣ 1 гектарро ташкил намуда, дар он 2200 дона ниҳоли нок шинонда шудааст.
Хоҷагидор Мирмад Назаров дар байни қатори ниҳолҳо картошка,   помидор, зироатҳои полизӣ коштааст. 
Давлаталӣ Саид, ичунин, аз қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Қудрат Шамсов дидан намуда, самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигии шаҳрвандро ситоиш кард ва таъкид намуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузорад.
Раиси вилоят ба кишоварзону боғдорон ва масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия барои истифодаи самараноки ҳар порча замин дастуру тавсияҳои муфид дод.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 02.07.2024 №: 124
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив