ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ 

ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ 

05 июл 2024, Ҷумъа
18
0
4-уми июл дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. 
Роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба вазифаҳои  аввалиндараҷа вобаста ба такмили минбаъдаи фаъолияти Созмон бо мақсади таҳким ва амиқсозии ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар шароити нав табодули муфассали назар карда, масъалаҳои рӯзмарраи байналмилаливу минтақавӣ ва вазъиятро дар минтақаи   Созмон баррасӣ намуданд.    
Дар суханронии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро бо фарҷоми бомуваффақи раисӣ табрик гуфта, нақш ва аҳамияти СҲШ-ро ба ҳайси Созмони байниминтақавии сернуфуз, дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ ва паҳнои калони ҷуғрофӣ хотирнишон сохтанд. Таъкид шуд, ки Созмон бояд мақоми худро ҳамчун иштирокчии муносибатҳои байналмилалӣ тақвият диҳад ва ба ҷаҳони тағйирёбанда дар маҷрои тамоюлҳои кунунии рушди ҷаҳонӣ мутобиқ гардонад.        
Сарвари давлат хотирнишон сохтанд, ки бисту се сол муқаддам, замони таъсиси СҲШ, сарварони давлатҳо-асосгузорон диққати худро ба мушкилоти Осиёи Марказӣ нигаронда, минтақаи мазкурро ба ҳайси «меҳвари СҲШ» муқаррар намуданд. Вобаста ба ин, зарурати ҳузури фаъоли бештари Созмон дар Осиёи Марказӣ, ки солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи зиёди бозигарони хориҷӣ гардидааст, таъкид шуд. 
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои аъзо барои дастгирии ташаббуси кишвари мо оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе ба ҳайси ҷузъи таркибии Созмони такмилёфта, изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти пурмаҳсули ин сохтор шароити заруриро муҳайё месозад.   
Пешвои миллат бо қаноатмандӣ дар саммити СҲШ қабул гардидани нақшаи мураттабсохтаи Тоҷикистон оид ба чорабиниҳои татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 ва пешниҳоди дар доираи Созмон таъсис ёфтани механизми нави ҳамкорӣ дар соҳаи идораи зиддимонополиро хотирнишон намуданд.
Дар суханронии Сарвари давлат масъалаҳои амниятӣ мақоми махсусро доштанд. Пешвои миллат бехатариро асоси татбиқи ҳамаи ташаббусҳои созанда номида, таваҷҷуҳро ба зарурати идомаи тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, ҷалб карданд.  
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳарчи зудтар барқарор шудани сулҳ, оромӣ ва бехатарӣ дар Афғонистон ба манфиати умумии давлатҳои аъзои СҲШ мебошад. Пешвои миллат идомаи кӯшишҳоро оид ба расондани кумак ба халқи бародари афғон зарур донистанд.  
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи сарварони давлатҳо 24  ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Остона, ташаббуси СҲШ «Оид ба ҳамгироии ҷаҳонӣ барои сулҳи одилона, ризоият ва рушд», пешниҳоди Шурои вазирони корҳои хориҷӣ оид ба такмили фаъолияти СҲШ, анҷоми маросими қабули Ҷумҳурии Беларус ба узвияти СҲШ, Барномаи ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар муқовимат ба терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар давраи солҳои 2025-2027, Стратегияи зиддимухаддиротии СҲШ дар давраи солҳои 2024-2029 ва Стратегияи рушди ҳамкории энергетикии давлатҳои аъзои СҲШ то соли 2030, қабул шуд.
Санаи нашр: 05.07.2024 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив