ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТИРГОН. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР «БОҒИ ИРАМ» 

ТИРГОН. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР «БОҒИ ИРАМ» 

02 июл 2024, Сешанбе
19
0
 
Аз Вазорати кишоварзӣ маълумот доданд, ки 30-юми июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил гардид.
Дар ин рӯз кишоварзони мамлакат меваи тару тоза ва хушкшудаи олу, гелос, шафтолу, себ ва навъҳои ғалладонагӣ, зироати полизӣ, аз ҷумла тарбузу харбузаро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт ин маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас карданд. Олимони соҳаи кишоварзӣ дар ин ҷо дастовардҳои илмиашонро ба намоиш гузоштанд.
Дар Ҷашн муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори Вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон, меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Абдулло Раҳмонзода дар ифтитоҳи ҳамоиш гуфт, ки эҳёи Ҷашни Тиргон, ки ба об ва омодагии деҳқонон ба дарави ҳосили гандум иртибот дорад, ниҳоят муҳим буда, баҳри равнақ ёфтани соҳа мусоидат менамояд. Дар баробари гиромидошти ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон эҳёи Ҷашни Тиргон низ ба манфиати миллат мебошад. Тавре Пешвои миллат дар ин маврид таъкид намуданд: «Маросиму суннатҳои ин ҷашнҳои бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хоса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои руҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо, ниёишу ривоятҳо ва мусиқиву сурудҳое эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд».
Ҷашни Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, дар фасли тобистон, айёми расиши гандум ва ҷамъоварии он баргузор мегардид. Оид ба пайдоиш ва моҳияти Ҷашни Тиргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои гуногун оварда шудаанд. Дар аксари онҳо омадааст, ки ин Ҷашн дар рӯзи сездаҳуми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мегашт.  Агар Ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин, Меҳргон ба рӯшноию ҳаво, ҳосили зироат вобаста бошад, Ҷашни Тиргон ба об иртибот дошта, онро ҷашни расиши гандум ва ҷашни об гуфтан мумкин аст. Яъне, ҷашнҳои мавсимии кишоварзони тоҷик ба чор унсури ҳаётовар: – об, ҳаво, хок ва оташ иртибот дошта, асоси табиӣ доранд. 
Тавре аз Вазорати кишоварзӣ  иттилоъ доданд, то якуми июни соли равон дар ҷумҳурӣ 206 000 гектар боғу токзор бунёд гардидааст. Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли меваҳои тару тоза то аввали моҳи июн 28,4 ҳазор тоннаро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ҷумла, истеҳсоли зардолу 16 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143 тонна бештар мебошад.
Дар охир иштирокдорони фаъол бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3, инчунин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо сипосномаи Вазорати кишоварзӣ сарфароз шуданд.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.07.2024 №: 124
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив