ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОҒОЗИ ДАВРИ АСОСИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ 

ОҒОЗИ ДАВРИ АСОСИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ 

03 июл 2024, Чоршанбе
13
0
Даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда оғоз гардид. 
Маркази миллии тестӣ хабар додааст, ки барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардидаанд, ки дар онҳо беш аз 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода шудааст.
АМИТ "Ховар"
Санаи нашр: 03.07.2024 №: 125
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив