ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ. САБЗГАРДОНӢ АЗ МУҲИМТАРИН ОМИЛҲОИ ПЕШГИРИСТ

ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ. САБЗГАРДОНӢ АЗ МУҲИМТАРИН ОМИЛҲОИ ПЕШГИРИСТ

16 август 2024, Ҷумъа
12
0
 
Ҷангалҳо қариб сеяки сатҳи Заминро ташкил медиҳанд. Ин ҷангалзорҳо на танҳо майдони азими сабз, балки макони зисти аксари намудҳои ҳайвонот  ва воситаи пешбурди зиндагӣ барои тақрибан 1 миллиард нафар дар ҷаҳон мебошанд. Олимон иброз медоранд, ки ҷангалзорҳои солим дар коҳиш додани тағйирёбии иқлим нақши муҳим бозида, ҳамчун фурӯбарандаи гази карбон амал менамоянд ва ҳар сол миллиардҳо тонна CO2-ро аз худ мекунанд. Бо вуҷуди ин, онҳо бинобар худсарона буридани дарахтон ва таназзулёбӣ зери хатаранд. Мувофиқи арзёбии СММ, бо вуҷуди коҳиш ёфтани суръати буриши дарахтони ҷангалзорҳо, аз соли 1990 инҷониб беш аз 420 миллион гектар ҷангал аз байн рафтааст ва талафоти солона 10 миллион гектарро ташкил медиҳад.
 
ҲУКУМАТ ТАДБИРҲОИ ТАЪХИРНОПАЗИР МЕАНДЕШАД
Ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқарорсозии ҷангал, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар шароити тағйирёбии иқлим буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир меандешад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон  зимни  ироаи  Паём  ба  Маҷлиси  Олӣ  28-уми декабри соли 2023 бо изҳори нигаронӣ аз гармшавии ҳарорати сайёраву оқибатҳои манфии он, иброз доштанд, ки аҳли башар, аз ҷумла мо, маҷбур ҳастем, ки барои рафъи вазъият ва пешгирӣ аз харобшавии  минбаъдаи он, дар самти ниҳолшинониву кабудизоркунӣ тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем.
Ҳамзамон, тибқи дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 2024, таҳти рақами 374 қабул гардид. 
Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии тирамоҳи соли гузашта ва баҳори соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 3139504 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ва мевадиҳанда шинонда шудааст, ки 129 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин, бо мақсади ободу зебо гардондани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар гулу буттаҳо шинонда шуданд. 
 
БАРҚАРОРСОЗИИ ҶАНГАЛ – ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АСОСӢ 
Тавре гуфтем, барқарорсозии ҷангал омили муҳими беҳтар кардани вазъи экологии кишвар буда,  дар ин самт аз ҷониби сохторҳои дахлдор корҳои бунёду барқарорсозӣ ба таври густурда амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, ҷиҳати барқарорсозии ҷангалзорҳо, нигоҳдории ҳолати табиии муҳити сукунати олами ҳайвонот ва пешгирии таназзулёбии экосистемаҳои табиӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3264 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ, ҳамзамон, дар ниҳолхонаи резервати биосферии «Ромит» бо мақсади парвариши намудҳои гуногуни дарахтон 15000 навниҳоли ба иқлими маҳал мусоид шинонда шуд.  
Гузашта аз ин, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва зерсохторҳои он ин бунёду барқарорсозии ҷангалзорҳо маҳсуб ёфта, кормандони Агентӣ дар майдони 3290,7 гектар корҳои бунёду барқарорсозиро амалӣ намуданд.  
 
НИҲОЛПАРВАРӢ – ТАШАККУЛИ ТАБИАТИ ЗЕБО 
Боиси зикр аст, ки дар самти ниҳолпарварӣ 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, 1 минтақаи таҷрибавию истеҳсолӣ ва зиёда аз 40 ниҳолхонаи хурди назди Муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангал фаъолият менамояд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангал зиёда аз 45 намуди ниҳолу буттаҳо ба миқдори умумии зиёда аз 3 миллиону 15 ҳазор дона парвариш мешаванд. Сол ба сол зиёд намудани ниҳолҳои худӣ амри зарурӣ буда, барои васеъ кардани майдони ҷангалзорҳои навбунёд ва барқароркунии ҷангалзорҳои таназзулёфта мусоидат менамояд. Дар баробари ин, ба роҳ мондани парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, сояафкан, ороишӣ ва нодир яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, раванди босуръати корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободу сарсабз гардондани кишварамон ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бори дигар инро собит менамояд. 
 
КОРҲО ДАР САМТИ АМАЛИСОЗИИ ЛОИҲАҲОИ МУШТАРАК
Ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак корҳои муайян сомон дода мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» лоиҳаи «Бунёди ҷангал ва агроҷангал барои мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва афзоиши даромади мардум дар Тоҷикистон» бо Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея амалӣ  гардида истодааст, ки дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳои бунёд ва барқарорсозии ҷангалҳои саксаул, плантатсияҳои саноатии хуч, бунёди ниҳолхонаҳо дар муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали вилояти Суғд, ноҳияҳои Ашт ва Хуросон, инчунин, минтақаи ҷангалпарварии Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, Агентии хоҷагии ҷангал дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби маблағҳои грантӣ ва сармоягузориҳо ба рушди соҳаи ҷангал корҳоро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист лоиҳаи «Идоракунии устувори ландшафтҳо» амалӣ шуда истодааст, ки 9 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро фаро мегирад. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.08.2024 №: 157
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив