ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон 

Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон 

19 август 2024, Душанбе
6
0
Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 11 то 17-уми август, дар шаҳри Ботканди Қирғизистон, вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.  
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ додааст, ки дар доираи вохӯрӣ, ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд. Аз натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
 
 
Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Ҳамоиши сеюми "Садои ҷаҳони Ҷануб"
17-уми август вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи маҷозии вазирони корҳои хориҷии Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб” таҳти унвони “Таҳияи намунаи беназир барои ҷаҳони Ҷануб” иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар рафти нишаст иштирокчиён ба масоили мавриди таваҷҷуҳи умум, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, гузариш ба “иқтисоди сабз”, коҳиши камбизоатӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва занҷираи таъминоти трансмиллӣ таъкид намуданд. С. Муҳриддин зимни суханронии худ бо тамаркуз ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои Ҳукумати кишварро дар масоили об ва ҳифзи пиряхҳо  муаррифӣ кард.
 
 
Хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар мегардад 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз  5120 муассисаи тиббӣ фаъолият менамояд. 
Тавре вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иброз намуд, бо мақсади таъмини беҳтарсозии ҳолати инфрасохтори шабакаи муассисаҳои тандурустӣ дар 6 моҳи соли 2024 аз тамоми сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 34 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуда, 110 муассисаи тандурустӣ таъмир гардид. Инчунин, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорат ба якчанд муассисаҳои соҳа ба маблағи 112,99 миллион сомонӣ молҳои тиббию дору дастрас карда шуд. 
 
 
Рӯзи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷлил гардид
17-уми август дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо иштироки кормандон ва собиқадорон ҷамъомади идона баргузор шуд.
Котиби Шурои амният Насрулло Маҳмудзода Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорон расонда, иброз дошт, ки тайи се даҳсолаи сипаригардида Кумита тавонист таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро дар самти ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди мамлакат аз худ намуда, ба неруи қудратманди низомӣ табдил ёбад. Барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби устодони санъати тоҷик таҳия гардида буд, ба ҳозирон хеле писанд омад.
 
 
Прокуратураи генералӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки фирефтаи таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор нашаванд
Прокуратураи генералӣ ба маълумоти  шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва ширкатҳои гуногун ҳар гуна таблиғот (рекламаҳо) вобаста ба  таъмини  ҷойи кор дар давлатҳои хориҷӣ зиёд гардидаанд.
Тавре дар маркази матбуоти Прокуратура ба мо тавзеҳ доданд, ин таблиғот ягон асоси воқеӣ надошта, асосан барои мардумфиребӣ ва бо роҳҳои қаллобӣ аз худ намудани маблағҳои пулии шаҳрвандон истифода шуда, дорои пайомадҳои манфӣ, инчунин, боиси ба шаҳрвандон расондани зарари молу мулкӣ ба миқдори калон мегарданд.
 
 
Дар Қатар ифтитоҳи парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа баррасӣ шуд
Ифтитоҳи парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа зимни мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии Ширкати ҳавопаймоии хатсайрҳои қатарӣ (Qatar Airways Group) Бадр Муҳаммад ал-Мир баррасӣ шуд. 
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст, ки зимни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва истифодаи самараноки имконияти сайёҳии ду давлат низ муҳокима гардиданд.
 
 
Соҳибкорони Тоҷикистон бо технологияи коркарди меваи хушк дар Ӯзбекистон 
шинос гардиданд
Сафари омӯзишии ҳайати Тоҷикистон, ки аз намояндагони 13 корхонаи истеҳсол ва коркарди хушкмева ва ду ассотсиатсияи соҳавӣ иборат буд, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба анҷом расид. 
Зимни ин сафар соҳибкорон ва иттиҳодияҳои соҳавӣ бо таҷрибаи пешрафтаи ширкатҳои давлати ҳамсоя дар самти истеҳсол ва коркарди хушкмева шинос шуда, барои барқарор намудани робита ва густариши ҳамкорӣ имкон пайдо намуданд. Дар доираи сафар соҳибкорони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бо коркарди меваи хушк дар шаҳрҳои Фарғона ва Самарқанд шинос шуданд.
 
Санаи нашр: 19.08.2024 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив