ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕТРАНПАЖ

МЕТРАНПАЖ

17 сентябр 2024, Сешанбе
4
0
Албатта, барои онҳое, ки дар соҳаи полиграфия ва матбуот кор накардаанд, истилоҳи «метранпаж» ноошност. Ана ҳамин нозукии мафҳуми «метранпаж» - ба шунидан ваҳмангезу шубҳаовар, зеро маънояш торик, кас намедонад, чӣ вазифаест, ба Александр Вампилов, Нависандаи шинохтаи Иттиҳоди Шуравӣ, ҳаҷвнависи мумтоз, драматурги солҳои 70-уми асри ХХ, даст дод, ки комедияи «Латифаҳои деҳот»-ро эҷод намояд. Асари пурмоҷаро аз се пардаи мустақил иборат буда, яке «Метранпаж» унвон дошт. Ҷавоне аз шаҳр ба ноҳия меояд, дар меҳмонхона, чун анъана дар солҳои шуравӣ ҷой набуд. Дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои аз пойтахт дур меҳмонхонаҳо қариб набуданд ё бошанд ҳам, чи ҷойи тааҷҷуб, ҳуҷраҳои холӣ надоштанд. Ва ин ҷавон худро «ман, метранпаж»-гӯён муаррифӣ менамояд. Дар меҳмонхона даву ғеҷ оғоз меёбад, ҳеҷ кас, аз директор сар карда то фаррош намедонанд, ки «метранпаж» чӣ вазифаест ва ҳама ба тарсу ҳарос меафтанд, ки агар барои ӯ ҷой наёбанд, аз курсиҳои мансабӣ вожгун мешаванд. 
Ихтисоси Мирзоалӣ Юнусов ҳам метранпаж аст. Дар ин вазифа чоряк аср, яъне 25 сол, то оғоз гаштани саҳифабандии компутерӣ кор кардааст. Метранпаж саҳифабанди китоб, рӯзномаву маҷаллаҳо, гуфтан мумкин, коргари қатории соҳаи матбуоту полиграфия мебошад. Вақте ки соли 1976 Техникуми индустриалии шаҳри Душанберо хатм намуд, ба Матбааи рақами 1-и пойтахт барои кор  роҳхат доданд. Матбаа хеле муҳташам буд, тамоми рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва китобҳо дар ҳамин ҷой нашр мешуданд. Мирзоалиро бахт омад кард, ӯро саҳифабанди рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» таъин намуданд. Сармуҳаррири «Тоҷикистони советӣ» Ғоиб Назарович Қаландаров ҳар рӯз ба матбаа омада, рафти саҳифабандиро месанҷид, барои зебо оро ёфтани саҳифаҳо, дуруст интихоб намудани ҳарфҳои сарлавҳаҳо, истифода набурдани шипонҳо (тунукаи тунуки байни сатрҳо) дастурҳо медод. Вай Мирзоалиро дида хурсанд шуд.
– Ба  кор сар кардӣ, писарам, офарин, дирӯз номам Мирзо гуфта будӣ, ана имрӯз мақолаи устод Мирзо Турсунзодаро ба муносибати 100-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ мебандӣ. Бароят ин ифтихор аст. Нахустин шуда матлабҳои рӯзномаи навро шумоён, кормандони матбаа, мехонед. Аз ман ба ту як маслиҳат, бин, дар атрофат ҷавонони тоҷик кам. Ҳамкурсонатро ба кор биёр, бояд ҳуруфчинҳо, саҳифабандҳо, муҳаррирони техникӣ аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ зиёд бошанд, он гоҳ хатоиҳои имлоӣ камтар содир мешаванд. 
Ин маслиҳати сармуҳар-рирро ҳамчун супориш қабул намуда, Мирзоалӣ Юнусов тули солҳои фаъолияташ дар матбаа даҳҳо нафар хатмкардаҳои омӯзишгоҳҳои касбии техникиро ба кори матбаа овард. Дасти онҳоро ба кор рост кард. Акнун ӯро усто Мирзоалӣ меномиданд.
Солҳое, ки муовини котиби масъули «Тоҷикистони советӣ» будам, рӯз дар миён бо Мирзоалӣ, холаи Розаву акаи Кабир, ки ҳар ду тотор буданд, дар ду басти корӣ саҳифа мебастем. Дар солҳои шуравӣ матлабҳои таъҷилӣ аз Москва, аз ҳукумати марказӣ меомаданд, то онҳо ба тоҷикӣ тарҷума мешуданд, ки шаб аз нисф мегузашт. То замони барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ фаъолияти рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» вобастаи Москва буд. Аз ин рӯ, кор барои навбатдорони рӯзномаву чопхонаҳо дар ду баст ҷараён мегирифт, яъне то 16 соат ва гоҳе зиёда аз он идома меёфт.  
Дар коргоҳ, ки ғайритоҷикон зиёд буданд, ҳар кас шабона дар паси дастгоҳаш нишаста ғизое мехӯрд. Мирзоалӣ одати аҷиб дошт. Хабарнигорони навбатдорро бо нону кулча, шарбатҳои себу зардолуву шафтолу, ки барои кормандони матбаа медоданд, зиёфат мекард. Дастархонаш ҳамеша барои мо кушода буд.  
Баъди он ки аз соли 2000-ум рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба саҳифабандии компутерӣ гузашт, Мирзоалӣ Юнусов дар Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» то соли 2012 кор кард. Имрӯз дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» мудири хоҷагӣ ва масъули чоп мебошад. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 48 сол паси сар шудааст, аммо усто Мирзоалӣ ҳамон тавр сахӣ, дастархондор, дар кор пурҷӯшу хурӯш, боғайрат, пурмасъулият, дар оила падару бобои меҳрубон аст. Бо медали Хизмати шоиста, нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Грамотаи фахрии Президиуми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон, ифтихорномаву сипосномаҳои Шурои Вазирони СССР, Кумитаи марказии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон қадр шудааст. 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.09.2024 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив