ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ

БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ

09 феврал 2024, Ҷумъа
13
0


8-уми феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович!
Шуморо  дар  робита  ба  пирӯзии эътимодбахшатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон сидқан табрик мегӯям. Лутфан, таманниёти беҳтарини маро ба ин муносибат қабул фармоед. Интихоби дигарбораи Шумо ба ин маснади олии давлатии Озарбойҷони бародар боз як далели равшани боварии баланди ҷомеаи Озарбойҷон ба Шумо ва дастгирии васеи он аз роҳи стратегии Шумо мебошад, ки ба рушди пайвастаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ҳамзамон таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст. 
Зимни таъкиди саҳми назарраси шахсии Шумо дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Озарбойҷон, алоқамандии ҷониби моро ба рушди ҳамаҷонибаи минбаъдаи онҳо изҳор менамоям. Итминон дорам, ки мо дар оянда низ дар баробари пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ҷиҳати ғанӣ гардондани онҳо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ба нафъи мардумонамон саъю кӯшишҳои муштарак анҷом хоҳем дод.
Ба Шумо, Илҳом Ҳайдаровичи гиромӣ, сиҳатии бардавом ва дар татбиқи тамоми нақшаҳоятон комёбиҳои нави бузург, ба мардуми бародари Озарбойҷон сулҳу некуаҳволӣ ва шукуфоии пойдор орзумандам».

Санаи нашр: 08.02.2024 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив