ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР

МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР

12 март 2024, Сешанбе
132
0

9-уми март дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.

Сарвари давлат ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин, самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ карданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.
Ҳангоми мулоқот чанд тан аз зиёиён ва олимону ходимони дин нисбат ба ҳадафҳои арзишманди роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар, иҷрои ҳатмии қонуну муқаррароти ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андеша ронда, ҳамзамон, ба нигарониҳо ва талаботи хайрхоҳонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳамовозию пуштибонӣ карданд.

Санаи нашр: 11.03.2024 №: 47
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив