ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

27 феврал 2024, Сешанбе
154
0


Моддаи 1. Дар матни моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 июли соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2021, №7-10, мод.534; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2022, № 1888; с.2023, №4-6, мод.151) калимаи «сӣ» ба калимаҳои «чилу ду» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 5 январи соли 2024 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 феврали соли 2024, №2043


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. ВАТАНЗОДА   
ш. Душанбе, 19 феврали соли 2024, № 1229

Санаи нашр: 26.02.2024 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив