ҶАҲОН

09 декабр 2025, Сешанбе
6

Путин: «Русия тамоми саъйи худро барои таҳкими СААД равона хоҳад кард»
Мир24. Владимир Путин, Президенти Русия, аъзои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳданомаи амнияти дастаҷамъиро дар Кремл ба ҳузур пазируфт.
«Тамоми аъзои Созмон комилан тарафдори мустаҳкам намудани нуфуз ва нақши он дар корҳои байналмилалӣ мебошанд. Тавре маълум аст, соли оянда, Федератсияи Русия раёсати СААД-ро ба зимма мегирад. Мо, бешубҳа, тамоми корро барои мустаҳкам намудани Созмон анҷом медиҳем. Чунон, ки ман ба наздикӣ ба ҳамтоёнам – сарварони давлатҳо, гуфтам, кори мо, бешубҳа, идомаи корҳое хоҳад буд, ки дӯстони қирғизамон анҷом додаанд ва ин идомаи комил дар ҳамаи самтҳои ҳамкориҳоямон хоҳад буд”, – гуфт Владимир Путин.
Сарвари Русия таҳкими тавонмандии дифоӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар бахшҳои низомӣ ва низомию техникиро аз авлавиятҳои СААД унвон кард.


Ҷопон пас аз заминларзаи шадид аз сунами ҳушдор дод
Leneta.ru. 8-уми декабр дар Ҷопон заминларзаи шадид (7,6 дараҷа) ба амал омад, ки дар натиҷаи он аз сар задани сунами ҳушдор доданд.
Заминларза соати 23:15 ба вақти маҳаллӣ дар соҳили шарқии музофоти Аомори, воқеъ дар шимоли кишвар, рух дод. Ба гуфтаи манбаъ, маркази заминларза дар умқи 50 километр ҷойгир аст. Дар соҳилҳои шарқӣ ва шимолу шарқи Ҷопон ҳушдор аз сунами, ки баландиаш то се метр аст, эълон гардид. Пас аз чанд дақиқаи заминларза дар шимоли кишвар заминларзаи такрории шадид ба қайд гирифта шуд, ки аз ҷумла дар пойтахти мамлакат – шаҳри Токио эҳсос шуд.
Дар бораи хисорот ва талафот дар ҳоли ҳозир гузорише нест.


Аз Шартномаи ташкил намудани Иттиҳоди давлатҳои Русия ва Беларус 26 сол гузашт
Русия ва Беларус дар кадом бахшҳо ҳамкорӣ мекунанд?
Мир 24. Эътилофи Беларус ва Русия 26-сола шуд. 8-уми декабри соли 1999 президентҳои ҳар ду давлат Шартнома дар бораи ташкили Иттиҳоди давлатҳои Русия ва Беларусро имзо карданд.
Айни замон кишварҳо зиёда аз сад лоиҳаи муштарак доранд. Байни Беларус ва Русия сарҳади заминӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ вуҷуд надорад. Давлати иттиҳодӣ ба кооператсияи саноатӣ ва иваз намудани маҳсулоти воридотӣ аҳамияти калон дод. Ин равиш самарабахшии худро баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб собит кард. Онҳо ният доштанд, ки иқтисоди ҳар ду кишварро хароб созанд, аммо ин натиҷа надод. Иттиҳоди давлатҳои Русия ва Беларус ба ҷойи молҳои хориҷӣ, истеҳсолоти худро (cap аз хӯрокворӣ то саноати вазнин) ба роҳ монд.


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
CentralAsia (KZ). Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Акорда, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён рӯзҳои 10-11-уми декабр бо сафари расмӣ дар Остона қарор хоҳад дошт. Дар назар аст, ки зимни мулоқоти Масъуд Пизишкиён бо Қосим-Жомарт Токаев таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту логистика ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Lenta.ru. Рӯзномаи Süddeutsche Zeitung (SZ) бо такя ба вазири корҳои дохилӣ Александр Добриндт хабар дод, ки Олмон тасмим гирифтааст, қабули гурезаҳои навро қатъ намояд. "Олмон тибқи механизми нави ҳамбастагии аврупоӣ, ки барои коҳиш додани фишор ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тарҳрезӣ шудааст, паноҳҷӯёни изофиро қабул намекунад",– гуфта мешавад дар гузориш.


Масъули гӯша: Сайфулло АШУРОВ

Санаи нашр: 09.12.2025 №: 234