ЧИНОР. Ободонӣ аз иқдоми сокинон оғоз меёбад

23 ноябр 2026, Душанбе
2

Бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ сокинони деҳаи навбунёди Чинори деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ баҳри ободии деҳа саҳмгузорӣ намуда, дар даромадгоҳи деҳа дарвоза ва истгоҳи нави замонавӣ бунёд намуданд. Сарфи назар аз рӯзҳои боронии охир бо дилгармии беандоза аҳолӣ роҳҳои ҳудуди деҳаро тахту ҳамвор намуда, сангу шағал рехтанд. Инчунин, дар рафти ҳашари дастаҷамъона даҳҳо ниҳоли ҳамешасабз шинонданд. Аз ҳоло фарогирии ҷомеа ба корҳои ободонӣ барои таҷлили сазовори Ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз ёфтааст.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади таҳкиму густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа аз 2-юми октябри соли 2026 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. Дар асоси ин, кору пайкор андар рушди босуботи Тоҷикистон суръати дучанд гирифт.

Миралӣ ВОҲИДОВ,

омӯзгори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов

Санаи нашр: 20.11.2026 №: 226