“САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Аз 13 то 18-уми октябри соли 2026 дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки дар доираи Ҷашни бостонии Меҳргон баргузор гардида буд, ба кор ва муҳокимаҳои худ муваффақона нуқта гузошт. Ин ҳамоиши фарогир намояндагони беш аз 60 кишвари ҷаҳонро муттаҳид намуда, ба баррасии равандҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бахшида шуд.
Маросими ифтитоҳи расмии Форум 13-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид. Аз ҳамон лаҳзаҳои нахуст аён буд, ки барномаи Форум танҳо бо ҷаласаҳои назариявӣ маҳдуд нахоҳад шуд. Чорабиниҳои он шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд ва ноҳияҳои Дарвоз ва Данғараро фаро гирифта, ба иштирокдорон имкон доданд, ки бо имкониятҳои минтақаҳо аз наздик шинос шуда, робитаи сайёҳиро бо соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, маориф ва соҳибкорӣ мавриди арзёбии амалӣ қарор диҳанд.
Масъалаи сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ яке аз мавзуъҳои меҳварӣ ва аввалини нишастҳои Форум гардид. 14-уми октябр дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ ҳамчун омили рушди устувори Тоҷикистон: иқтидор, стандартҳо ва ҳамкории байналмилалӣ» баргузор шуд. Дар муҳокимаҳо таъкид гардид, ки мавҷудияти осоишгоҳҳо, чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои табиӣ танҳо як тарафи масъала буда, истифодаи пурраи ин имкониятҳо ба сифати хизматрасонӣ, риояи меъёрҳои касбӣ, инфрасохтори муносиб ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ вобастагии мустақим дорад. Дар ҳамин рӯз, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии «Аз захираҳои замину об то амнияти озуқаворӣ: рушди кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид. Мавзуи он робитаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро фаро гирифт. Идомаи ин андеша 15-уми октябр дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор инъикоси амалӣ ёфт, ки дар онҳо Симпозиуми байналмилалии илмию амалии «Кишоварзии устувор ва сайёҳии гастрономӣ: таҷрибаи Тоҷикистон ва ҷаҳон» доир гардид. Иштирокдорон зикр карданд, ки сайёҳии гастрономӣ имкон медиҳад то маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва анъанаҳои хоси минтақаҳо ҳамчун бахши ҷолиби пешниҳоди сайёҳӣ муаррифӣ шаванд. Дар ин замина, ҳамкории кишоварзон, соҳибкорон ва сохторҳои сайёҳӣ метавонад ба бозори маҳсулоти маҳаллӣ такони тоза бахшад.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Дарвоз Экспедитсияи илмию сайёҳии байналмилалӣ «Бадахшон: аз Дарвозаи тиллоӣ то Боми ҷаҳон» ва Конфронси байналмилалии илмию амалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор гардид. Дар Конфронс масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар рушди сайёҳии устувор, рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ ва мероси фарҳангию табиӣ, истифодаи харитаҳо ва платформаҳои рақамӣ, инчунин, татбиқи технологияҳои муосир, аз ҷумла GIS, Big Data ва IoT дар ҳифз ва муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои сайёҳии кӯҳистон мавриди баррасии амиқи коршиносон қарор гирифтанд.
16-уми октябр дар шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи Хатлон» баргузор гардида, имкониятҳои иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаро ба намоиш гузошт.
Дар баробари ин, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ дар байни донишҷӯён баргузор шуданд, ки ҷалби ҷавонон ба онҳо ба таҳкими робитаҳои илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии мутахассисони ояндаи соҳа мусоидат мекунад.
17-уми октябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Душанбе барномаи байналмилалии фарҳангиву сайёҳӣ дар доираи Ҷашни Меҳргон доир шуд. Истифодаи имкониятҳои чунин ҷашнҳо метавонад ба шинохти амиқтари фарҳанги миллӣ ва ҷалби меҳмонони хориҷӣ мусоидат намояд. Дар ҳамин рӯз дар шаҳри Хуҷанд Конфронс-намоишгоҳи байналмилалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид. Дар ин нишаст аҳамияти Қалъаи Хуҷанд ҳамчун мавзеи муҳими таърихиву сайёҳӣ таъкид гардид.
Дар муҳокимаҳои ҷамъбастӣ зарурати таҳияи тақвими ягонаи чорабиниҳои байналмилалӣ ва пешниҳоди бастаҳои муштараки сафар таъкид гардид. Дар маҷмуъ, Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» масъалаҳои соҳаро дар иртибот бо фарҳанг, маориф, экология, иқтисод ва кишоварзӣ фаро гирифт. Натиҷаи воқеии ин ҳамоиш акнун бо татбиқи пешниҳодҳо, ташаккули лоиҳаҳои муштарак ва идомаи ҳамкориҳои амалӣ муайян хоҳад шуд.
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”
