ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ИТТИЛОИЯ

ИТТИЛОИЯ

29 декабр 2023, Ҷумъа
17
0


27-уми декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.

Дар маҷлис, нахуст, дар бораи Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.
Таъкид рафт, ки ҳадафи асосии Стратегия идоракунии қарзи давлатии Тоҷикистон таъмини эҳтиёҷоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағгузорӣ тавассути ҷалби маблағҳои қарзӣ бо хароҷотҳои камтарин дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дараҷаи оқилонаи хавф, ташкил ва нигоҳдории бозори функсионалии коғазҳои қиматнок равонагардида мебошад.
Баъди баррасии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Стратегия тасдиқ шавад ва Вазорати молия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба амалисозии он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар маҷлис дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Сипас, аъзои Ҳукумати кишвар масъалаҳо дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адабиёти таълимӣ”-ро баррасӣ карданд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040, дар бораи Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029 ва дар бораи масъалаҳои банақшагирии воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои саривақтию босифати дастурҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари барномаву стратегияҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини тозагии экологии кӯчаю маҳалҳои зист, ҳифзи муҳити атроф ва ободонию сабзкорӣ дастур доданд. Супориш дода шуд, ки вақти ниҳолшинонӣ қад-қади шоҳроҳҳои автомобилгард аз ду тараф, бо ҷалби мутахассисони соҳа бо риояи тартиб ва технологияи парвариши ниҳолҳои ороишию сояафкан, сабзондани босифати дарахтонро таъмин намоянд.
Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани маъракаи зимистони солҳои 2023-2024, таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷамъбасти бобарори натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2023 дода шуд.

Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив