ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГУЛИСТОН. БУНЁДИ 6 КОРХОНАИ САНОАТӢ ДАР ЯК СОЛ

ГУЛИСТОН. БУНЁДИ 6 КОРХОНАИ САНОАТӢ ДАР ЯК СОЛ

17 май 2024, Ҷумъа
31
0
 
Соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.  Дар бунёду ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми соҳибкорону сармоягузорон бештар аст.


 
 
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, хабар дод, ки имрӯзҳо дар минтақаи саноатии шаҳр корҳои бозсозӣ дар корхонаи истеҳсоли масолеҳи металлии ҶДММ “Маҳмуд ва КО” бомаром идома доранд. Дар ин корхона арматура ва секунҷаю чоркунҷаҳои металлӣ, ки дар сохтмони иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна, масолеҳи асосӣ ба шумор мераванд, истеҳсол мешаванд. 
Зимни шиносоии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, барқарорсозии корхона бо маблағгузории соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 300 кас бо ҷойи кор таъмин мешавад ва, муҳимтар аз ҳама, вобастагии бозори дохилӣ аз масолеҳи воридотӣ коҳиш меёбад.
 
Гуфта шуд, ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёди корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқӣ ва лӯлаҳои полиэтиленӣ низ идома дорад. Дар корхона истеҳсоли беш аз 30 намуди ноқилҳои барқӣ ва лӯлаҳои полиэтилении шаклу андозаашон гуногун ба роҳ монда шуда, маҳсулоти он ивазкунандаи воридот мебошад. 
Дар ин ду коргоҳ корҳои сохтмонӣ дар ҳоли анҷомёбӣ буда, рӯзҳои наздик васлу насби хатҳои технологӣ шуруъ мегарданд.
Дар ҶДММ «Тиглат» дар ояндаи наздик истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ ба роҳ монда мешавад.  Бо ба фаъолият оғоз намудани ин коргоҳ 50 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешавад.
Таъкид гардид, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Дар заминаи дастгириҳои давлатӣ, соҳибкорон корхонаҳои нав бунёд намуда, барои амалӣ шудани ҳадафи чоруми  миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. 
Дар се моҳи аввали соли равон корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 767 миллиону 288,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот тавлид намуданд.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.05.2024 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив