ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ – ТБИЛИСИ. РОҲАНДОЗИИ НАХУСТИН ХАТСАЙР

ДУШАНБЕ – ТБИЛИСИ. РОҲАНДОЗИИ НАХУСТИН ХАТСАЙР

17 май 2024, Ҷумъа
14
0
 
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамбастагӣ бо ширкати FLY.TJ ифтитоҳи хатсайри мустақими Душанбе – Тбилисиро эълон медоранд. Бо роҳандозии ин хатсайр шаҳрвандони ҳар ду ҷониб имкон пайдо мекунанд, ки барои худ боз як кишвари зебову ҳамешасабзро кушода, бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ҳамдигар ошно шаванд. “Хатсайри Душанбе – Тбилиси бори аввал кушода мешавад ва мо аз барқарории пули ҳавоӣ миёни ду кишвар, ки бешубҳа мардумонашонро ба ҳам боз наздиктар хоҳад кард, шоду фараҳманд ҳастем. Итминон дорем, ки ин хатсайри мунтазам ба рушду таҳкими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Гурҷистон такони ҷиддӣ бахшида, ба мусофирон имкони анҷоми парвозҳои мустақимро байни пойтахтҳои ду давлат фароҳам меорад”, - иброз дошт Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр».
 Парвози нахустин аз Душанбе ба Тбилиси 22-юми май сурат мегирад ва минбаъд парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои чоршанбе тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 9:00, аз Тбилиси 12:40 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Барои гирифтани маълумоти бештар ва хариди бастаҳои сайёҳии самти Гурҷистон хоҳишмандон метавонанд тариқи телефонҳои 1133, +992 88 877-50-05 занг бизананд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Парки ширкат дорои ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 мебошад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 
 
“ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД”. БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ ҲУНАРМАНДОН
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе, ба муносибати қабул гардидани ҳунарҳои кирмакпарварӣ, абрешимбофӣ ва санъати кашидадӯзӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намуди санъату ҳунарҳои қадимаи миллӣ даври дуюми шаҳрии Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор шуд. 
 
Дар фестивал намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт ва ҳунармандону фаъолон иштирок карданд. Фестивал барои эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва ба насли оянда пешкаш намудану ба мерос мондани ҳунари аҷдодӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, дар оммавӣ гардондани усулҳои беҳтарини ҳунари кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ, кундалнигорӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, шинохт ва арҷгузорӣ ба заҳмати ҳунармандон ва аз ин тариқ муайян намудани ҳунармандони моҳир ва ҳавасманд гардондани онҳо дар даврҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад. 
Муовини раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмуҳаммадзода зикр намуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ва муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳон ҳунарҳои милливу мардумӣ аз сари нав эҳё гардиданд. 
Дар идома аз рӯи 9 номинатсия ғолибон муайян ва бо туҳфаҳо қадрдонӣ гаштанд.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДУШАНБЕ.  АВЛАВИЯТ БА ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ ҚАДИМИИ МИЛЛӢ
 
Дар пойтахти Ватани маҳбубамон– шаҳри Душанбе, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», ки бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ роҳандозӣ гардид, ҷамъбаст шуд. 
 
Ба даври ниҳоӣ зиёда аз 100 ҳунарманд аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳхат гирифтанд, ки дар ин чорабинӣ ҳунарҳои худро ба ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва меҳмонон муаррифӣ намуданд.
Фестивал дар се давр доир гашта, ҳунармандон аз рӯйи нуҳ номинатсия: маҳсулоти хӯрокворӣ, бофандагӣ, коркарди чарм, коркарди чӯб, маҳсулоти ғайриметаллӣ, заргарӣ, созҳои мусиқӣ, санъати нафиса ва ҳунарҳои кишоварзӣ маҳсулоти офаридаи худро пешниҳод карданд.
Аз рӯйи ҳар номинатсия ғолибон муайян ва бо мукофотҳои пулӣ, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3 сарфароз гардиданд.
Тавре зикр шуд,  соҳаи ҳунармандӣ дар мамлакат зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, сол ба сол рушд меёбад. Соли ҷорӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҳунармандони мамлакат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» ба тасвиб расид, ки тибқи он, давоми се сол 60 грант ба маблағи умумии 1,5 миллион сомонӣ таъсис ёфта, барои рушди фаъолияти ҳунармандӣ, омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ нигаронда шудаанд.
 
Лола  РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.05.2024 №: 92
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив