ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ИТТИЛОИЯ

ИТТИЛОИЯ

25 январ 2024, Панҷшанбе
26
0

 
24-уми январ дар бинои Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рўзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2023-юм муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2024-ум муайян шуданд.
Дар маҷлис, нахуст, ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2023-юм  шунида шуд.
Тавре зикр гашт, соли 2023-юм барои мардуми Тоҷикистон, бо вуҷуди мушкилиҳои ҷаҳони имрўза ва таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвари мо, соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Ба таъкиди Сарвазири мамлакат, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 130,8 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 8,3 расид. Сатҳи таваррум 3,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 0,4 банди фоизӣ кам мебошад.
Соли 2023-юм ба қисми даромади буҷети давлатӣ 43,2 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,5 миллиард сомонӣ беш аст.
Дар соли ҳисоботӣ дар кишвар 729 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид.
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил гаштан ба ҳадафҳо, соли 2023-юм 11 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа ба маблағи 15,8 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуд. Туфайли тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар соли ҳисоботӣ истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2022-юм 461 миллион кВт/соат афзуд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 63 миллиард сомонӣ расид.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд.
Соли 2023-юм ба кишвар ба маблағи 29,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гашт, ки нисбат ба соли 2022-юм 4,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ додашуда бештар гардида,  19 миллиард сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 19,9 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2022-юм 22,5 фоиз беш аст.
Татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 13 миллиард сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки  соҳа рушд ёбад ва дар натиҷа соли гузашта тавассути ҳама гуна нақлиёт 121 миллион тонна бор ва 899,3 миллион нафар мусофир кашонда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм мутаносибан 16,6 дарсад ва 9,8 фоиз зиёд мебошад.
Соли 2023-юм ҳаҷми гардиши савдо 56,1 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 13,4 фоиз беш аст. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2023-юм ба 21,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022-юм 14,1 фоиз зиёд мебошад.
Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият фароҳам оварданд, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2022-юм 13,9 фоиз афзояд.
Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки дар ин давра шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 717-то расид. Вобаста ба фарогирии бештари кўдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2 ҳазору 111 маркази инкишофи кўдак бо шумораи қариб 69 ҳазор кўдак таъсис ёфт.
Соли таҳсили 2023-2024-ум дар кишвар 3 ҳазору 991-то муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили қаблӣ 24-то зиёд мебошад.
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, соли гузашта аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 3,3  миллиард сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 26,9 фоиз беш аст.
Дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад. Дар соли ҳисоботӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо 230 ҳазор ҷойи кори нав ташкил гашт.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шуд.
Иттилоъ додаанд, ки дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кор, беҳтар намудани маъмурикунонии андозу хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба муқаррароти қонунгузории андоз, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохту густариши раванди рақамикунонӣ ва дигар тадбирҳои андешидашуда дар соли 2023-юм аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,8 миллиард сомонӣ ворид гашт, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 миллиарду 720,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 104,8%, вилояти Хатлон  105,1%, вилояти Суғд  104,5%, шаҳри Душанбе  104,8% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 100,9% иҷро шуд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруку андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баъди шунидани ҳисоботи роҳбарияти онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузарондани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Дар маҷлис Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷишӣ дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳисобот доданд.
Дастур дода шуд, ки мақомоти прокуратура, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд.
Дар идомаи маҷлис раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ҳисобот дод. Инчунин, доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати пулию қарзӣ раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода ва раиси Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”  Алиҷон Салимзода ҳисобот доданд.
Роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳомӣ дастур гирифтанд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузарондани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Баъдан, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир гузориш дод. Таъкид рафт, ки эълон гаштани Солҳои рушди саноат (2022-2026) барои амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор гузошт.
Соли 2023-юм корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо беш аз 4,8 ҳазор ҷойҳои нави кор мавриди истифода қарор гирифта, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 12 дарсад афзуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои навро ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тавассути ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода ва пешгирии раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, афзоиши истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда, зиёд намудани шумораи корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, бахусус дар самти коркарди меваю сабзавот ва таъмини фаъолияти муназзами корхонаҳои саноатӣ ва бо назардошти талаботи бозори дохилӣ ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ вазифадор намуданд.
Ба вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва роҳбарони ширкатҳои соҳа барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағи он аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо ва бунёди иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар маҷлис ҳисоботи вазири нақлиёт Азим Иброҳим оид ба натиҷаи корҳо дар соли 2023-юм шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Вазорати нақлиёт якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, истифодаи васеи нақлиёти барқӣ ва роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дастурҳои дигар ба Вазорати нақлиёт оид ба навсозии парки воситаҳои ҳаракаткунандаи роҳи оҳан, хариди вагонҳои замонавии мусофирбар, аз ҷумла боркаш  ва локомотивҳо, дода шуд.
Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ва директори Агентии хоҷагии ҷангал Абдуҷаббор Юсуфзода оид ба истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, рустанипарварӣ, коркарди саривақтии замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим, вазъи экологӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ҳисобот доданд.
Вобаста ба омодагӣ ба мавсими кишти баҳорӣ, хусусан, дар самти истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, бо назардошти вазъи камборишию хушкии имсола яхобмонии саривақтӣ, омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва гирифтани 3-4 ҳосил аз заминҳои корами обӣ, ниҳолшинонӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла тухмии зироатҳои ғалладонагии репродуксияи баланд, тухмиҳои ба иқлим мутобиқшуда ва парвариши навъҳои минтақабобгардидаи зироатҳои кишоварзӣ Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода ва раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳия ва нашри китобҳои босифати дарсӣ ва маводи таълимӣ, бунёди мактабҳои наву замонавӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бунёду навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, бо шуғл таъмин намудани мардум дар маҳалҳо ва рушди хунармандию косибӣ вазифадор шуданд. 
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ изҳор доштанд, ки соли 2023-юм аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва, дар ин замина, баланд бардоштани некуаҳволии сокинон, ба марҳалаи нави рушд ворид намудани пойтахт як қатор иқдомоти созанда амалӣ гашта, зиёда аз 41 ҳазор ҷойи нави кор ва тайи ду соли охир беш аз 83 ҳазор ҷойи нави корӣ  таъсис ёфт.
Бо татбиқи чорабиниҳои мақсаднок соли гузашта зиёда аз 6 ҳазор бону бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, беш аз 3 ҳазор нафари онҳо аз рўи ихтисосҳои гуногун курсҳои касбомўзиро хатм намуданд.
Ба таъкиди раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, рушди маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ, асосан, аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 121, савдо 112, хизматрасониҳои пулакӣ 120, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 107, боркашонӣ 116 ва мусофиркашонӣ 105 дарсад таъмин шуд.
Дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ вусъати тоза касб карда, дар корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 4,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид.
Сохтмон 12 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии шаҳрро ташкил намуда, порсол дар он беш аз 5 ҳазору 200 сокин бо ҷойи кори доимӣ ва 16 ҳазор бо ҷойи кории муваққатӣ ва маоши муносиб таъмин гаштанд.
Соли 2023-юм беш аз 550 ҳазор метри мураббаъ ва дар ҳафт соли охир 2,7 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки ин дастовард дар даврони соҳибистиқлолӣ бесобиқа буда, нисбат ба ҳафт соли пеш 2,1 миллион метри мураббаъ зиёд мебошад. Ҳоло дар доираи нақшаи генералии шаҳр бунёди зиёда аз 407 иншооту биноҳои таъиноти гуногун идома дорад. 
«Масъалаи беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим, сатҳи дониши хонандагон ва савияи касбии омўзгорон таҳти ғамхориву дастгирии доимии роҳбарияти шаҳр қарор доранд», – иброз доштанд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ.
Соли 2023-юм дар шаҳр 6 муассисаи таълимӣ барои 10 ҳазору 300 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 410 ҷой бунёд ёфт. Дар ҳафт соли охир 42 муассисаи таълимӣ бо 70 ҳазор ҷойи нишаст ва 22 муассисаи томактабӣ барои беш аз 3 ҳазор тарбиятгиранда эъмор гардид. Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 28 ҳазор ҷойи нишаст ва 55 муассисаи томактабӣ барои 10 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад. Соли 2024-ум ба истифода додани 5 муассисаи таълимӣ бо 6400 ҷойи нишаст дар як баст дар назар аст.
Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати густариши раванди омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии Солҳои рушди саноат (2022-2026), ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештарсозии ҳаҷми содироти онҳо, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охири маҷлиси васеи Ҳукумат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2023-юм ва вазифаҳо барои соли 2024-ум бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияву татбиқи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳо ва минтақаҳои  кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокдорон сухан ронданд.

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив