ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҲДАТ БАРОИ МО БО ИСТИҚЛОЛ БАРОБАР АСТ.  БАРДОШТ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ВАҲДАТ БАРОИ МО БО ИСТИҚЛОЛ БАРОБАР АСТ.  БАРДОШТ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

24 июн 2023, Шанбе
25
0
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюм баргузор шуд.
Дар ҷаласа Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Ғайбулло Авзалов, раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ, Гавҳар Шарофзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Маликшо Неъматзода, раиси Иттифоқҳои касабаи мустақил, Зафаршо Иброҳимзода, директори Осорхонаи миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
"Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ" аз мавзуъҳои асосии ҷаласаи мазкур буд.
Кароматулло Олимов, акдемик, узви шуро, дар суханронии хеш аз раванди расидан ба ваҳдати миллӣ ва қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкиму густариши сулҳу субот ёдоварӣ кард. 
Дар хусуси муқаддасоти олӣ будани ваҳдати миллӣ, зарурати таблиғу ташвиқи ғояҳои сулҳу субот ва масъалаҳои марбут ба он Шамсиддин Орумбекзода зикр кард: «Ваҳдати миллӣ барои халқи сарбаланди Тоҷикистон дар радифи Истиқлоли давлатӣ арзиши меҳварӣ ба шумор меравад».
Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон як қатор кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳоро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо сипосномаҳо қадр кард.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.06.2023 №: 130
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив