ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИФЗИ ВАҲДАТ ҲИФЗИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ АСТ

ҲИФЗИ ВАҲДАТ ҲИФЗИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ АСТ

05 июл 2023, Чоршанбе
30
0
Дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ва кормандони бонк бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Фирдавс Толибзода аҳли нишастро бахшида ба таҷлили яке аз ҷашнҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки, асосан, аз фарҳангу хиради азалии мардуми тоҷик ва раҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, имрӯз таҷассумгари иттиҳоду ягонагии ҳамаи сокинони мамлакат ва якпорчагии Тоҷикистони азиз мебошад.
Таъкид шуд, ки таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, бахусус бунёди пояҳои устувори давлатдории миллӣ, таъмини амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчунин, тақвияти иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ, рушди рӯзафзуни Тоҷикистони азиз маҳз ба туфайли фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.
Мо бояд имрӯз, пеш аз ҳама, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба қадру қимати истиқлол ва давлатдории мустақил расем, худро ҳамтақдири давлату миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ, соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ ифтихор намуда, ба нафъи халқу Ватан софдилонаву садоқатмандона меҳнат кунем.
Гуфта шуд, ки ваҳдати миллӣ ва фазои созгори сулҳу субот дар кишвар тақозо менамояд, ки ҳамаи мо дастаҷамъона саъю талош бикунем, то аз раванди босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо намонда, наслҳои имрӯзу ояндаро ба сӯйи тамаддуни муосир, яъне дастовардҳои илму фан, техникаву технологияи навтарин ҳидояту раҳнамоӣ созем. Ҳамчунин, дар ин замина, бо мақсади такмилу пешрафти низоми бонкдории мамлакат аз технологияи рақамӣ, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва дигар  воситаҳои иттилоотии замонавӣ самаранок истифода барем.
Дар рӯзгори пуртазодди муосир танҳо ваҳдату ҳамдилӣ ва кору заҳмати садоқатмандонаи мо, ҳамчунин, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумати мамлакат метавонанд кафил ва заминаи боэътимоди пешрафти кишвар, аз ҷумла низоми бонкии он, гарданд, – гуфт Фирдавс Толибзода.
Сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти бонк Султон Ҳасан Баротзода дар навбати худ зикр намуд, ки имрӯз давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ваҳдату иттифоқро  зербинои бунёди кохи муҳташами давлатдории миллӣ қарор дода, дар фазои солими сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилӣ нақшаҳои бузурги умумимиллиро тарҳрезӣ ва ҳадафҳои бузургу ояндасози давлатдории миллиро амалӣ менамоянд.
Бинобар ин, бо истифода аз шароит ва имконоти мусоид моро зарур аст, ки бо мақсади ҳифзу таҳкими давлатдории миллӣ имрӯз дар мамлакат зербинои устувори фардоро гузорем, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кадрҳои баландихтисоси ватандӯсту меҳанпарварро тарбия намоем, худшиносию худогоҳии миллиро тақвият бахшем, таҷрибаи мактаби бузурги давлатдорию ватанхоҳии ниёгонамонро дигарбора эҳё ва дар ниҳоди насли ҷавон зина ба зина ташаккул диҳем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст. 
Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки имрӯз бояд бештар кӯшиш намоем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми мо соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбуб дар доираҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.07.2023 №: 137
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив