ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГАР МОДАРИ МАН ЗИНДА МЕБУД…

АГАР МОДАРИ МАН ЗИНДА МЕБУД…

12 июл 2023, Чоршанбе
16
0
Аксари мо, аз сӣ нафар аз хонандагони мактаб – интернати №2 – и шаҳри Кӯлоб (он замон ба номи Абдуссалом Деҳотӣ), дуои модарро нагирифтаем. Мегирифтем, агар зинда мемонданд. Бармаҳал дунёро падруд гуфтанд. Нагузоштанд, ки хизматашонро бикунему эҳтиромашонро ба ҷо биёрем. Аммо модар модар аст. Ҳеҷ мумкин нест, ки пеш аз сафарашон аз ин дунё дар ҳаққи мо, барои мо дуо накарда бошанд. Ҳатман дуо кардаанд.
Аз он афсус мехӯрам, ки бо даргузашташон ҳеҷ гоҳ руҳашонро ором нагузоштаем. Дар хобҳои мо зуҳур мекарданд. Намедонистем, ки ин ҳама бар асари гиряву зорӣ ва андуҳу шабзиндадорӣ барои онҳост. Оре, ҳасад мебурдем, афсус мехӯрдем, ба онҳое, ки модар доштанд ва ба худ, ки аз навозишу меҳрубонияшон маҳрум гаштаем. 
Наметавонам, не, наметавонам, он ҳамаро аз пеши чашм дур кунам. Овозҳо ҳам гӯё ҳеҷ аз гӯшам дур шуданӣ нестанд.
Ана, модари Бобохон, духтари бобои Мирзохон, омадааст. Занест зебову ҷавон. Бачааш ҳам зебову дӯстдоштанист. Дилу гурдаи васеъ дорад. Мепурсидем, аз худ мепурсидем, ки ин ҳиммат, саховат аз куҷост. Ва посух меёфтем: албатта, аз модар 
Модараш ин бор ҳам бо ду халтаи пурбор омадааст. Медонад, ки мо гурусна нестем, аммо шодии диламонро, хандаи рӯву чашмонамонро мехоҳад бубинад. Ба фарзандаш амр медиҳад, ки онҳоро байни мо тақсим бикунад. Ӯ, фарзандаш ҳам, баробари мо ҳисса дорад, на кам, на зиёд. 
“Чи номи зебову нодир дорад модари Бобохон: Холиса, – мегӯем.”
Ҳеҷ кадоми мо аз меҳрубонии ӯ маҳрум намондаем. Ин зан дар дафтаре  имзо мегузорад, ки чанд нафари моро дар рӯзи истироҳат ба хонааш мебарад. Яъне, масъулияти бурдану сиҳату саломат оварданро ба дӯш мегирад. 
Хонаи Холиса хонаи меҳр аст, вафо аст, хонаи пур аз анвои хӯрданӣ аст ва ашёи гуногун барои бозӣ кардану дидан дорад.  Ӯ мехоҳад, ки лаҳзае ҳам бошад, ҳис накунем, ки модар надорем. Аммо куҷо?.. Баъди муддате аз дил мегузаронем ва дар пеши дигарон ҳам бо андуҳ мегӯем: “Агар модари ман зинда мебуд...”. 
– Эҳа, зуд ба Аъзам, Аъзами Асрор бирасонед, ҳадия бигирад, модараш омадааст. 
Аъзам зуд медавад, ба истиқболи модараш. Модараш ӯро дар оғӯш мегирад. Мо аз ин ҳасад ва рашк мебарему афсус мехӯрем. 
Модари Аъзам номи ҳамаи мо 30 нафарро медонад. Як – як аҳвол мепурсад ва ҳам аз хонишамон. Ӯ кулчаи зиёд пухтаву овардааст. Таъмаш, лаззаташ ҳеҷ аз даҳонамон намеравад. Дар оби хамир зардии тухм ҳамроҳ мекардааст. Кулчаҳои овардаашро мехӯрем, сипосгузорӣ мекунем ва қаҳрамони он рӯз Аъзамро бештар гиромӣ медорем, тавсиф мекунем, аммо мегӯем: “Агар модари ман зинда мебуд”. Мазмуни ҷумла дар ин маврид рӯшантар мерасад: яъне, агар зинда мебуд, мо ин некиҳоро ҷавоб мегардондем. 
Албатта, он рӯз бештар ба ёди модар меафтодем, пеши рӯяш меовардем ва шабонгоҳ сар дар зери кӯрпа карда мегиристем. 
Модари Сангаҳмад, занест зебо ва баландболо. Тоҷик нест, осетин аст. Ин ҳақиқатро дарнамеёфтем, агар худи Сангаҳмад намегуфт. Шавҳари тоҷикаш, ки мошини обкашӣ дорад, шароб нӯшида, дар ҳолати мастӣ, модарашро мезадаст. Маҷбур шуда, ки аз ӯ ҷудо гардад. Ба дидорбинии Сангаҳмад падараш ҳам меомад, аммо танҳо омадани модараш барои мо ҷашн буд. Ҳеҷ гоҳ дасти холӣ намеомад.  Шоколод меовард,  зиёди зиёд, то ба ҳама бирасад.
Муқим мисли мост. Симои модарашро дар ёд надорад. Давлати сараш фақат як момааш аст, ки 82 сол умр дорад. 
Ин пиразан вориди синфхона мешавад. Мо ба симои нуронии ӯ зеҳн мемонем. Аз худ бо тааҷҷуб мепурсем, ки барои чи омадааст. Чи хуб, ки ин суолро омӯзгорамон ба ӯ медиҳад. Пиразан посух мегӯяд: “Барои набераҳакам омадаам, як набераҳак дорам охир, ҳамин Муқим аст. Гелосук (галстуки пионерӣ)- ашро гум кардааст, мабодо барои ин ӯро бизанед”. Ҳама бо хушҳоли механдем. 
– Не, ин ҷо касе касеро намезанад. Як галстуки дигар, навашро ба ӯ медиҳем, – мегӯяд омӯзгорамон. 
– Ай чи хубе. Азоб кашида омадам, чи медонам охир. 
Модари Сайдаслам фаррош аст, дар ҳамин сағирхона. Ӯ ҳам номи ҳамаи моро медонад ва низ чӣ тавр хонданамонро. 
Аз Сайдаслам мепурсем: “Пойи модарат дард намекунад, шустани як ошёнаи мактаб, ки осон нест, хосса барои маъюб?”.
Ӯ посух надорад, агарчи дилаш ба модараш месӯзад.
Модари Сайдаслам танҳо модари мо – ҳамсинфони фарзандаш нест, модари 700 нафар хонанда мебошад. Як фарзандаш дар ҳамон рӯзгор оламро падруд мегӯяд. Мо гиряҳои пинҳонии ӯро медидем, ғамҳои бузургашро ҳис мекардем. Ва баъд ба якдигар мегуфтем: “Агар модари мо марги моро медид, чӣ мешуд? Магар мисли модари Сайдаслам мегирист, ғам мехӯрд, дилаш обу ҷигараш кабоб мегардид?” 
Мегуфтем ва баъд ин ҳамаро бо ҷумлаҳои ҳамешагӣ, муқаррарӣ ҷамъбаст менамудем: “Агар модари ман зинда мебуд...”. Агар зинда мебуд, ба яқин, мусибати модари ҳамсинфамонро намедидем. 
Медонам, медонам, ки ин навиштаро он ҳамсинфонам, ки имрӯз зиндаанд, мехонанд ва ҳатман эрод мегиранд. Эрод мегиранд, чаро аз модари Хиёлбӣ, Ҳӯронбӣ , Бозор, Алимуҳаммад ва дигарон ёд наовардам. Дар посухашон гуфта наметавонам, ки “мушт намунаи хирвор аст”. Аммо метавонам бигӯям: “Ҳама дар пеши назаред, ҳама дар пеши назаранд ва дар гӯшам пайваста садои худам, садои шумо бо он ғаму андуҳ ҳаст: “Агар модари ман зинда мебуд... ”.
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив