ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТЕППАИ ҚӮРҒОН НАВСОЗӢ МЕШАВАД

ТЕППАИ ҚӮРҒОН НАВСОЗӢ МЕШАВАД

12 июл 2023, Чоршанбе
10
0
Теппаи Қӯрғон, маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар, навсозӣ мешавад. Тибқи лоиҳа, дар он, ки масоҳаташ 2,5 гектар аст, амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта мешаванд. 
Таҷдиду навсозии теппаи Қӯрғон, ки муаррификунандаи минтақаи ҷануби мамлакат мебошад, боиси ба макони фароғату истироҳати сокинону меҳмонон табдил  шудани он гардида, бешубҳа ташрифи сайёҳонро ба ин мавзеъ бамаротиб меафзояд.  
Пайдоиши теппаи Қӯрғон ба асрҳои I-II милодӣ мансуб буда, дар он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асри XIX ва ибтидои садаи ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будаанд.
 
«БЕРУНӢ ВА ТАХТИ САНГИН – МОЯИ ИФТИХОРИ ТОҶИКОН»
Ба муносибати 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин ва 1050-солагии алломаи машриқзамин Абурайҳони Берунӣ, ки ба Феҳристи ҷашнвораҳои байналмилалии ЮНЕСКО шомил шудаанд, маҷмуаи «Берунӣ ва Тахти Сангин – мояи ифтихори тоҷикон» аз чоп баромад. 
Он аз ду фасл иборат буда, беҳтарин мақолаҳои донишмандони тоҷик, эҷодкорону муҳаққиқони шинохта гирд оварда шудааст, ки дар доираи озмунҳои эҷодии рӯзномаи «Хатлон» таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ - алломаи Машриқзамин» ва «Тахти Сангин - рамзи таърихи пурғановати тоҷик» рӯи чоп омадаанд.
Дар асари мазкур доир ба зиндагӣ ва осори шахсияти бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ, инчунин, шаҳраки Тахти Сангин ва дафинаи беҳамтои он маълумоти ҷолибу хонданӣ фароҳам омадааст.
 
СУЛҲУ СУБОТ ВА ДӮСТИЮ МУҲАББАТ.  МАВЗУИ АСОСИИ АСАРҲОИ МУСАВВИРОНИ НАВРАС
Эҷодиёти мусаввирони навраси Тоҷикистон, Россия Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва Туркманистон дар Намоиши II байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ба маъраз гузошта шуд.
Мавзуи асосии асарҳои наврасони эҷодкор дӯстию муҳаббат, сулҳу субот, ҳифзи муҳити зист,  ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, об ва масоили марбут ба он буда, ба ин восита, онҳо дидгоҳи худро нисбат ба ин масъалаҳо инъикос намуданд. 
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив