МОДАР

12 июл 2023, Чоршанбе
99
0
МОДАР, чу офтоби дурахшон ягонаӣ, 
Эй нурбахши зиндагиям, зеби хонаӣ. 
Аз аллаҳову ҷунбиши гаҳвораам ҳанӯз, 
Бо ҳар баҳона ёд кунам, бебаҳонаӣ. 
Дар лобалои меҳри ман, эй қиблаи умед, 
Меҳроби сарнавишт ба ҳар як таронаӣ. 
Бе васфи шеърҳои ҳама шоирони давр, 
То ҳаст осмону замин, ҷовидонаӣ. 
Дасти  қалам ба домани меҳрат намерасад, 
Эй шеъри ноб, марҳамати шоиронаӣ. 
Ҷамъи фариштагон, ки ҳама пайравони туст, 
МОДАР, ту лутфи ХОЛИҚУ аз ӯ нишонаӣ! 
АРМОНИ ДИЛ
Шабе, ки модарам меҳмони мо буд,
Ҳавои шаҳр бӯи деҳа мекард.
Замоне қиблагоҳам бистарӣ буд,
Дуову саҷда сӯи деҳа мекард.
Ба кунҷи хонаи беҳавлии ман
Фурӯ мерафт дар худ хомӯшона,
Нигоҳаш бар нигоҳи ман ҳамегуфт,
Чӣ гум кардам дар ин чорошёна?
Чӣ медонад, ки дар ин шаҳри обод
Насиби баччааш танҳо ҳамин аст,
Ки ҳар шаб то дами субҳи мусаффо
Дупояш канда аз рӯи замин аст.
Аё модар, ту медонӣ, ки ҳар шаб
Муаллақ менависам шеърҳоям.
Муаллақ мебарад хобам ба болин,
Муаллақ дасту по кӯбам ба ҷоям.
Аё модар, кассе сармоя дорад,
Ҳабибу ҳамнишини Офтоб аст,
Бубин, ки баччаи ангурчашмат
Ба зери сояи ангур хоб аст.
 
 
МОДАР
Ман, ки аз дардаш ба дунё омадам,
Бо ғаму дардаш зи дунё меравам.
               * * *
Аз кафи дастони дарё кафк мерезад
ба рӯйи тахтасанг,
Мерасад бар хотирам,
Модарам дасти хамиролударо
Медиҳад молиш ба рӯйи суфрааш.
 
 
МОДАР 
Олами меҳр бувад ояти шукри ту ба лаб, 
Беҳтарин сура ҳамон аллаи ту буд ба шаб. 
Умр дигар ҳама ғамдориву саргардонист, 
Ҳарчи аз домани тифлист, буд он базму тараб.
Дастсӯзии ман аз нони лаби чагдонат,
Тоқати дард биёмӯхт ба ҳар ларзаи таб. 
 
Пушти дарвоза ду чашмат ба раҳам шому саҳар, 
Вой бар шаҳрнишинии мани деҳасабаб. 
Пойкӯбии дилам чист? Ба болои сарам, 
Дорам, эй модари ҷон сояи меҳри ту талаб. 
Ҳар хатое, ки маро буд, ҳамон бахшидӣ,
Хешро, лек набахшидаам, о ваҳ ,ё Раб!
 
****
Хокистари ғам бошам бе хоки дарат,модар, 
Аз файзи дуо гардам нахли самарат,модар. 
Гаҳвораи хобам ку? Тифли ҳавасам бедор, 
Сар бар сари зонуят, қурбони сарат,модар 
Дунёи ҳунар гарчи сад фирқа фазо дорад, 
Парвози наку бингар аз болу парат, модар. 
Сероб намегардад наззораи рӯи ман, 
Меҳр аст барои дил чашмони тарат, модар. 
 
Гуфтӣ, ки ҳар он созӣ, як умр ҳамон бинӣ, 
Эй, садқа ба паймони имдодгарат, модар. 
Шоҳ аст зи лутфи ту фармони фарогират, 
З-ин тобу тавон гирад Давлат Сафарат, модар.
 
 
МОДАР
Ёдномаи Хайрулло Сафарзода
Модар зи роҳи чашми ту бар ман хумор монд,
З-оғӯши баркушода, ки бӯи баҳор монд.
Хун мешавад дилам чу ба ёдам, ки мерасӣ,
Дар даштҳои хотираам лолазор монд.
Шири сафеди туст, ки роҳам сафед шуд,
Рӯзи сиёҳи рафтани ту шоми тор шуд.
Гум мезанад дилам ба қадамҷои ту дигар,
Дар пои дил зи кӯчаи ғам неши хор монд.
Дар пушти дар нишастану чашминтизориҳо,
З-он рӯзҳои рафта шаби интизор монд.
Ҷурғоти халта дар табақу нони дастсӯз,
Сархони таҳнакарда чу нақшу нигор монд.
 
Дар ширмоли кулчаи рӯи ту сад гап аст,
Рози нагуфтаи ту ба хешу табор монд.
Як рубли докапечи ту дар сад хазина нест,
Файзе, ки дошти ба ҳама бешумор монд.
Аз рӯзгори рафта ба ҷуз ту надидаам,
Мерос аз ду чашми ту бар ман шарор монд.
Ташреҳи хобро ба варақ сад қалам задам,
Дар дафтарам калимаи шабзиндадор монд.
Раҳбар ту буди роҳи дарози маро ба умр,
Дар чорсӯи ҳодиса роҳам канор монд.
Хайрам ба гарди пои ту ҳаргиз намерасад,
Дар хотир ин катибаи санги мазор монд.
 
ДАВЛАТ САФАР
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив