ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАВҶИ ГАРМӢ ДАР ҶАҲОН. БАЛАНД ШУДАНИ ҲАРОРАТИ МИЁНАИ ЗАМИН ПАС АЗ 44 СОЛ

МАВҶИ ГАРМӢ ДАР ҶАҲОН. БАЛАНД ШУДАНИ ҲАРОРАТИ МИЁНАИ ЗАМИН ПАС АЗ 44 СОЛ

26 июл 2023, Чоршанбе
25
0
 
Илм собит намудааст, ки тағйирёбии иқлими сайёраи мо бори аввал нест, вале тағйирёбии кунунии иқлим, асосан, бинобар фаъолияти худи инсон ба миён омадааст ва оқибатҳои ҷиддии манфии он ҳам ба тамоми кишварҳо ва ҳам ба ҳар як сокини сайёраи мо таҳдид мекунанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Гармии ғайримуқаррарӣ дар ҷаҳон соли равон дар як қатор кишварҳо мушоҳида шуд. 4-уми июл баландтарин ҳарорати миёнаи сатҳи Замин пас аз соли 1979 қайд гардид, ки +17,18 дараҷа буд. 6 июл бошад, рекорди нав бо ҳарорати +17,23 дараҷа сабт гашт.
Ҳанӯз моҳи апрел дар Марокаш ва Алҷазоир ҳарорат дар баъзе минтақаҳо аз +40 дараҷа гузашт. 26 апрел моҳвораи “Sentinel-2” аввалин ҳолати пурра хушк шудани кӯли Фуэнте де Педраро аксбардорӣ намуд. Ҳамчунин, дар як қатор кишварҳои Осиё, аз ҷумла Бангладеш, Ҳиндустон, Чин, Лаос ва Тайланд ҳавои ғайримуқаррарии гарм ба қайд гирифта шудааст. 15 апрел дар Тайланд ҳарорати рекордии +45,4 дараҷа сабт шуда, ҳадди аққал 44 нафар ҷон дод. 
Мавҷи гармо дар Исроил аввали моҳи июн бо ҳарорати то +45°С, ҳамроҳ бо шамолҳои сахт боиси ҳодисаҳои сӯхтор ва қатъи барқ гардид. Дар иёлати Сонораи Мексика аз 12 то 25 июн бар асари мавҷи гармо, ки ба +50 дараҷа расид, беш аз 100 нафар ба ҳалокат расид.
Дар маҷмуъ, моҳи июни соли 2023 гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо буд. Дар қисмати шимолу ғарби Аврупо, Амрикои Шимолӣ, дар як қатор кишварҳои Осиё, шарқи  Австралия, Сибир ҳарорат ба +38°C расид, ки аз меъёри муқаррарӣ +15°С зиёд мебошад.
Гармии ҳаво моҳи июл идома ёфт. Аз 3 июл арзишҳои рекордии ҳарорати миёнаи ҳаво дар баландии 2 метр аз сатҳи Замин ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ҷониби системаи “Climate Reanalyzer” дар асоси маълумоти моҳвораии боду ҳаво ҳисоб карда шудааст. Рӯзи 6 июл ҳарорати ҳаво +17,23°С шуд, ки аз ҳадди ниҳоии ин рӯз дар соли 2016 ним дараҷа ва аз ҳисоби миёна +1,02 дараҷа баландтар аст. Яке аз сабабҳои баланд шудани ҳарорат зимистонҳои на он қадар сард дар баъзе минтақаҳои Антарктида, гармии шадид дар бисёр музофоти Чин ва ҷануби ИМА гуфта мешавад.
11 июл дар Екатеринбург, ки дар ҳошияи 56-уми арзи шимолӣ ҷойгир аст, бори аввал дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ (зиёда аз 187 сол) ҳарорати +40,0°С қайд шуд. 16 июл дар шимолу ғарби Чин ҳарорати рекордӣ +52,2°C сабт гардид. Дар Аврупо аз пайи як антисиклони африқоӣ дарҳол дигаре омад. Сӯхторҳои ҷангал дар ҷазираҳои Канария, ки тақрибан панҷ ҳазор гектарро ба коми оташ кашид, огоҳкунандаи мушкилоти эҳтимолӣ дар қитъа буд. Ҳазорон нафар аз ҷои зисташон кӯчонда шуданд. Ҳавосанҷҳо ҳушдор медиҳанд, ки Испания, Италия ва дигар кишварҳои ҷануби Аврупо метавонанд ба рекордҳои нави ҳарорати ҳаво дучор шаванд. Сабаб, антисиклонҳои «Сербер» ва «Харон» аз Африқо мебошад.
Эҳтимолияти мавҷҳои гармӣ пайдарпай меафзояд ва мубориза бо он душвортар мешавад. 18 июл дар тамоми ҳудуди Италия мавҷи гармӣ буд, ки расонаҳои маҳаллӣ онро "ҷаҳаннам" номиданд. Ҳаво дар ҷазираҳои Ситсилия ва Сардиния то +45 дараҷа гарм шуда, дар наздикии шаҳри Мазара-дел-Валлаи Ситсилия ва Уроси Сардиния то ба +46 дараҷа расид. Ин рақамҳо ба ҳисоби миёна 8-10 дараҷа баландтар аз ҳарорати миёнаи моҳи июлро ташкил медиҳанд. Рекорди ҳарорат дар Рим низ муқаррар шуд - сутуни симобии ҳароратсанҷ бори аввал ба +42,9 дараҷа расид. Ба гуфтаи ҳавосанҷон, гармои ғайримуқаррарӣ дар Италия то охири моҳи июл идома хоҳад ёфт.
Дар Тоҷикистон ҳарорати рекордӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале чанд сол боз дар тобистон чангу ғубор ба амал меоянд. Аз ҷумла, аз 17 июл ҳавои минтақаҳои ҷанубу марказии кишвар ғуборолуд шуда, то охири моҳ идома меёбад. Тавре аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд, моҳи август дар вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2° баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то +28 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ дар водиҳо тағйирёбии ҳарорати ҳаво то 41 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мегардад. Суғдро ҳарорати ҳаво дар моҳи оянда то +38 дараҷа, минтақаҳои кӯҳии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро то +34 дараҷа интизор аст.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив