ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАМФЛЕТ ВА РИСОЛАТИ ПУБЛИТСИСТ

ПАМФЛЕТ ВА РИСОЛАТИ ПУБЛИТСИСТ

01 август 2023, Сешанбе
37
0
Тайи чанд соли охир як зумра рӯзноманигорону публитсистони тоҷик навиштаҳои худро, ки дар жанрҳои гуногун таълиф кардаанд, дар шакли маҷмуаву китобҳои алоҳида ба нашр расонданд, ки аз аҳамияти ахлоқӣ ва бармало намудану гирифтани пеши роҳи камбудию норасоиҳои ҷомеаи кунунӣ бархӯрдор мебошанд. Дар ин радиф маҷмуаи памфлетҳои рӯзноманигор ва публитсисти соҳибзавқ Қурбон Шарифӣ бо номи “Занкалон”, воқеан, воқеаи хурсандибахш ва ҷолиб дар журналистикаи тоҷик ба шумор меравад.
“Занкалон” маҷмуаи савуми публитсист аст. Ба он шоир, рӯзноманигор ва нависандаи шинохта Абдулқодири Раҳим таҳти унвони “Рисолат” пешгуфтор навишта, дар хусуси маҳорату ҳунари нигорандагии Қурбон Шарифӣ ва моҳияту ҳадафи памфлетҳои ӯ, аз ҷумла зикр намудааст: “Муаллиф ин бор хостааст, он навиштаҳоеро, ки ба  жанри памфлет тааллуқпазиранд, дар шакли китоб дастраси ҳаводорону хонандагон бигардонад. Ният бисёр нек асту масъулият басо зиёд аст. Хушбахтона, ӯ  медонад ба чӣ иқдоме мураккаб рӯ овардааст. Памфлет аз жанрҳое  маҳсуб мешавад, ки замон мавқеи онро танг карда ва қариб ба ёди фаромӯшӣ супурдааст. Муаллиф бо ин китоби нави худ боз мехоҳад, бигӯяд, ки памфлет, агарчи барои таърих умри дароз  надорад,  бояд намирад, умри дароз бинад, густариш биёбад”. Маҷмуа аз навиштаҳои  “Хиёнат”, “Реаниматсия”, “Занкалон”, “Танзим, таассуб ва марг”, “Рахнаи ёдҳои ашковар”, “Мактаби журналистикаи тоҷик ниёз ба мутахассисони соҳавӣ дорад”, “Муҳоҷират ва тафаккури миллӣ” иборат буда, дар ин матолиб паҳлуҳои гуногуни мушкилоту мураккабиҳои ҳаёти аҳли ҷомеа тасвир ва азобу саргардониҳои одамон, ки омилони ин ташвишу изтиробҳои руҳии эшон мақомдорону масъулони ину он ниҳод мебошанд, зери интиқоди шадид қарор дода шудаанд. Сабку услуби нигориши муаллиф ҷолиб буда, вай аз руҷуъҳои лирикӣ, монолог, тасвири танзомезу бозарофати воқеаҳо, ки дарунмояи он воқеоту мушоҳидаҳои нозуки вижаи публитсистро дар бар гирифтаанд, истифода мекунад ва ҳунармандона. Қобилияти Қурбон Шарифӣ дар офаридани саҳнаҳои ногувору ба ҷомеаи кунунӣ батамом бегона, ки реша дар тамаллуқу чоплусӣ, баднафсию тамаъкорӣ, фасоду бенизомии иддае аз вазифадорон, табибону устодони макотиби олӣ ва хурофотпарастию таассуб дорад, бо инъикоси ҳаҷви ғолибан, муассиру танқидӣ, ки ин хислату атвори нохушояндро фошу ошкор месозад, зоҳир мегардад. 
Памфлети “Реаниматсия” ба памфлети  “Хиёнат” ҳамоҳангии ғоявию мантиқӣ дошта, воқеаи маъмуле, ки мо ҳамарӯза бо он дучор меоем, дар ғояти маҳорати воло тасвир ва бозтоби бадеӣ ёфтааст. Сухан дар бораи беинсофию муносибати дағали бархе аз табибону пизишкони бемористонҳо, аз ҷумла таваллудхонаҳо, меравад, ки беморонро ба азобу ташвишҳои зиёд гирифтор месозанд. Таваҷҷуҳ кунед, ба ин андешаю хулосаи қаҳрамони памфлет, ки хоҳарашро ба таваллудхонаи шаҳрӣ овардаву азобҳои сангинро аз сар гузарондааст: “Ҳар қадар аз ноҳия дур мешудам, ҳамон қадар пойи андешаҳоям дар ботлоқи бемористон меғӯтид. Аламам меомад. Аз тез-тез дору навиштани духтурон не, аз дастсафедкунию зиёфатдиҳӣ”.
“Занкалон”, ки унвони китоб аз ҳамин памфлет гирифта шудааст, муассиртарин ва дар зимн, ҳушдору таъкиди ҷиддиест ба ҷавонон ва навхонадорон, ки аз бемаърифатию ҷаҳолат бо арӯс – ҳамсари худ на танҳо муносибати хашину бемурувватона мекунанд, балки мисли Хуршед – қаҳрамони памфлети мазкур, ҳамсараш Хиромонро “ман занкалон нестам” гӯён мавриди зарбу лати шадид қарор медиҳанд ва дар натиҷа зан аз кӯдаки батнаш ҷудо мегардад...
“Хиромони аз гуфтааш пушаймон сарашро якбора хам карда, чашм ба замин дӯхт.
– Ба ту дар таги чодар гуфта будам, ки ман  занкалон не, агар гапам дуто  шавад, пушаймон мешавӣ, -  гуфтани шавҳарашро дар ёд дораду халос. Зеро, зарбаи сахти шалоқ ҳамон лаҳза  ӯро аз пой афтонд, аниқтараш дар ҷойи нишасташ ба пушт кард. Хиромон вақте ба ҳуш омад, ки шавҳараш бо рӯйкаши болишт лабу даҳони хунолуди ӯро тоза менамуд... Мадори хестан, ки надошт, каме нолиду ба хоб рафт”. Дар памфлети “Занкалон” рӯзноманигор беҳуқуқию ғуломи фармудаҳои  беҳисоби шавҳар будани аксари занони тоҷикро мавриди мазаммат қарор дода, кӯтоҳандешӣ, ҷабру ситам ва бемеҳрии мардони арбадаҷӯйро ба боди интиқод мекашад. Ҳаройина, оҳангҳои зарофат ва ришханди муаллиф ин навиштаҳоро обуранги бадеӣ мебахшанд. Дар памфлети “Танзим, таассуб ва марг” низ воқеаи талху дардомези замони мо, ташкил ва гузарондани маъракаҳои серхарҷ, ки ба сабқати сарватмандон аз рӯйи таъбири “санги ман – даҳ ман” табдил ёфтаанд, танқид карда мешавад. Қаҳрамони асосии памфлет – Раҳим мулаққаб ба “сварчик” дар ин гирдоби бало, ба  таънаву кинояи ҳамсараш тоб наоварда, роҳ сӯйи Россия мегирад. Азоб кашидаву ҷон коҳонда, мехоҳад пул ҷамъ карда, хостаҳои ҳамсарашро бароварда созад. Бахташ омад накарда, аз бинои баландошёна меафтад. Маъюб шуда, ба деҳа бармегардад. Аммо Руқия, зани пурҳарфаш, ӯро ба ҳолаш намегузорад. Ҳангоме ки ба тӯйи Диловари галабон ҳозир мешавад, тантанаю дабдабаи “арӯсбиёрону ҳақситонии тарафи арӯсро  дида, ба изтироб меафтад. Базми осмонкаф, садои  ҳофизону навою  мусиқӣ танинандоз, раққосаҳо бо  ҳазор нағмаю усул, ишваю ноз  мерақсанд. “Ман бо кадом  маблағ  чунин тӯйи бодабдаба мекарда бошам?” – гӯён ба сактаи дил (дуюм бор) гирифтор шуда,  рӯйи замин меафтад. Дар бемористон ба худ наомада, аз олам мегузарад. Ҳарчанд дар памфлет истифодаи калимаю таъбирҳои шевагӣ зиёд ба чашм расад ҳам, ҳадафу ғояи навишта  ибратомӯз мебошад. “Пас, моро аввалтар аз  иқдоме, ки дорем, танзими  ақлҳо мебояд. Танзими ақлу  фаросати зан ва модари тоҷик, зеро рушди ақл, озодии тафаккур шикасти таассуб аст ва ин шикаст метавонад миллатро аз бунбасти зеҳнӣ раҳо бахшад, ки  ин бахсус, дар замони ҷаҳонишавӣ ногузир аст...”.
Дар китоби публитсист Қурбон Шарифӣ, ҳамчунин, мақолаҳои “Мактаби журналистикаи тоҷик: он бояд чӣ гуна бошад?”, “Журналистикаи тоҷик ниёз ба мутахассисони соҳавӣ дорад” ва “Муҳоҷират ва тафаккури миллӣ” ҷой дода шудаанд, ки таҳлилию тадқиқӣ буда, дар баробари андешаҳои ҷолиби муаллиф, пешниҳодҳои ӯро низ дар бар гирифтаанд. Аз ҷумла, дар матлаби “Мактаби журналистикаи тоҷик: он бояд чӣ гуна бошад?” Қурбон Шарифӣ бо сабку услуби ба худ хос дар хусуси рисолату  масъулият ва нақши созандаю калидии журналистика  дар пешрафти давлату ҷамъият, ҷасорату иродати  рӯзноманигор дар дарёфти  камбудию норасоиҳо ва роҳу шеваҳои баёни онҳо, дар умум, ба сифати шоха ё рукни пешгоми ҷомеа эътироф гардидани соҳаи мазкур ба тафсил ибрози ақида намуда, зикр мекунад, ки ҳадафи  аввалиндараҷаи васоити ахбори омма ба мардум расондани ахбори дақиқ ва ҳақиқат мебошад. Муаллифи китоб перомуни рушду пешрафти журналистикаи тоҷик, фароҳам овардани шароиту имконот аз ҷониби Ҳукумату давлат баҳри таҳаввулу ташаккули васоити ахбори омма бо далоилу арқоми муътамад ҳарф зада, зимнан, аз мушкилоту монеаҳо дар ташаккули журналистикаи миллӣ ёдовар мешавад.
Пешниҳодҳои публитсист дар заминаи иқтибосҳо аз намояндагони илму адаб, бахусус устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, рӯзноманигорони шинохта, коршиносони масоили воситаҳои ахбори омма, муҳим,  саривақтӣ ва судманду муассир буда, дар самти таъсиси мактаби журналистикаи тоҷик (миллӣ) айни муддаост. Аз мутолиаи мақолаи зикршуда равшан ба мушоҳида мерасад, ки Қурбон Шарифӣ қаламкаши сермутолиа  буда, дониш андӯхта  ва тафаккуру ҷаҳонбинии фарох дорад. Вай аз донишмандону олимони гузаштаи тоҷик ва муосир суханони пурмоҳиятро доир ба рисолати суханвар ва инъикоси ҳақиқати зиндагӣ ҳамчун далели раднопазир меорад. (Аз ҷумла, аз асари Давлатшоҳи Самарқандӣ - “Тазкират-уш-шуаро", адиби намоёни рус Анатолий Рубинов, профессор, шодравон Абдусаттор Нуралиев...) 
Ҳамчун мисол, андешаи Сангин Гулов ин аст: “Пойгоҳи моддию техникӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯ то рафтан ба идораи ВАО ақаллан фаҳмиши аввалияро  соҳиб бошад. Нуқтаи назари муаллиф ба ин зайл аст: "Бале, таъмини робитаи зич миёни факултети журналистика ва идораҳои ВАО ногузир аст". Вақти он расидааст, ки мо, масъулони соҳа, якҷоя аз бетарафию хунукназарӣ нисбат ба ин мактабу шогирдонаш худдорӣ кунем.
...Имрӯз вақти он расидааст, ки соҳаи журналистикаи тоҷик таҷдиди назар шавад, зеро, дар шароити имрӯзаи давлати соҳибистиқлоли мо шиносоӣ бо журналистикаи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон, омӯхтани намунаҳои беҳтарини публитсистикаи онҳо аҳамиятнок аст”.
Мақолаи “Журналистикаи тоҷик ниёз ба мутахассисони соҳавӣ дорад” низ, фарогиру боҳадаф буда, дар он масъалаи муҳими журналистикаи тоҷик – мушкили норасоии рӯзноманигорони ҳирфаии соҳавӣ мавриди таҳлилу андешаҳои тозаи публитсист қарор гирифтаанд. Воқеан, муаллиф дар шарҳу тафсири истилоҳи “журналистикаи соҳавӣ” нуқтаи назари хоси худро баён дошта, тасниф ё тақсимбандии маъмулӣ (соҳаи матбуот ва радио-телевизион)-ро номукаммал ва яктарафа меҳисобад. Аз нигоҳи ӯ, журналистон (рӯзноманигорон) бояд ба зергурӯҳҳо ҷудо шуда, дар факултети рӯзноманигории ДМТ ба таълиму омӯзиш фаро гирифта шаванд, беҳтару судмандтар аст. Мутаассифона, дар тақвияти афкори Қурбон Шарифӣ, метавон зикр кард, ки тайи солҳои охир назорат аз рӯйи фаъолияти таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети журналистика нисбатан сусттар гардида, тарбия ва ба камол расондани рӯзноманигорони соҳавӣ қонеъкунанда нест. Ба андешаи  мо, рӯзноманигори соҳавӣ (дар мисоли соҳаи маориф) бояд аз муҳтавою ғоя ва аҳдофи тамоми ҳуҷҷату асноди маориф, стандартҳои давлатӣ, барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, ойинномаю низоми зинаҳои гуногуни таҳсилот, дар макотиби олию коллеҷҳо, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо огоҳии амиқ ва мукаммал дошта бошад. Ба ҷуз ин, вай бояд бо ҳаёти мактабу донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсею гимназияҳо ва устодону омӯзгорон аз  наздик шинос бошад. 
 Ба ин тариқ, публитсисти соҳибзавқ Қурбон Шарифӣ дар китоби “Занкалон” масоили умдаи замони муосирро мавриди бозтобу таҷассуми бадеӣ қарор дода, бо баёни мулоҳиза ва нуқтаи назари хоси хеш, ки он як навъ ҷамъбасту бардоштҳои муаллиф аз зуҳуроту равандҳои ногувори номатлуб, ки ба рушду таҳаввули ҷомеаи кунунӣ латма ворид мекунад, маҳсуб меёбад, моро ҳушдор медиҳад, ки дар бартараф кардани норасоию камбудиҳо саҳмгузор бошем.
 
Шодӣ РАҶАБЗОД,
барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив