ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

03 август 2023, Панҷшанбе
36
0
21,7 ГЕКТАР ЗАМИНИ НАЗДИМАКТАБӢ ҒАЙРИҚОНУНӢ ҒАСБ ШУДААСТ
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм, дар нишасти хабарӣ аз ғайриқонунӣ аз худ намудани заминҳои наздимактабӣ нигаронӣ намуда, гуфт: “Ман нафаронеро , ки як ваҷаб замини мактабро аз худ мекунанд  намебахшам, зеро соҳибкасбу дорои маълумот шудани ҳар як хонандаи  мо аз ин пораи замин вобаста аст.” 
Таъкид шуд, ки бо айби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 21,7 гектар замини наздимактабӣ ғайриқонунӣ ғасб шудааст.   
– То имрӯз 80 дарсади муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра бо сертификат таъминанд. Вазорат барои сертификаткунонии дигар муассисаҳо ва баргардондани заминҳои ғасбшуда талошҳои худро идома медиҳад, – гуфт Раҳим Саидзода
 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
СУЛАЙМОН ДАВЛАТЗОДА: “ВОИЗОН АЗ МАВЗУЪҲОИ НОЧИЗ ҲАНГОМА МЕКУНАНД”
 
Хабарнигори “Ҷумҳурият” дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни зиёд шудани наворҳои амри маъруфи воизони кишварҳои ҳамзабон, аз ҷумла Афғонистон ва Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ва таъсири манфии онҳо ба ҷомеа, савол дод ва раиси Кумита Сулаймон Давлатзода чунин посух гуфт: 
 
– Дуруст. Имрӯз дар фазои иттилоотӣ ин гуна наворҳо зиёданд. Тибқи таҳлилҳо, қишре, ки чунин сабтҳоро пайгирӣ мекунад, асосан, ҷавононанд ва онҳо донишу таҷрибаи кофии динӣ надоранд. Воизон барои ҷалби аудитория аз усулҳои ҷаззоб кор гирифта, аз мавзуъҳои ночиз ҳангома мекунанд. Мутаассифона, аксар шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ба ин гуна роликҳо рӯй меоранд. Нигаронкунанда он аст, ки ҷавонон танҳо ба услуби суханронии ҷалбкунандаи воизон таваҷҷуҳ намуда, муҳтавои каломи мубаллиғонро дарк намесозанд. Дар бисёр ҳолат ин сабаби сар задани нофаҳмӣ ва ихтилофҳо мешавад. 
Дар иртибот ба ин, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ дар сомонаҳои худ наворҳо пахш менамоянд. Ба хотири он ки домуллоҳои мо тавонанд аудиторияро дар даст нигоҳ доранд ва ба саволҳои шаҳрвандон посухҳои қоноатбахш диҳанд. Мо ҳар сол бо ҷалби коршиносон ду-се бор курси такмили ихтисос мегузаронем. Дар ин курсҳо роҳҳои муассири расондани мавзуъҳои динӣ ба мардум омӯзонда мешаванд, то боиси ихтилоф нагардад.
Иттилоъ доданд, ки давоми нимсола 419 ҳолати риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабт гардидааст. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
БЕШ АЗ 28000 ИНШООТИ ҶАШНӢ СОХТА МЕШАВАД
Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар беш аз 28000 иншооти ҷашнӣ сохта хоҳад шуд. Ин нукта дар нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.
Ба иттилои раиси Кумита Шарифҷон Ҷумъазода, аз ин шумора то 1 июли соли равон 5700 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. 
Зикр шуд, ки номи 4833 иншооти ҷуғрофӣ ба меъёрҳои фарҳангу забони тоҷикӣ созгор нест ва ҳамаи онҳо иваз хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи корӣ аз моҳи ноябри соли 2021-ум 12,5 ҳазор номи мавзеъҳои ҷуғрофиро омӯхта, ба хулосае омад, ки номи 4031 мавзеи ҷуғрофӣ ва 802 маҳали истиқоматӣ ба меъёри забони давлатӣ ҷавобгӯ нест. Ба наздикӣ дар вилояти Суғд номи 170 маҳал, дар Хатлон 342, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 238 ва дар ВМКБ 52 маҳал иваз мешавад.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ
 
 
 
ХИЗМАТИ ОБРАСОНӢ ДАР ҲАҶМИ 40,1 МИЛЛИОН СОМОНӢ 
Бо мақсади бо оби полизӣ таъмин намудани истифодабарандагони об дар мавсими обдиҳии соли ҷорӣ,  идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 548273 гектар бо 62540 истифодабарандаи об шартномаи тарафайн баста,  ба  онҳо дар   ҳаҷми 2,1 миллиард метри мукааб об расонданд, ки арзиши хизмат 40,1 миллион сомониро ташкил дод. 
Ин матлабро Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ иброз дошт.
Аз ҷониби истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи 28,9 миллион сомонӣ ё ин, ки ба андозаи 72 фоизи арзиши оби додашуда ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 420,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
– Қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи  истифодашуда   дар назди ҶСК «Барқи тоҷик» дар нимсолаи соли ҷорӣ 46,16 миллион  сомониро ташкил медиҳад, ки сабаби пайдоиш ва болоравии он паст будани тарифи ҳаққи хизмати обрасонӣ ва пайваста баланд гардидани тарифҳои неруи барқ мебошад, – иброз дошт Зафарбек Давлатзода.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
 
НУҚТАҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ WI-FI ҶОРӢ МЕШАВАНД
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати алоқаи барқӣ, мобилӣ ва интернет, ҳамчунин, паст кардани арзиши аслии хизматрасониҳои алоқа Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби зерсохторҳои Хадамот, роҳбарони ширкатҳои мобилӣ ва интернет-провайдерон ситоди доимоамалкунанда таъсис дода, сабаби ба амал омадани мушкилотро омӯхт ва муайян кард, ки  норасоии истгоҳҳои паҳнкунандаи мавҷи интернет яке аз омилҳои паст будани сифати алоқа ва интернет мебошад. 
Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа, иттилоъ дод, ки барои бартараф сохтани камбудиҳо давоми шаш моҳ аз ҷониби ширкатҳои алоқаи мобилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 443 истгоҳи базавӣ бо фарогири интернети дараҷаи 3G ва 4G насб гардиданд.
Номбурда изҳор дошт, ки ҳоло алоқаи интернети насли 2G дар тамоми ҷумҳурӣ фаъол буда, барои паҳн кардани интернети насли 5G ба ширкатҳои мобилӣ иҷозатнома дода шудааст. Ғайр аз ин, то охири соли равон дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ошхонаю тарабхонаҳо, фурӯшгоҳҳо ва боғу гулгаштҳо, интернети ноқилии WI-FI пурра ҷорӣ мегардад. Иқдоми мазкур аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ ва интернет - провайдерон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ” дар таҳрири нав роҳандозӣ шуда, хизматрасониҳои алоқаро боз ҳам беҳтар месозад.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
 
 
ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ
БА ТАЪХИР МОНДАНИ ПАРВОЗҲО ВА ДЕР ОМАДАНИ БАҒОҶ ҲАНӮЗ БА МУШОҲИДА МЕРАСАНД
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 991 ҳазор нафар мусофир хизмат расондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 260 ҳазор ё 30 дарсад зиёд мебошад. Дар ин хусус директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Дилшод Сафарзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, дар Фурудгоҳ дар маҷмуъ, 3395 парвози хатсайри ҳавоӣ анҷом дода шуда, аз ин 2792 адад хатсайри мунтазам аст. Тавассути ин хатсайрҳо миқдори умумии бор ва почтаи аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қабул ва интиқолгардида 1551,2 тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба шашмоҳаи якуми соли гузашта 589 тонна ё 61,2 дарсад зиёд аст. 
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо сабабҳои гуногун 42 ҳолати дер омадани бағоҷи мусофирон ба қайд гирифта шуда, ҳолати норасоӣ дар бағоҷ 16 адад ва осебёбии бағоҷи мусофирон 22 ададро ташкил медиҳад. 
Даромади Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 334,6 миллион сомонӣ, фоида 20,6 миллион сомонӣ буда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 18 миллиону 700 ҳазор сомонӣ андоз пардохт намудааст.
 
О. ГУЛБЕРДИЕВА 
 
 
 
ХАЙРУЛЛО НАЗАРЗОДА: “БА ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ҶАВОБГӮ ДУ ИХТИСОСИ НАВ БА РОҲ МОНДА ШУД”
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз муассисаҳои пешқадами таълимии соҳавӣ ба шумор рафта, барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ду ихтисоси нав: “Иқтисоди рақамӣ” ва “Муҳофизати системаи иттилоот”- ро ба роҳ монд.
Дар ин бора Хайруло Назарзода, ректори Донишгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Инчунин, табодули академии Донишгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, барои омӯхтани таҷрибаи пешқадам омӯзгорон ва донишҷӯён ҳамасола ба донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея, Амрико, Италия, Руминия, Лаҳистон фиристода мешаванд. 
 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
 
ДСРТ
АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ТО АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Файзулло Машраб, ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бо  ташаббуси Донишгоҳ ва дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бори аввал бо мақсади баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонони кишвар олимпиадаи миллии мактаббачагон баргузор шуд. 
Дар ин асос "Маркази тарғиби саводнокии молиявӣ ва амнияти молиявӣ" дар ДСРТ таъсис ёфта, шуруъ аз соли ҷорӣ маҷаллаи «Юридический вестник» ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшудаи  Комиссияи олии аттестатсионии кишвар ва Федератсияи Россия шомил гашт. 
Зикр гардид ки дар соли хониши 2022-2023 Донишгоҳ 16 шартномаи нав бо донишгоҳҳои  Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Чин ва Қазоқистон ба имзо расонд. 
Ҳамзамон, ректор оид ба тарғиби забон ва фарҳанги рус дар ҷумҳурӣ таваққуф намуда, аз таъсиси марказҳои забони русӣ дар чанд шаҳр, олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ ва “Рӯзҳои забони русӣ” ёдовар шуд.
Дар соли 2023 аз аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таълимии бакалаврӣ дар бахшҳои «Математика», «Физика», «Химия», «Биология» ва «Информатика» бомуваффақият гузаштани Донишгоҳ аз эътирофи сифати таълим дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА
 
 
 
 
ДАР ДТТ “БОНКИ НАМУНАВӢ” ИФТИТОҲ МЕГАРДАД
Илҳом Амонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардондан ва таъсиси озмоишгоҳҳо дар заминаи гуфтушунид бо Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Имон интернешнл” ва Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” соли таҳсили 2023 – 2024 озмоишгоҳи “Бонки намунавӣ” ифтитоҳ меёбад.
Инчунин, барои  таъсиси IT-парк дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав як қатор корҳо роҳандозӣ гардидаанд. Дар самти мустаҳкам намудани алоқа бо истеҳсолот ва фароҳам овардани шароит барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар ин нимсола 12 шартномаи ҳамкорӣ бо корхонаву муассисаҳо баста шуд. 
– Донишгоҳ бо 125 корхона, ташкилот ва муассиса ҳамкорӣ дорад. Дар ин замина моҳи май ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва тақсимоти хатмкунандагон бо ҷалби зиёда аз 40 корхона баргузор гардид, – афзуд  Илҳом Амонзода. 
 
Лола РИЗОӢ
Санаи нашр: 02.08.2023 №: 156
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив