ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАЗОРИ ШАМСИ ТАБРЕЗӢ 

МАЗОРИ ШАМСИ ТАБРЕЗӢ 

11 август 2023, Ҷумъа
340
0

Аз овоза то ҳақиқат

Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки шоҳкории инсоният маҳсуб шуда, ба қарибӣ, яъне 24 майи соли 2023, бо ташаббуси Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ба мо дӯст, бо қарори ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО ба сифати мероси мондагор расман ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, бо ном ва шахсияти Шамси Табрезӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Бояд таъкид кард, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) аз сари эътиқоду иродат аксари гуфтору ашъори худро садои дили Шамси Табрезӣ медонист ва дар  “Девони кабир” ба ин матлаб возеҳан ишора дорад:
Мафхари табрезиён Шамси ҳақи дин бигӯ,
Балки садои ту ҳаст ин ҳама гуфтори ман.
Бинобар ин, дар ин навишта дар робита ба овоза ва ҳақиқати мазори пиру устоди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – Мавлоно Шамсиддини Табрезӣ (Шамси Табрезӣ) дар Тоҷикистон ба ваҷҳи мухтасар ва бо чанд далел сухан хоҳад рафт.
Дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ мазори ободони бузургворе воқеъ аст, ки садсолаҳост мардуми ин мавзеъ ва деҳоти атрофи он ба Шамси Табрезӣ нисбат дода, бо эҳтиром мазори Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Сабзпӯши Табрезӣ ном мебаранд ва иродатмандон аз дуру наздик ба зиёрати он дару даргоҳи муқаддас меоянд.
Сездаҳ сол муқаддам, яъне 8 июли соли 2010, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин остони муқаддас ташриф оварда, дар робита ба шахсияти Шамси Табрезӣ ва бузургдошти ин боргоҳ суханронии пурмуҳтаво карданд.
Фишурдаи сафаҳоти рӯзгори Шамси Табрезӣ  дар оинаи тасвир чунин аст:
Соли 582-и ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1186-и милодӣ дар шаҳри Табрез таваллуд шудааст. Номи аслияш Муҳаммад, номи падараш Алӣ, номи бобояш Маликдод буда, Шамсиддин, Шамсулҳақ – лақаб ва Шамси Табрезӣ тахаллуси ӯст. 
Гуфтаанд, ки гузаштагонаш аз Хуросон буданд, ки барои тиҷорат ба Табрез омада, ин ҷо сукунат ихтиёр карданд. 
Шамси Табрезӣ пас аз таҳсили илм, касби камол ва сафарҳои зиёд рӯзи шанбеи 26 ҷумодиюлохири соли 642-и ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба 30 ноябри соли 1244-и милодӣ дар хони Шакаррезони (тибқи иттилои баъзе маъхазҳо дар хони Шакарфурӯшон ё Биринҷфурӯшон) шаҳри Қуния бо Мавлоно мулоқот кард. 
Ин мулоқот инқилоби руҳоние буд дар вуҷуди Мавлоно, ки ӯ онро таваллуди дубораи худ медонад.
Беэътиноии Мавлоно бо хешовандону муридон ва тарки мадраса кардани ӯ бар асари ин мулоқот сабаби бадгӯйии бадхоҳонаш шуд. Бино бар ин, Шамси Табрезӣ ба ҷуз тарки Қуния дигар чора надид. 
Пешвои муаззами миллат зимни суханронии худ дар таърихи 8 июли соли 2010 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ таъкид доштанд, ки “то ба имрӯз оромгоҳи Шамси Табрезӣ, ки мегӯянд ногаҳон аз Қуния ғайб зад, дақиқан муайян нашудааст. Дар Туркияву Эрон барои ин орифи бузург гӯрхона таъин кардаанд, ки мардум барои зиёрат ба ин шаҳрҳо мераванд. Мардуми ин водии кӯҳистони Тоҷикистон бошанд, гӯрхонаи Шамси Табрезиро ба ҳамин деҳаи Вешаб эҳтимол медиҳанд”. Ба назари мо, далелҳои зерин гувоҳи мавҷудияти мазори Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ мебошанд:
Далели якум. Пас аз таҳқиру озори зиёди бадхоҳон дар охири умр аз Қуния азми ватани аҷдодӣ, яъне Хуросону Фарорӯд кардани Шамси Табрезӣ, ки ӯро Мавлоно “ниме зи Туркистон, ниме зи Фарғона” донистааст ва дар кӯҳистони Самарқанд (Зарафшон) сукунат ихтиёр кардан ва дар ҳамин ҷо вафот намудани Шамси Табрезӣ аз эҳтимол дур нест. 
Далели дувум. Ба кӯҳистони Самарқанд ё водии Зарафшон рафтани Шамси Табрезӣ мумкин аст ба манзури зиёрати мазори Шайх Абулҳасани Харақонӣ иттифоқ афтода бошад, зеро мутобиқи баъзе ривоятҳо, мазори ин шайхро, ки Шамси Табрезӣ ба шахсияти ӯ эҳтироми фаровон дошт ва дар “Мақолоти Шамс” бузургии ӯ ёд шудааст, дар саргаҳи Зарафшон эҳтимол додаанд.
Абдураҳмони Мустаҷир низ дар сафарномаи худ – “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл” (1870) мазори ҳазрати Абумусоро, ки дар Деҳисор воқеъ аст, ба шайх Абулҳасани Харақонӣ нисбат дода, Абумусоро кунияи ҳамин Шайх Абулҳасани Харақонӣ тавзеҳ медиҳад.
Далели севум. Деҳаи Вешабро то охири умр маҳали сукунат қарор додани Шамси Табрезӣ шояд ба фаровонии обу гиёҳ дар ин мавзеъ ва файзосорию ҳавои нисбатан мусоиди он бастагӣ дорад. Пешвои миллат ҳам дар робита ба маънишиносии номи ин деҳа, ки аз ду вожа – “веш” ба маънии гиёҳ ва “аб”, яъне об таркиб ёфтааст, дар суханронии худ таъкид намуда буданд: “Номи ин деҳа дар катибаҳои маъруфи суғдӣ, ки солҳои сиюми асри гузашта, ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз қалъаи Муғ ба даст омаданд, дар ду шакл – “Вешаб” ва “Вешак” ба мушоҳида расида, ба фаровонии обу гиёҳ дар ин мавзеи файзбори кӯҳистон далолат мекунад”. 
Далели чорум. Мегӯянд, ки шахсиятҳои зиёди таърихӣ, аз ҷумла бунёдгузори давлати Темуриёни Ҳинд – Мирзо Бобур (1483-1530), шоҳи Афғонистон Абдураҳмонхон (1844-1901) ва дигар шахсиятҳои маъруф дар давраҳои мухталиф мазори Шамси Табрезии деҳаи Вешабро зиёрат карда, аз файзи раҳматаш бархурдор шудаанд. Дар ин бора миёни мардум ривоятҳои зиёд ва дар даромадгоҳи деҳа сангнавиштае бо дасти Мирзо Бобур мавҷуд аст. 
Далели панҷум. Амири Бухоро – Насруллоҳ Баҳодурхон (1806-1860) ба ин мазор таваҷҷуҳи хос доштааст. Ишораи  Абдураҳмони Мустаҷир дар “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл”, ки хонақоҳи болои он ҳазратро “бо фармони амир Насруллоҳ андохта буданд”, ба бузургвории шахсияти соҳиби гӯрхона пайванд мехӯрад. Ҳамчунин, шак нест, ки фармони амир Насруллоҳ дар хусуси бунёди хонақоҳ бо машварат ва савобдиди уламои Бухорои ҳамон рӯзгор, ки ба шахсияти соҳиби гӯрхона ошно буданд, содир  шудааст. Чунин шахсият бидуни тардид метавонад Шамси Табрезӣ бошад, зеро бо ин ном, яъне Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Табрезӣ дар таърихи адабу фарҳанги мо дигар шахсияти бузурги мавриди эътироф ба назар намерасад.  
Далели шашум. Дар хонақоҳи мазор аз рӯзгори пеш то ба ҳол китоби бузурге нигоҳдорӣ мешавад, ки мардуми одӣ ҳамин китобро таърихи он ҳазрат мепиндоранд. Вале дар асл ин китоб “Девони кабир” ё “Куллиёт” - и Шамси Табрезист. Дар хонақоҳи бузургвор то айёми Инқилоби Бухоро (1920) мардуми деҳа гирд омада, ҳамин китобро мехондаанд. 
Далели ҳафтум. Ҳар сари субҳ аз рӯзгори пешин то ба имрӯз дар масҷиди назди гӯрхонаи бузургвор пас аз намози бомдод аз тарафи намозгузорон “зарби шариф” адо мешавад, ки ба маҷлиси самоъ шабоҳат дорад. Дар “зарби шариф” ҳамчунин, оятҳои қуръонӣ ва порчаҳои шеърӣ қироат мешаванд. Ҳангоми адои он баъзеҳо, ҳатто, тобу тавон аз даст дода, бехуд мешаванд.
Далели ҳаштум. Мардуми деҳа ва деҳоти атроф маъмулан бузургвори Вешабро “авлиёи Вешаб” ё “подшоҳмарди (ба гунаи маҳаллӣ “поччомарди”) валӣ” мегӯянд ва дар рафъи мушкилот аз он ҳазрат мадад хоста, ҳангоми зарурат ба руҳи он бузургвор савганд мехӯранд. “Авлиё” дар забони арабӣ шакли ҷамъи шикастаи калимаи “валӣ” мебошад. Мавлоно ҳам Шамси Табрезиро “валӣ” ва гузашта аз ин, “фахри авлиё” ба қалам додааст:
Шамси Табрезӣ, ки фахри авлиёст,
Сини дандонҳош “Ёсин”-и ман аст.
Далели нуҳум. Пирони деҳаи Вешаб ҳангоми ба мусофирон дуои сафар додан “Шамсулҳақ мададгор шаванд”, мегӯянд, ки бегумон, ба Шамси Табрезӣ иртибот мегирад, зеро Шамсулҳақ лақаби дигари Шамси Табрезист ва Мавлоно дар ғазалиёти “Девони кабир” борҳо ӯро Шамсулҳақ ёд кардааст.    
Далели даҳум ва муҳимтар аз ҳама эътиқоди мардуми Вешаб ва дуоҳое, ки мардуми одӣ насл ба насл ҳангоми хатми қироати оёти қуръонӣ мехонанд: “... бахшидем ба руҳонияти ҳамин зоти поки бобаракот, пирам Мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Сабзпӯши Табрезии ҳоҷатбарор ва шогирдашон Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ..., шайх Аттори Валӣ...”.
Хуллас, чунонки ба мушоҳида мерасад, далелҳои ёдшуда то андозае бар воқеият доштани эътиқоди мардум дар хусуси ба Шамси Табрезӣ тааллуқ доштани мазори деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ гувоҳӣ медиҳанд. Вале дар ҳалли масъалаи мансубияти комили мазори Шамси Табрезӣ, бегумон, таҳқиқоти ҷиддии фарогири холисонаи илмӣ аз тарафи муҳаққиқони ватанию хориҷӣ нуқтаи анҷом хоҳад гузошт. 

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ

Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив