ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ. КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ИҚБОЛИ БАЛАНДИ НАСЛИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ИҚБОЛИ БАЛАНДИ НАСЛИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

26 сентябр 2023, Сешанбе
174
0

 
Истиқлоли давлатӣ ба ҷавонони кишвар имкони фарохе барои расидан ба ҳадафҳои созанда, илмомӯзӣ ва рушди неруи зеҳнӣ фароҳам сохт, ки дар ин радиф таъсиси Квотаи президентӣ дорои арзиши ҳаётӣ ба шумор меравад. Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва ҷалби духтарону писарони болаёқати деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмини минтақаҳо бо мутахассисони соҳибкасб ва ба низом даровардани раванди қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ равона шудааст. 

Ба хотири дастгирӣ ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳанӯз соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон, созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ зарурати таъсиси Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид карда буданд. Ин амр танҳо ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти кишварамон нигаронда шуда буд. Духтарон аз навоҳии дурдаст тариқи суҳбат ба донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат дохил мешуданд. 
Дар он айём касе тасаввур намекард, ки ин иқдоми Сарвари давлат таҳаввулоте дар зиндагии мардуми кишвар мегардад. То имрӯз 12 ҳазор духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо Квотаи президентӣ хатм кард.
Шуруъ аз соли таҳсили 2005-2006 дар баробари духтарон писарони болаёқат низ аз манотиқи дурдаст тариқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гаштанд. 
Амри собитшуда аст, ки дар замони муосир кишварҳо кӯшиш мекунанд, ки таваҷҷуҳи ҷавононро бештар ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва ихтироъкорӣ ҷалб намоянд, зеро асоси рушди иқтисоди миллӣ ба омодасозии мутахассисони ин самтҳо пайванд мехӯрад. Аз ин лиҳоз, яке аз ҳадафҳои Квотаи президентӣ тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Дар ҳамин замина, эълон гардидани солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф идомаи мантиқии ташаббусҳои созанда ва дурнигаронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд, зеро дар рӯзгори имрӯза аксари корҳо бо истифода аз технологияи пешрафта анҷом дода мешаванд. Ба қавле, ба ҷойи одамон зеҳни сунъӣ, ки бо он дастгоҳҳои пурқудрат – роботҳо, таҷҳизоти электронӣ офарида мешаванд, корро иҷро менамоянд. 
Вобаста ба ин, Маҳкам Ҷӯраев хатмкунандаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, ки ҳоло корманди НБО “Роғун” мебошад, иброз намуд: “Ман аз шумори касоне ҳастам, ки тибқи Квотаи президентӣ ба Донишгоҳ роҳ ёфтам. Ин ташаббуси ояндабинонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони болаёқат, ки мехоҳанд дар соҳаи техника ва технология таҳсил намуда, мутахассиси соҳа шаванд, имконияти беназир аст. Шодам, ки бо Квотаи президентӣ Донишгоҳро хатм карда, имрӯз дар иншооти аср – НБО “Роғун” фаъолият менамоям”.  
Яке аз гулдухтарони зодаи даврони истиқлол Ситорамоҳ Қурбонзода, ки тариқи Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино роҳ ёфта, онро бомуваффақият хатм намудааст, чунин иброз дошт: “Муҷиби ифтихор аст, ки бахт ба рӯям хандиду бо Квотаи президентӣ соҳиби маълумот ва касбу кор гардидам. Дар он солҳо барои оилаи мо шароит даст намедод, ки ман таҳсиламро дар риштаи тиббӣ идома диҳам. Ин ҳамаро аз баракати истиқлол ва меҳри падаронаи Пешвои миллат нисбат ба духтарони деҳот медонам”. 
Дар ҳамин ҳол, Ҳакимбек Самиев, муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и деҳаи Гулрези шаҳри Ваҳдат, доир ба масъалаи мазкур чунин иброз дошт: “Квота ин беҳтарин васила ва имтиёз барои хонандагони болаёқат ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошад. Пештар буданд ҳолатҳое, ки хонандагони ҳушёру бодониш аз рӯи надоштани шароит ва ё маблағи шартнома аз идомаи таҳсил даст мекашиданд. Аммо имрӯз ба шарофати ташаббуси ояндабинонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони болаёқати деҳоти дурдаст низ, шонси дохил шудан ба донишгоҳҳои олии кишварро пайдо намуданд, ки ин, воқеан, боиси таҳсин аст”. 
Бешак, рушди ҷомеа, пешрафти давлату миллат тавассути донишу заковат ва донишандӯзӣ таъмин мегардад. Бо дарки ин, Пешвои миллат маорифро соҳаи калидӣ унвон намудаанд. Дар партави ин ояндабинӣ ва таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф ва таъмини шаҳру навоҳии дурдасти мамлакат бо мутахассисони соҳибтаҷриба қабули довталабонро ба донишгоҳҳои олии мамлакат тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монданд, ки ин низ ғамхорӣ ва назари нек ба ояндаи давлату миллат маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам, Квотаи президентӣ имтиёзест ба ҷавонони деҳоти дурдаст, ки баҳри ташаккули неруи зеҳнӣ равона шудааст. Яъне, ин туҳфаест, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли даврони истиқлол. 

Шодмон АБДУРАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.09.2023 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив