ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»: 118 НАФАР СОҲИБИ ҶОИЗА ГАРДИД

«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»: 118 НАФАР СОҲИБИ ҶОИЗА ГАРДИД

09 октябр 2023, Душанбе
78
0


Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Боиси тазаккур аст, ки аз 508  довталаби даври ниҳоии озмун 118 нафар соҳиби мукофот гардид. Тибқи муқаррароти низомнома, 49 омӯзгоре, ки шогирдони худро (дар радабандии синнусолии аз 12 то 17-сола) аз даври якум то даври сеюми Озмун омода намуданд, бо мукофотпулӣ қадр шуданд.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки тибқи муқаррароти низомнома, иштирокчиёни фаъол  бо 2500, омӯзгорон 10 000, соҳибони ҷойи сеюм 15 000, ҷойи дуюм 25 000, ҷойи якум 35 000 ва барандагони «Шоҳҷоиза» бо 50 000 сомонӣ мушарраф гаштанд. 
Зимни ҷамъбаст ҳайати ҳакамон дар номинатсияи «Навозандагӣ» Фазлиддин Одинаев, номинатсияи «Сарояндагӣ» Хусрав Ҳабибов, номинатсияи «Композиторӣ» Манучеҳр Бурҳонов, номинатсияи «Санъати тасвирӣ» Муҳаммадҷон Ҳикматзода ва номинатсияи «Дизайн» Наргис Саидоваро лоиқи «Шоҳҷоиза» донистанд.
Дар маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳо Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазир, Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо ва аҳли фарҳанг иштирок намуданд.
Тавре Матлубахон Сатториён иброз намуд, соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Бо итминон метавон иброз намуд, ки Озмун давоми солҳои 2019-2022 ҳунармандони асилро аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ба ҳам оварда, истеъдодҳои зиёдеро дар фазои фарҳангии мамлакат кашф намуд. 
Тазаккур дода шуд, ки имсол бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо тасдиқи Низомнома ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ ба тасвиб расида, номинатсияҳои «Санъати тасвирӣ» ва «Дизайн» бори аввал ворид шуданд. 
Ёдовар мешавем, ки даври якуми Озмун аз 10 май то 16 июни соли 2023 дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома ёфт.
Дар даври якуми Озмун 4442 довталаб ширкат варзида, аз он 2078 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли  равон теъдоди довталабон дар Озмун нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1068 нафар афзудааст. Даври дуюм аз 18 то 25-уми август давом кард. Дар он 1955 довталаб иштирок намуда, 508 нафараш ба даври сеюм роҳхат гирифт.

Лола РИЗОӢ, Меҳрона ЗУВАЙДОВА, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 09.10.2023 №: 200
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив